Суғд: идомаи бунёдкорӣ дар заминаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз

№48 (3349) 02.04.2015

«Ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд. Басо рамзист, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷаста дар саросари кишварамон, аз ҷумла вилояти Суғд, корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу ҷалоли тоза мебахшанд».

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд, 22 марти соли 2015

Дар рӯзҳои наврӯзӣ бунёди ҳама гуна иншоот дар гӯшаву канори мамлакатамон нишонаи фарҳанги ободгаронаи ашхоси саодатманду сарбаланд ва соҳибтамаддуни тоҷик мебошад, ки аз гузашта ибрат гирифта, барои ободии Ватани худ ҷаҳду талош доранд.

Чунин иқдоми наҷиб чанде пеш дар шимоли мамлакат аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони саховатпешаву ҳимматбаланд амалӣ шуд.Бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи фароғатии «Ҷавонӣ» мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, Маҷмааи фароғатии «Ҷавонӣ» аз «Чойхонаи адибон», мағозаи фурӯши «Гулҳои Хуҷанд» ва қаҳвахона иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Маҷмаа дар шафати Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ҷойгир буда, бо тарҳи зебои замонавӣ сохта шудааст ва дар он 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Абдураҳмон Қодирӣ нахуст дар «Чойхонаи адибон» бо аҳли адаб суҳбати гарму самимӣ орост. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ зимни суҳбат ҳозиринро ба Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, изҳор дошт, ки бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи ин шоири ориф ва гузоштани муҷассамаи Хоҷа Камол дар  боғи навбунёди фавқуззикр боиси хушҳолии аҳли қалам гардидааст.

Мавсуф барои анҷоми чунин корҳои мондагор ба Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд аз номи адибон изҳори сипос намуд. Шоири шинохта Абдуҷаббори Суруш китобҳои тозанашри худ – «Девони Камоли Хуҷандӣ» ва «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ» — ро ба раиси вилоят тақдим кард.

Дар идомаи ин ибтикороти хайр бо ҳузури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар саҳни маҷмааи мазкур хатнасури даҳ нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд доир гардида, ба онҳо туҳфаҳо супорида шуд.

Дар ин рӯз ҳамчунин лавҳаи Шаҳрвандони фахрии Хуҷанд пас аз таҷдид дубора рӯнамоӣ шуд. Дар маросими ифтитоҳи лавҳаи мазкур ба Шаҳрвандони фахрии Хуҷанд нишонҳои «Шаҳрванди фахрии Хуҷанд», ки бо рамзи шаҳри Хуҷанд ороиш ёфтааст, тақдим шуд.

Абдувосит Салимзода