Саҳми занон дар рушди фарҳанг

№23 (3169) 08.03.2014

Дар арафаи Рӯзи Модар мухбирамон бо масъулини соҳаи фарҳанги вилояти Суғд мусоҳиб шуда, аз саҳми занону модарон дар рушди соҳа пурсон шуд. Аз ҷумла, Орифҷон Набиев – сардори Раёсати фарҳанги вилоят чунин ибрози ақида намуд:

- Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010, №164 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» як қатор корҳо амалӣ гардиданд.

Ба ҳафт муассисаи фарҳангии таълимии зинаи ибтидоии мусиқӣ, санъат ва ҳунар занон роҳбарӣ мекунанд.

Ансамбли фолклорӣ – этнографии «Бибиҳо» таҳти сарварии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева ба истиқболи 16-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо барномаҳои рангин дар вилояти Хатлон, водии Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва водии Зарафшон баромадҳои ҷолиб намуд.

Санъаткорони ансамбли ҳунарии рақсии «Чаманоро» ва «Маҳастӣ»-и Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи А. Рӯдакии маркази вилоят соли сипаригашта ҳунару санъати миллии халқи тоҷикро дар фестивали байналмилалӣ дар давлати Уммон намоиш доданд.

Фаъолияти ансамблҳои рақсии «Чаманоро», «Маҳастӣ», «Парниён» ва «Гулноз» дар ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангии гуногунсатҳ назаррас буда, даҳҳо нафар соҳибистеъдодҳо дар ҳайати онҳо ба фаъолияти ҳунариву эҷодӣ машғул мебошанд.

Дар заминаи Қасри фарҳанги шаҳри Исфара ансамбли рақсии наврасони  «Зумрад» бо ҷалби 30 нафар духтарони маҳаллӣ ташкил карда шуд, ки роҳбарии онро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Гавҳар Мирҷумъаева ба уҳда дошта, барномаҳои рангини он аллакай мақбули тамошобинон гардидааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Ғончӣ, Мастчоҳ ва Истиқлол  дастаҳои ҳунарии рақсии худфаъолият бо фарогирии санъаткорони навраси умедбахш амал менамоянд.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»