Роҳҳо обод мешаванд

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

Аз қадимулайём роҳ пайвандгари манзилҳо буда,  барои аз як манзил ба манзили дигар расидан ва ё интиқол додани борҳо кори мардумонро осон мегардонад.

Тайи солҳои охир бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қариб тамоми роҳҳои кишвар азнавсозӣ гардида,  имрӯз ҳам ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Бо  ташаббуси раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли 2014 дар қаламрави вилояти Суғд  «Соли роҳҳои обод» эълон гардида, то ба имрӯз  кори зиёд ба анҷом расидааст.

Бино ба гуфти муовини раиси ноҳияи Спитамен Мирзоато Миразимов, дар ноҳия 639,6 километр роҳҳо  мавҷуд буда,  аз он 394,7 километраш ба таъмиру таҷдид эҳтиёҷ  доранд. Дар асоси нақша — чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен тӯли соли ҷорӣ 130 километр роҳҳо таъмир  мешаванд. Аз ин ҳисоб 3,4 километр мумфаршкунии яклухт, 61,2 километр таъмири ҷорӣ, 65 километр шағалпӯш мешавад. Аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии  ноҳия барои иҷрои ин корҳо 254 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 305 ҳазор сомонӣ, ба тариқи ҳашар 205 ҳазор сомонӣ  маблағ  сарф мешавад. Аз ҳисоби Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди  ноҳия ба ин мақсад 174,3 ҳазор сомонӣ ҷудо  шудааст.   Маблағи умумӣ барои таъмиру таҷдиди роҳҳои  ҳудуди ноҳия  1 миллиону 697 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»