Дастовардҳои назаррас

Ғолибон қадрдонӣ шуданд

№158-159 (3143-3144) 19.12.2013

Мактабиёни ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар тӯли соле, ки сипарӣ мегардад, бо иштирокашон дар олимпиадаи байналмилалии  фосилавӣ (тавассути Интернет) ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуданд. Бино ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муаттара Убайдуллоева, аз ин ноҳия дар олимпиадаи мазкур, ки аз моҳи декабри соли 2012 то тирамоҳи соли 2013 дар се давр идома ёфт, 76 нафар хонандагон соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Аз ҷумла 58 нафарашон соҳиби медали тилло шуданд. Хусусан, саҳми хонандагони литсей-парваришгоҳи №1, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 3, 7, 9, 14, 22 дар ин ҷода хеле калон мебошад.

Гузашта аз ин, собиқ хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №13-уми ноҳия Сарвиноз Нодирова дар чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта, ки дар Федератсияи Россия доир гардид, ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм шуд.

Ба ин муносибат дар бинои литсей-парваришгоҳи №1 маросими ботантанаи супоридани медалу дипломҳо ба ғолибони олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Спитамен М.Маҷитов нахуст ба ғолиби чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта, собиқ хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №13 Сарвиноз Нодирова мукофоти пулӣ супорида, номбурдаро бо чунин пирӯзӣ  шодбош гуфт. Сипас, ғолибони олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ соҳиби медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ гаштанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамчунин волидайни хонандагони ғолибро бо мактуби миннатдории роҳбарияти олимпиадаи мазкур сарфароз намуд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»