Радиои «Диёр» дар хизмати халқ

№100 (3246) 28.08.2014

Саҳми воситаҳои ахбори омма дар  инъикоси кулли воқеоту ҳодисоти замон, рушду нумӯъ ва ҳалли мушкилот басо бузург аст.

Имрӯз барои пур кардани фазои иттилоотии кишвар, ба ҷуз рӯзномаву маҷалла ва телевизион, радио низ нақши фаъол дорад. Боиси қаноатмандист, ки ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори мамлакат баробари дигар воситаҳои ахбори омма таъсиси радио низ рӯ ба афзоиш аст.

-Соли 2012 барои ноҳияи Ашт соли хотирмон буд. Бо ибтикори соҳибкор Наврӯз Сиддиқов ҶДММ Ширкати телевизионию радиои «Диёр»-и Ашт ба кори худ оғоз кард. Ин радио то имрӯз маҳбуби дилҳосту меҳмони азизи ҳар хонадон, -мегӯяд муовини раиси ноҳияи Ашт Мавлуда Маҳкамова.

Сокинони ноҳияи Ашт имрӯз бо садои диловези радиои «Диёр», бо суруду оҳангҳои дилошӯб субҳро пешвоз мегиранд. Тавассути барномаи «Ахбор» шунавандагон аз хабару навгониҳои муҳими кишвар огаҳӣ пайдо мекунанд.

Имрӯз 20 барномаи радиои «Диёр», аз ҷумла «Диёри назм», «Маърифат», «Ҳадисҳо», «Олиҳа», «Олами мусиқӣ», «Хотираи нек», «Афсона», «Тақвими рӯз», «Радиовикторина» пахш шуда истодаанд.

Соли 2003 аввалин бор дар ноҳия бо кушишу ибтикори Наврӯз Сиддиқов маркази омӯзиши компютер кушода шуд. Баъди як сол дар ноҳия аввалин Маркази интернетӣ ва намояндагии ҶСП «Tcееl»-ро таъсис дод.

-Ҳанӯз солҳои 2007-2008 назди худ мақсад гузошта будам, ки боз як навгониро дар ҳаёти фарҳангии ҳамдиёронам ворид созам. Баҳри пур намудани фазои иттилоотӣ, рангин кардани рӯзгори мардум, нуру сафо овардан ба хонадони ҳар нафар ташкили радио мувофиқи мақсад аст. Афзалияти радио аз дигар воситаҳои ахбори омма дар он аст, ки инсон метавонад дар баробари иҷрои дигар корҳо ҳамзамон радио гӯш кунад, лаззати маънавӣ гирад ва аз ҳама муҳимаш аз кор дилгир нашавад, -мегӯяд Наврӯз Сиддиқов.

Иқдоми маро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирӣ карданд. Ашт ноҳияи наздисарҳадист, табиист, ки мушкилиҳо низ буданд. Дар интихоб, дастрас ва истифодабарии мавҷ мутахассисони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карданд.

Имрӯз дар радио нуҳ нафар фаъолият дорад ва оянда сафи онҳо зиёд хоҳад шуд. Радиои «Диёр»-ро ба ғайр аз мардуми ноҳияи Ашт дар ноҳияҳои Исфара ва Конибодом низ гӯш мекунанд.

Мо аз соҳибкор дар мавриди нақшаҳояш дар оянда пурсон шудем.

-Нақшаҳо зиёданд. Боз ҳам васеъ намудани мавҷҳо тавассути насби таҷҳизоти навин. То имрӯз дар маркази ноҳия — шаҳраки Шайдон ва деҳоти «Ашт» таҷҳизоти мавҷпаҳнкунанда насб кардем.   Нақшаи дигар он аст, ки мо ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи хаттӣ муроҷиат намудем, то соатҳои барномашунавонӣ, ки ҳоло 18 соатро ташкил медиҳанд, ба 24 соат расонида шавад. Ҳамчунин муроҷиат шудааст, ки тариқи «онлайн» ба пахш шудани барномаҳои радиои «Диёр»  иҷозат диҳанд.

Бояд зикр намуд, ки пештар таҷҳизоти ин шабака истеҳсоли Федератсияи Россия буд. Имсол ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти истеҳсоли Италия иваз шудааст, ки баландсифат ва ҳам каммасраф мебошанд.

Мақсади асосии мо хизмат ба Ватан аст. Агар дар ин ҷода ба комёбие ноил шуда бошем, худро хушбахтарин инсонҳои рӯйи замин меҳисобем,-гуфт дар анҷоми суҳбат Наврӯз Сиддиқов.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум», Таҳмина МАШАРИФОВА,  котиби масъули рӯзномаи «Шуҳрати Ашт»