Аз ҳаёти ҷамоатҳои деҳот

Сазовор ба номи бузургон хоҳем буд

№37 (3183) 15.04.2014

Дар ноҳияи Спитамен ҷамоати деҳоте ҳаст бо номи Турсун Ӯлҷабоев. Албатта, шахсияти ин марди фарзона, фарзанди шоистаи Тоҷикистон ба ҳама маълум аст.

Ҳангоми суҳбат аз роҳбари  ҳамонвақтаи дастгоҳи раиси ин ноҳия Ҷамшед Раҳмонӣ, ки моро хеле хушу хуб истиқбол кард, ҳазломез пурсидем:

-Барои сарвари чунин ҷамоати деҳот будан ва сазовор гаштан ба номи чунин шахсияти бузург кори осон набудагист?  Ҷамшед Раҳмонӣ табассум карду гуфт:

-Мо низ чунин масъулиятро хуб эҳсос мекунем. Аз ин рӯ, ба сарварии ин ҷамоати деҳот шахси қобилу кордон ва масъулиятшиносро таъин кардаем,-сипас ба муаррифии ғоибонаи раиси он оғоз кард:

-Инъомҷон Тӯраев. Аз соли 2010 инҷониб дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев кор мекунад. Қаблан наздик ба чор сол роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Спитамен буд. Аслан омӯзгор аст, солиёни дароз дар мактабҳои ноҳия  ва шуъбаи маорифи он вазифаҳои гуногуни роҳбариро ба зимма дошт. Аз ин рӯ, табиати мардумро хуб медонад ва бо онҳо забон ёфтаву кор карда метавонад. Ташкилотчии хуб аст. Заҳматҳои бисёрсолааш бо медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ шудааст.

… Қаламрави ин деҳотро хеле тозаву озода ёфтем. Умуман, бояд гуфт, дар ноҳияи Спитамен ба масъалаи тозагӣ аҳамияти ҷиддӣ медодаанд. Ба кадом гӯшае нигаред, масъулини соҳаи поккорӣ машғули кори худанд.

Мо Инъомҷон Тӯраевро қади роҳи марказӣ, ҳамроҳи як гурӯҳ ниҳолшинонон дучор омадем. Ӯ марди лоғарандоми қоматбаланди 58-60-солаи серҳаракате будааст.

Суҳбати мо роҳравон аз масъалаи тозагию озодагӣ оғоз шуд.

-Ҷамоати деҳоти мо дар асоси «Барномаи рушди иқтисодии ҷамоати деҳот барои солҳои 2011-2015» фаъолият карда, ба масъалаи пешрафти иқтисодии маҳал, ободонию бунёдкорӣ, сабзгардонию тозагию озодагии муҳит диққати ҷиддӣ медиҳад,-гуфт ӯ. — Бо ибтикори раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ  соли 2014 дар қаламрави вилоят «Соли ободии роҳҳо ва гулзоргардонӣ» эълон гардид. Мо бештари таваҷҷуҳамонро ба ҳамин самт равона сохтем. Дар масъалаи поксозии кӯчаю маҳаллаҳо ва муҳити зист бошад, мо мисли даврони шӯравӣ амал кардем. Муассисаи давлатии коммуналии «Сиришта» дар ҳудуди деҳоти мо  фаъолият менамояд. Муассисаи мазкур дар асоси реҷаи махсус ва оиннома ба сокинони маҳаллаҳо хизмат расонида, дар масъалаи сари вақт кашонидани пойрӯбу ифлосиҳо саҳми калон мегузорад. Аз ин рӯ, дар ин бобат мо ягон мушкилӣ надорем. Муассиса техникаи кифояи зарурӣ ва неруи корӣ дорад. Ҳамаи онҳо хуб дарк мекунанд, ки «Тозагӣ гарави саломатӣ» буда, асоси ҳама гуна пешравиҳо мебошад, зеро тозагию озодагӣ танҳо хайру баракат меорад, — изҳор дошт раиси ҷамоати деҳот.

Мо аз Инъомҷон Тӯраев роҷеъ ба фаъолияти ҷамоати деҳот пурсон шудем.

-Натиҷаҳои порсола бароямон хеле бобарор буд. Мо дар озмуни ноҳиявии «Рӯзҳои фарҳангии ҷамоатҳо» ҷойи аввал ва дар озмуни вилоятӣ ҷои дуюмро соҳиб шудем, — изҳори хурсандӣ кард ӯ.

Маълум гардид, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур деҳаҳои Нов, Янгиобод, Андарсой ва Сомғар, Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Ӯлҷабоев, Андарсой, 51 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 105 хоҷагии деҳқонӣ, шаш мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, як маркази саломатӣ, ду хонаи тиббӣ, ду боғчаи бачагона, се клуб, се китобхона, 28 мағоза ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ барои беҳбуди рӯзгори мардум фаъолият мебаранд.

Аз рӯйи мушоҳидаҳо ва суҳбат бо сокинони деҳот маълум шуд, ки робитаи байни аҳолӣ ва масъулини ҷамоати деҳот хеле қавист. Зуд-зуд дар мавзӯъҳои гуногун ва доғи рӯз ҷамъомадҳо доир мешавад. Дар ин ҷамъомадҳо вакилони Маҷлиси вакилони халқ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи корҳои дохилӣ, амният, комиссариати ҳарбӣ, прокуратура, суд, стансияи байторӣ, хадамоти оташнишонӣ ва ғайра масъалаҳои тозагӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ, мубориза алайҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, худкушӣ, терроризм, авбошӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии бемориҳо, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ ва дигар масоили доғи рӯзро баррасӣ мекунанд ва дар асоси онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд.

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳар моҳ- рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи сеюм «Рӯзи ахбори ягона» дар ҳудуди деҳот мулоқотҳо вобаста ба мавзӯъҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ, омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои миллӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар мавзӯъҳо бо иштироки фаъолон ва сокинони ҷамоат дар рӯҳияи баланди сиёсӣ доир мегарданд.

Саҳми ҷамоати деҳот дар ҷамъоварии андоз, маблағи қувваи барқ, сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ калон мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими рӯз иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон» аст ва он бемайлон амалӣ мешавад. Масъулини ҷамоат дар асоси аризаҳои воридгардида ба 1171 нафар сокинони ҳудуди деҳот дар асоси қарори раиси ноҳия замин ҷудо карданд ва 936 нафари онҳо аллакай соҳиби сертификат шуданд.

-Дар бобати иҷрои қарори раиси ноҳия оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ мо имсол зиёда аз 200 ниҳоли арча, наздик ба 1500 дарахти сояафкан, қариб се ҳазор ниҳоли мевадиҳанда шинонида, танаи зиёда аз се ҳазор адад дарахтро сафед кардем,-мегӯяд Инъомҷон Тӯраев.

Бояд гуфт, ки давоми се соли охир дар ҳудуди ин деҳот иншооти зиёд қомат афрохтааст. Толори варзишӣ дар деҳаи Истиқлол, мағозаҳои тиҷоратӣ ва истгоҳ дар деҳаи Янгиобод, кашидани хатти обгузар ба деҳаи Андарсой ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳи байни деҳаи Янгиобод ва ноҳия аз ин ҷумлаанд.

-Наврӯзи имсола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Рӯзҳои 21-22 март дар деҳаҳои Янгиободу Андарсойу Сомғар наврӯзиҳо баргузор шуданд. Санаи 23 март бошад, дар маркази ноҳия аҳли фарҳанги мо композитсияи идонаи «Кӯҳистони Мастчоҳ»-ро намоиш доданд. Гап сари он аст, ки Спитамениҳо имсол дар ин чорабинии бошукӯҳ намунаи наврӯзиҳои ҳама водиҳои Тоҷикистонро якҷо бо суннату  анъанаҳои қадимаашон ба тамошо гузоштанд. Дар ин ҷашни бошукӯҳ мо гӯё наврӯзиҳои ҳамаи маҳалҳои Тоҷикистонро тамошо кардем ва як ҷаҳон лаззат бурдем. Ҳоло ба шинонидани гулҳо машғул ҳастем. Ба масофаи як километру 300 метр бояд анвои гуногуни гулҳо шинонида шаванд. Тахту ҳамворкунӣ, таъмири ҷории роҳҳои байни ноҳия ва Янгиобод ва деҳаи Сомғар низ оғоз шуданд. Худо хоҳад, дар қаламрави деҳотамон имсол ободӣ дучанд мешавад,-мегӯяд раиси ҷамоати деҳот.

Нақшаҳои Ӯлҷабоевчиён барои соли равон, яъне аз фасли Наврӯзи имсола то Наврӯзи дигар низ, ҷиддӣ мебошанд. Онҳо ният доранд, ки баҳри иҷрои қарори раиси вилояти Суғд: «Соли 2014- соли ободии роҳҳо» созандагию бунёдкориро ҳар чӣ бештар вусъат диҳанд, корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар байни аҳолӣ боз ҳам ҷоннок ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро таъмин намуда, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»-ро хуб роҳандозӣ карда, кори зиёди хуби дигарро ба анҷом расонанд.

-Мардуми мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо кору номи нек, ободкориву созандагӣ, тозагиву озодагӣ, ифтихор     аз Ватану миллат сазовори номи баланди Турсун Ӯлҷабоев бошанд, ки ҷамоатамон номи ин марди бузургро соҳиб аст, — изҳор дошт дар поёни суҳбати мо сарвари ин ҷамоати деҳот Инъомҷон Тӯраев.

 Абдулмаҷид Муродов, Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»