Сафари кории раисони чор ноҳияи шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд

№51 (3197) 20.05.2014

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар кишвар ҳунарҳои қадимаи миллӣ, аз қабили қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ, эҳё мешаванд. Дар вилояти Суғд бо ташаббуси раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Ин аст, ки зимни сафари кории худ ба вилоят Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ — истеҳсолии «Шероз» ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти марказ, ки самти асосии он қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ мебошад, дастур дод, ки ин тадбир дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат роҳандозӣ гардад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин супориши Президенти кишвар  раисони чор ноҳияи шаҳри Душанбе — Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Сино, ҳамзамон  мудирони бахши кор бо занон ва оилаи ҳамин ноҳияҳо бо фаъолияти Маркази таълимӣ -  истеҳсолии «Шероз» шинос шуданд.

Меҳмононро муовини раиси вилоят Хайрулло Амонулло ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳӣ карданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин коргоҳ қолинҳо бо тарзи эронӣ омода гардида, се нафар ҳунармандон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои омӯзиши бонувони тоҷик ба ҳамкорӣ ҷалб шудаанд. Ҳамаи ашёи хомро метавон аз дохили кишвар пайдо сохт. Меҳмонон аз дидани ин коргоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, ташкили чунин маркази касбомӯзиро дар тамоми манотиқи кишвар зарур шумориданд. Такмил ва рушди ин раванд, таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар шаҳру навоҳии кишвар имконият медиҳад, ки шумораи ҳар чӣ бештари  шаҳрвандон, алалхусус занон, ба кори доимӣ  фаро гирифта шуда, ба сатҳи иҷтимоии онҳо таъсири мусбӣ расонад, ки ин яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, то охири  соли равон қариб панҷ ҳазор нафар занон ба  ин кор ҷалб  гардида, дар соли 2016 ин шумора ба 35 ҳазор нафар расонида хоҳад шуд. Мутахассисони Маркази таълимӣ — истеҳсолии «Шероз» иброз медоранд, ки барои ҳамкорӣ ва омӯзиши бонувони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат омодаанд. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо иқдоми  дигари раиси вилояти Суғд — ташкил намудани маҳфили рӯзгордорӣ дар муассисаҳои таълимӣ шинос гардиданд.

Зимни шиносоӣ аз маҳфили рӯзгордории гимназияи рақами 4-уми шаҳри Хуҷанд баён дошта шуд, ки  чунин тадбир воқеан метавонад духтаронро аз овони мактабӣ ба зиндагии мустақилона омода созад. Ҳангоми тановул аз нонҳои пухтаи духтарони чирадаст маълум гардид, ки аллакай онҳо як вазифаи муҳими рӯзгордориро омӯхтаанд ва метавонанд дар зиндагӣ бе мушкилӣ ин амалро иҷро намоянд.

Меҳмонон ҳамчунин мавзеъҳои таърихии маркази вилоят, аз ҷумла осорхонаи вилоятиро, тамошо карданд.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»