Дар партави Паёми Президент

Таъмингари ояндаи шукуфон

№61 (3207) 10.06.2014

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони вилояти Суғд ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард.

Дар вилоят аз ҷумлаи аввалинҳо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Паёмро мавриди баррасӣ қарор дод.

-Собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳбаландӣ ва қаноатмандӣ пазируфтанд. Он роҳи тайкардаи мардуми шарафмандамонро тӯли солҳои охир мавриди таҳлилу муқоиса қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд. Ин санади сарнавиштсоз ҳамчун  раҳнамо барои пешрафти ҷумҳурӣ бисёр муҳим буда, дурнамои пешрафти мамлакатро муайян месозад, -гуфт зимни суҳбат муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев.

Мисолу далелҳои дар Паём овардашуда шаҳодат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол ба дастовардҳои нав ноил мегардад ва давлатдорию истиқлолияти миллии хешро мустаҳкаму қавитар мегардонад.

Президенти мамлакат болоравии вазъи иҷтимоии ҷомеаро мақсаду мароми Давлату Ҳукумат арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки дар ҳафт соли оянда барои соҳаи иҷтимоӣ 70 млрд. сомонӣ маблағ пешбинӣ мешавад. Дар ҳафт соли сипаригашта ин рақам 23 млрд. сомониро ташкил медод. Ҳамчунин нафақаҳо дар ҳафт соли сипаришуда 6,4 баробар афзоиш ёфтанд.

Дар Паём омадааст, ки давоми 7 соли сипаригашта даромадҳои пулии аҳолӣ 1,7 баробар зиёд гардид. Дар натиҷа, сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ баланд гардида, сатҳи камбизоатӣ паст шуд.

Ташкилотҳои собиқадорони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Паёми Сарвари давлат корҳои ташкилию тарғиботиро дар байни собиқадорону нафақахӯрон ва аҳолӣ ба роҳ монда, дар амалӣ гаштани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳм мегузоранд.

Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ минбаъд низ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути кумакҳои суроғавии иҷтимоӣ чораҳои муассир андешида мешаванд.

 (Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 апрели соли 2014)

-Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри баланд гардидани сатҳи зиндагии насли калонсол ва нафақахӯрон доимо ғамхорӣ менамояд. Сол аз сол нафақаи иштирокчиён ва маъюбони ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг низ мутаносибан меафзояд,- гуфт Ш. Алиев. -Бо назардошти хизматҳои бузурги иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ҷангҳо ҳалокгардида ва бо мақсади қадршиносӣ ва дастгирии онҳо бо қарори раиси вилояти Суғд аз 23 январи соли 2014 ҳар моҳ 50 сомонӣ, ба собиқадорони ақибгоҳи давраи ҷанг, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, 40 сомонӣ кумакпулӣ пардохт мешавад. Яъне, ба 1327 нафар дар як сол 753720 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 272700 сомонӣ зиёд аст.

Агар ба нафақае, ки имрӯз маъюбону иштирокчиёни ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар ҷанг ҳалокгардида кумакпулии ҳармоҳаи аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пардохтшаванда ба андозаи 50 сомонӣ ва дар Рӯзи Ғалаба аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо пардохтмешударо ба инобат гирем, ба ҳисоби миёна ҳар моҳ кумакпулии иловагӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои саробонгумкарда 100 сомонӣ, барои собиқадорони ақибгоҳи давраи ҷанг (медалдорон) 70 сомониро ташкил медиҳад,-мегӯяд Шавкат Алиев.

Тавре ки дар Паёми Сарвари давлат омадааст, маблағҷудокунӣ ба соҳаи иҷтимоӣ пайваста сол ба сол меафзояд ва ин аз сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад. Паёми навбатии Сарвари давлат ҳамчун санади раҳнамои миллат хизмат карда, самтҳои асосии кору фаъолияти моро барои соли равон муайян менамояд.

-Занону духтарони шаҳри Истаравшан Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дилгармона ва бо рӯҳбаландии зиёд истиқбол карданд,-гуфт дар суҳбат мудири бахши кор бо занону оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Барно Ашрафова. -Ин қишри ҷомеа бисёр хуб дарк кардаанд, ки Сарвари давлатамон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Чуноне Сарвари давлат дар ин санади бисёр муҳими худ фармудаанд: «Аз 18300 нафар хизматчиёни  давлатӣ, ки дар мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо фаъолият менамоянд, 4315 нафар ё 24 фоизашро занон ташкил медиҳанд.

Айни замон танҳо дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ 1100 нафар занон фаъолият доранд, ки аз ин 500 нафар ба сохторҳои роҳбарикунандаи вазорату идораҳо рост меояд».

Бино ба гуфтаи Барно Ашрафова, чунин тағйироту таҳаввулот дар шумораи кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятиву шаҳрӣ низ баръало ба чашм мерасад. Масалан, шумораи умумии занҳои роҳбарикунанда дар шаҳри Истаравшан 122 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба 10-15 соли пешин хеле зиёд аст. Агар шумораи умумии занони тоҷик дар соҳаи маориф 106 ҳазор нафар ё 54,9 фоизро ва дар соҳаи тандурустӣ 60 ҳазор нафар ё 66,5 фоизро  ташкил диҳад, ин ҳол дар шаҳри Истаравшан дар соҳаи маориф 1420 нафар ё 49,4 фоиз, тандурустӣ 2789 нафар ё 68,8 фоизро ташкил медиҳад.

- Агар мо шумораи умумии занони роҳбарро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо омори ҷумҳуриву вилояти Суғд муқоиса намоем, албатта, он хеле кам аст, зеро имрӯз дар соҳаи маориф ҳамагӣ 22 нафар ва дар тандурустӣ 14 нафар занони роҳбарикунанда фаъолият мекунанду халос. Аз чор ҳазору 189 вазифаи роҳбарикунандаи хоҷагиҳои кишоварзӣ 83-тояш ба занҳо тааллуқ дорад ва ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба маротиб зиёд аст. Ба назари ман, агар шумораи занҳои роҳбарикунанда дар соҳаҳои тандурустиву маориф афзоиш ёбанд, соҳаҳои мазкур бурд мекунанд, зеро таҷриба нишон додааст, ки дар ҷое, ки зан роҳбар бошад, масъулияту сифати кор бештар эҳсос мешавад. Мо ҳоло барои ислоҳи ин масъала бо шуъбаҳои маорифу тандурустӣ кор бурда истодаем, — гуфт Б. Ашрафова.

Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифа гузоштаанд: «Дар баробари ҷалби бештари занону ҷавонон ба идоракунии давлатӣ зарур аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва фаъолияти ташкилотчигии онҳо диққати доимӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия ва ҳидоят намоем».

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»