Зикри хайр

Рақами нек дар саҳфаи пок

№147 (3293) 09.12.2014

MЧун ба пули миллии 50 сомонӣ таваҷҷуҳ намоед, дар он сурати чойхонаи муҳташами «Сино»-ро мебинед. Дар қарни гузашта он яке аз зеботарин ва мунаққаштарин иншоот дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара воқеъ гардида, бо ибтикору пойфишориҳои яке аз фарзандони шоистаи кишвар, сардухтури ҳамонвақтаи осоишгоҳ Мирзо Олимов қомат афрохта буд.

Осоишгоҳи «Зумрад» дар як мавзеи хушбоду ҳаво, ки дорои чашмаҳои оби мусаффо ва гиёҳҳои шифобахш мебошад, ҷойгир шудааст.

Ин осоишгоҳ дар замони шӯравӣ се маротиба ғолиби озмуни умумииттифоқии курорту табобатгоҳҳо гардидааст. Он имрӯз ҳам аз беҳтарин мавзеъҳои истироҳатию табобатӣ ба шумор рафта, ба ҷои дӯстдоштаи мардумони зиёд табдил ёфтааст. Ҳар сол ба ин ҷо садҳо нафар сокинони шаҳру навоҳии мамлакат ва берун аз он омада, истироҳат мекунанд ва табобат мегиранд.

Абдуманнон Рауфов-мудири осорхонаҳои муттаҳидаи шаҳри Исфара чунин гуфт: «Соли 2015 барои мардуми Исфара, хоса кормандони тиббу аҳли ҷомеаи меҳнатии осоишгоҳи «Зумрад» соли хотирмон ва хеле муҳим хоҳад буд. Зеро мардуми ин диёри бостон дар ин сол якбора се ҷашнвора: 20-солагии таъсисёбии осорхонаи тибби тоҷик, 40-солагии осоишгоҳи «Зумрад» ва 80- солагии яке аз фарзандони баруманди мамлакат, духтур, рӯзноманигор, муҳаққиқи соҳаи тиб шодравон Мирзо Олимовро таҷлил менамоянд».

Дар ҳақиқат ҳам, Мирзо Олимов аз шумули шахсиятҳои машҳури қарни ХХ кишвар маҳсуб меёбад. Ӯ дар тӯли роҳбарии беш аз 20-солаи хеш дар осоишгоҳи «Зумрад» баҳри аз як хонаи одии истироҳатӣ ба осоишгоҳи бонуфузи кишвар табдил ёфтани он, сохтмони як силсила биноҳои зебою муҳташами истироҳатӣ, чойхонаи миллии «Сино», Кохи фарҳанги «Шифокорон», осорхонаи тибби тоҷик, осоишгоҳи «Зумрад-2» (ҳоло он хоҷагии ёрирасони осоишгоҳ аст), ошхонаи замонавӣ барои 500 ҷой, ду бинои истиқоматӣ барои кормандони осоишгоҳ ва ғайра саҳми босазо гузошта, тӯли умри бобаракаташ кормандони соҳибтахассусро тарбия карда, ба воя расонидааст.

Гузашта аз ин, Мирзо Олимов аз шахсиятҳои ҷӯёю маърифатпарвар, адабиётдӯст, мусиқишинос ва муҳаққиқи асрори тибби қадим буд. Дар осоишгоҳ анвои гуногуни табобатӣ, аз қабили гиёҳшифоӣ, мумёи кӯҳиву лойқашифоӣ, кашиши зериобии сутунмуҳра, маҳси зериобӣ, ваннаи барқӣ, муолиҷаҳои дохили узвӣ, табобат бо усулҳои тибби қадима, аз ҷумла сӯзаншифоиро ба роҳ монда буд, ки ин ҳама то ба имрӯз побарҷост.

Ҳолдонҳои шаҳри Исфара ба он ақидаанд, ки маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии ин марди закӣ «Шашмақом» дар «Зумрад» ҷилои тоза гирифт ва ба мардуми санъатдӯсти ҷумҳурӣ як идда мақомхонони исфарагиро шиносонид.

Мирзо Олимов борҳо вакили Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Исфара ва вилояти ҳамонвақтаи Ленинобод интихоб шуда, дар ҳалли бисёр масоили рӯзгори интихобкунандагон саҳм гузоштааст. Давлату  Ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоистаи ин марди заҳматпешаро ба инобат гирифта, ӯро бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», медали «Барои меҳнати шоён», нишонҳои «Аълочии тандурустии СССР», «Ба номи Пирогов», «Ба номи Бодкин», унвони Ходими шоистаи тандурустии Тоҷикистон ва даҳҳо ифтихорномаву мукофотҳои дигар қадршиносӣ кардааст.

Ин марди фарзона, ки моҳи феврали соли 2001 дар синни 66- солагӣ аз олам чашм пӯшид, дар қабристони назди даромадгоҳи осоишгоҳи «Зумрад» дафн карда шуда, ҳар шахси ба осоишгоҳ воридшаванда имкон дорад, ки мадфани ӯро зиёрат намояд ва дар ҳаққаш дуои хайр кунад.

Кори ин марди фидоиро имрӯз писараш Зафарҷон Олимов, ки солҳои зиёд дар паҳлуи падар қарор дошта, дар ҳамин даргоҳ ба пешаи табибӣ машғул буд, идома медиҳад. Набераи шодравон-Акмалҷон  Олимов низ пешаи бобои худро интихоб карда, дар ин осоишгоҳ ба табобати беморон машғул мебошад.

Бобати кору рӯзгор, ҷидду ҷаҳд ва талошҳои ин марди некном баҳри ободии диёр, пешрафти илму адабу санъат андеша меронаму ба ёдам абёти ҷовидонии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мерасад:

Саҳфаи даҳр бувад, дафтари умри ҳама халқ,

Инчунин гуфт хирадманд чу андеша гумошт:

Хуррам он кас, ки дар ин саҳфаи пок аз ҳама ҳарф,

Рақами нек кашиду асари нек гузошт.

Ҳусейни Назрулло,  «Садои мардум»