Дар партави Паёми Президент

Роҳнамои ояндаи кишвар

№65 (3211) 19.06.2014

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014) миёни ҳама қишрҳои ҷомеа ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиву  мардумӣ ҳамовозии гарму ҷӯшонро ба миён овардааст.

-Паёми имсолаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳамаи самтҳо буда, ҳамзамон дар он оид ба татбиқи ҳадафҳо муфассал сухан рафтааст,- мегӯяд раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Муҳаммадӣ Салимов.

Ҳар як Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад. Дар Паёми навбатӣ дастовардҳои ҳафт соли гузашта ва нақшаҳои минбаъдаи кишвар мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Бино ба гуфтаи мавсуф, дар ин санади сарнавиштсоз ба сиёсати иҷтимоии давлат афзалият дода шудааст. Дар ҳафт соли минбаъда бошад, барои соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ равона мегардад.

-Омили дигари муҳим бо кор таъмин кардани шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳар чӣ бештар таъсис  додани ҷойҳои нави корӣ мебошад, ки дар ин хусус ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла бояд соли 2014 дар ҳама соҳаҳо 250 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад,-афзуд номбурда.

Ба назари ҳамсуҳбати мо эълон шудани солҳои 2014-2020 чун солҳои дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат метавонад ба баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.

-Аз ин рӯ, имрӯзҳо Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи дастгоҳи КИШ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва зерсохторҳои он қарор дорад. Агар ҳар як сокини кишвар тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо дилу нияти пок содиқона меҳнат намояд, мушкилоти ҷойдошта бартараф ва зиндагии арзанда барои ҳар як шаҳрванд таъмин мешавад,- гуфт дар поёни суҳбат М.Салимов.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»