Меҳрнома

Соҳибқаламе дар роҳи сухани поянда

№59 (3205) 05.06.2014

Дар ҳалқаи мо кист, ки мафтуни қалам нест,

В-аз аҳли қалам кист, ки  ҳамхуни қалам нест,

n_huseyn@mailМо бо ин марди хушқадубаст ҳамсояҳуҷраем. Ҳар гоҳе ки дар сафар нест, пагоҳӣ вориди ҳуҷра шуда, рӯзи нави моро табрик мегӯяд,пас аз дидорбинӣ ва чанд сухани гуворою илҳомбахш машғули кори худ мешавад.

Ҳусейни Назруллоро зиёда аз 40 сол боз хуб мешиносем ва медонем. Ӯ наздик ба 40 сол аст, ки қаламфарсоӣ мекунад ва аз ин ҳисоб даҳ сол дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» ба сифати хабарнигори махсуси рӯзнома дар вилояти Суғд кору фаъолият дорад. Адои хизмат дар чунин рӯзномаи бонуфуз табиист, ки на ба ҳар қаламкаш даст медиҳад.

Дар фаъолияти эҷодӣ ба сифати хабарнигор рафиқи мо рисолати худро мушаххасан хуб дарк кардааст: ҳадафаш муайян, навиштаҳояш саршори ғояи давру замон ва ба ҳамин васила таъсир расонидан ба рушди маънавиёти ҷомеа.

Ӯ қобилияти сари вақт эҳсос намудани воқеоти тоза, диду назари шахсӣ, дарки маърифати касбӣ ва муносибати холисона дорад, ҳангоми баррасӣ ва таҳлилу тафсили масоили мубрам аз онҳо эҷодкорона истифода мебарад. Дар навиштаҳои ӯ ифшои каму костиҳои зиндагӣ, гоҳо танқиди норасоиҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва нишон додани роҳи ҳалли мушкилоти гуногуни ҷомеа бештар ба назар мерасад.

Қадри сухан барояш аз ҳама болост, ба қавли ӯ: «ҳарчанд сухан ба мисли об аст, кам гуфтани он айни савоб аст». Ӯ шефтаи сухани ҳавоӣ нест, сухани поянда аст, ки аз ганҷи дунё маншаъ мегирад.

Рӯзноманигор ва нависандаи хушсалиқа Ҳусейни Назрулло аз муаммоҳои зиндагӣ, иқдомҳои неку шоиста, навгониҳои рӯзмарра ҷасурона ҳарф мезанаду онҳоро ба риштаи тасвир мекашад, масоили мубрами рӯзро моҳирона шарҳу тавзеҳ медиҳад, зеро рисолати журналистро дар назди ҷомеа ба хубӣ эҳсос мекунад.

Фазилати аз ҳама шоиставу писандидаи ӯ эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва иҷрои сари вақту босифати супоришҳост, ки инро на ҳар журналист дорост. Дар натиҷа, ӯро аксар вақт дар сафар мебинем, дар такопую ҷустуҷӯ. Бо  ҳамаи жанрҳои журналистика сарукор мегирад, дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ, маънавӣ – ахлоқӣ аз ҳаёти халқ мақолаҳои таҳлилию публитсистӣ эҷод мекунад ва пайваста муваффақ мешавад.

Ба таҷрибае, ки дорад, қаноат накарда, чун эҷодкор аз пайи андӯхтани донишу таҷриба аст.

Чунин талабот ӯро ба ҷустуҷӯ ҳидоят мекунад. Аз ин ҷиҳат муроҷиат ба масъалаҳои гуногун, назари тоза пайдо кардан ба мавзӯи куҳна, коркарди масъала, дарёфти ҳақиқат барояш осон гардидааст.

Ҳусейни Назрулло дар интихоби мавзӯъ, таҳлилу баррасии он ба принсипҳои ҳақиқатнигорӣ, масъулиятшиносӣ ва дурбинии эҷодӣ такя мекунад, то ин ки навиштаҳояш рӯҳияи манфиатҳои  миллиро ифода карда, дар ташаккули афкори солими иҷтимоӣ, ҳалли мушкилоти ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт хизмат карда бошад.

Рӯзноманигор бояд баробар бо ҳаёт қадам занад. Агар аз як тараф мутолиаи китоб роҳи хубу санҷидаи сайқали истеъдоду ҷаҳонбинӣ бошад, расонаҳои хабарӣ касро аз воқеаҳои дунё огоҳ месозанд, — мегӯяд                  Ҳ. Назрулло

Ба қавли хирадмандон, шахси аз мутолиа бозмонда ҳастиашро гум мекунад. Маҳз қаробат бо китоб, мутолиаи беш аз пеш ӯро ба маснади орзуҳо нишондааст. Кашфиёт ва дарёфти навгониҳо вазифаи аҳли қалам мебошад. Дар ин ҷода дарёфт ва мавриди таҳлилу таълиф қарор гирифтани як силсила мақолаю очеркҳои ҷиддии таҳлилӣ аз ҷониби дӯсти ҳамқалами мо як паҳлуи эҷодиёташро ташкил медиҳанд.

Маълум,  ки имрӯзҳо масъалаи бо роҳҳои осону қулай ва хароҷоти кам истеҳсол кардани неруи барқ на фақат таваҷҷуҳи олимону мутахассисони соҳа, балки диққати одамони одиро низ ба худ кашидааст. Дар очерки Ҳусейни Назрулло, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» бо номи «Истеҳсоли барқ  бо усули нав ё пешниҳоди як пири барнодил оид ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар» (№6 (3152),аз 14 январи соли 2014) ба нашр расид, роҳу усулҳои истеҳсоли неруи барқ бо истифода аз камераи об (водокамера), яъне сохтмони неругоҳи барқи обӣ бидуни обанбор бо роҳи истифодаи батакрори оби мавҷуда таври силсилавӣ бозгӯйӣ шудааст.  Айни матлаб мебуд, агар олимону мутахассисони соҳа дар роҳи пиёда сохтани ин кашфиёти як тан сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан Озодқул Мамадқулов азм мекарданд ва хоҷагии халқ аз он манфиат медид.

Мақолаи Ҳ. Назрулло бо номи «Кашфиёти нуҳуфта» ё асрори рангу ҷилоҳои кошинҳои қадимиро кӣ медонад?!» («Садои мардум», №17 (3163) аз 18 феврали соли 2014) ба рангу ҷило (сир)-и кошинҳои ихтироъкардаи ҳунарманди шинохтаи ғончигӣ усто Абдулло Ҷумъабоев бахшида шудааст. Рангу ҷило (сир)-и кошинҳои  ӯ аз нигоҳи тобоварию мустаҳкамӣ, ба ҳар гуна гармию сардӣ аз кошину хиштҳои одии имрӯза тафовут дошта, ҷило ва тобовариаш аз хишту кошинҳои мадрасаҳои Бухоро, мақбараҳои Самарқанду Панҷакент ҳеҷ камӣ надоранд. Инро санадҳои озмоишгоҳҳои институту университетҳои маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Кумитаи давлатии СССР оид ба кашфиёту ихтироҳо, ки дар вақташ ба муаллиф додаанд, тасдиқ мекунанд.

Паҳлуи дигари мавзӯъҳои таълифоти Ҳусейни Назрулло қазияву мушкилоти мавҷудаи рӯзгори имрӯзаи ҷомеа ва дарёфти роҳи ҳалли онҳо мебошад. Мо хуб дар ёд дорем, ки як навиштаи муаллиф бо номи «Кӯпруки пулхӯрак» дар рӯзномаи «Садои мардум» боиси аз нав идома ёфтану ба анҷом расидани сохтмони як кӯпруки ҳафт сол инҷониб сохтмонаш кашолёфта дар Бешкалсои ноҳияи Ғончӣ  гардида буд .

Хонандагони огоҳ хуб медонанд, ки як силсила очерку навиштаҳои публитсистии ин муаллиф, аз қабили «Пораабри сияҳ дар самои дӯстӣ ё чаро фазои иттилоотии вилояти Суғд ғуборолуд аст?», «Оби дарёи Зарафшон кай ба Истаравшан меояд?», «Як бому ду ҳаво ё зуд – зуд хомӯш шудани қувваи барқ дар шаҳри Истаравшан ба осиёби кӣ об мерезад?!», «Як назар ба вазъи баъзе аз ёдгориҳои таърихӣ дар шаҳри Истаравшан ё беэътиноӣ ба мероси ниёгон моро ба куҷо хоҳад расонид?!» ва ғайра, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» ба чоп расидаанд, боиси ҳалли як идда мушкилот гаштаанд.

Ба онҳое, ки оянда рӯзноманигор  мешаванд, талқин мекунад, ки пеш аз ҳама инсонпарвару ватандӯст бошанд, бештар мутолиа намоянд. Рисолати касбии қаламкаш дар он аст, ки дар навишти мавод такя ба далелҳои мушаххасу асоснок намояд. Фаромӯш набояд кард, ки бо калимае ё иборае метавон гӯшаи диёрро обод ва нафареро ба ҳаёт дилгарм кард ва ё баръакс …

Соле, ки Ҳусейни Назрулло факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бомуваффақият хатм намуд, фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси ходими хурди илмии шуъбаи мероси адабии Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз ёфт.

Солҳои 1982 – 1996 Ҳ. Назрулло дар Кумитаи назди Шӯрои  Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ дар вазифаҳои муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шуъбаи идораи барномаҳо барои ҷавонон ва адабӣ, сипас сармуҳаррири идораи барномаи дуюм (студияи «Фурӯғи Ориёно»)-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Номбурда узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ буда, дар эҷоди як силсила асарҳои бадеӣ низ қувваозмоӣ карда, дар ин ҷода низ муваффақ шудааст.

Бо эҷоди як силсила китобҳои худ дар байни хонандагони сершумор ҳамчун нависандаи хушсалиқа ва заҳматкаш низ шинохта шудааст. Воқеан, бархе аз навиштаҳои ӯ аз инъикоси рӯзгори ибратбахши онҳое иборат аст, ки дар ҷамъият обрую манзалатро соҳиб шудаанд. Ба ин қиссаҳои бадеӣ-публитсистии ӯ бо номи «Замини Акбар», «Роҳи муқаддас» (бо ҳаммуаллифии Ҷ. Маҳкам), «Накӯниҳод», ки аз ҳаёту пайкори Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Акбар Ҳоҷимуродов, нахустин омӯзгори шӯравӣ дар Осиёи Миёна, Омӯзгори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон аз шаҳри Истаравшан Маҳкам Йӯлдошев, Корманди шоистаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаниҷон Носиров нақл мекунанд, мисол шуда метавонанд.

Чанде пеш, ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик, дар ҳаёти дӯсти ҳамқалами мо воқеаи фаромӯшнашаванда ба амал омад.  Хабарнигор ва адиби боистеъдод Ҳусейни Назрулло бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тақдир гардид.

Дӯсти ҳамқалами мо Ҳусейни Назрулло чанде пеш ба синни 60- солагӣ  расид. Мо, аҳли эҷод, соҳибҷашнро бо мукофоти олии журналистони Тоҷикистон ва шасти камолоташ, аз самими қалб табрик гуфта,  барояш саломатӣ ва барори эҷодӣ таманно мекунем.

Сайфулло МаҲкамов,  барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим  Лоҳутӣ,

Султонмурод Ҳоҷибоев, шоир, узви  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҳикматуллоҳи Насруллоҳ, узви  Иттифоқи журналистони    Тоҷикистон