Аз ҷаласаҳои комиссияи фавқулодда

Пешгирӣ аз табобат беҳтар

№2-3 (3148-3149) 03.01.2014

Солҳои охир ҳодисаҳои заҳролудшавии мардум аз маҳсулоти консервашуда ба назар мерасанд. Аз ҷумла дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд чанде қабл ду тан аз сокинони деҳаи Себзори Ҷамоати деҳоти «Бунҷикат» ба чунин ҳол гирифтор шуданд. Барои пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб дар ноҳия ҷаласаи фаврии комиссияи фавқулоддаи зидди эпидемиявӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Маҳмуд Остонақулов дар мавриди аз маҳсулоти консервӣ заҳролудшавии сокинони мазкур ва айни ҳол табобат гирифтани онҳо дар беморхона гузориш дод. Дар ҷамъомад ҳамчунин зикр гардид, ки баъзеҳо зимни омодасозии маҳсулоти консерваи хонагӣ қоидаҳои тайёр кардани онро на ҳама вақт риоя мекунанд.

Сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Юсуф Ниёзмаҳмадов дар ҳоли эътидол қарор доштани саломатии беморони мазкурро ба ҳозирин баён дошта, аз  сокинони ноҳия тақозо кард, ки дар бобати истеъмоли чунин маҳсулот эҳтиёткор бошанд. Дар фарҷоми ин ҷамъомад раиси комиссияи фавқулоддаи зидди эпидемиявӣ, муовини раиси ноҳия Шаҳло Саидалиева ба аъзои комиссия дастур дод, ки доир ба пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ нисбати заҳролудшавӣ аз маводи консерваи хонагӣ, назорати фурӯши чунин маҳсулот дар марказҳои савдо, тибқи тартиботи муқарраргардида ба роҳ мондани рӯзҳои санитарӣ чораю тадбирҳои заруриро амалӣ созанд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»