Дар партави Паёми Президент

Вазифагузориҳо баҳри рушди оянда

№43 (3189) 28.04.2014

Паёми навбатии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 апрели соли равон пешниҳод гардид, аз Паёмҳои қаблии Сардори давлат як қатор фарқиятҳо дошт.

Аввалан, Роҳбари давлат дар Паёми имсолаи хеш раванди рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар 7 соли охир мавриди таҳлил қарор дода, вазифаҳои сатҳҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидориро баҳри амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат дар зарфи 7 соли оянда муайян намуд.

Дигар нуктаи асосии Паёми мазкур аз он иборат аст, ки Сарвари кишвар диққати мардумро ба роҳҳои дар оянда дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам хубтар муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, ба тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон эътибори махсус додани волидайн ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандиро бори дигар таъкид намуд.

Дар Паёми Президент моҳияти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд хеле бамаврид зикр гардидааст, зеро сокинони кишвари мо соли равон 20-солагии рӯзи қабули ин санади тақдирсозро ботантана ҷашн мегиранд.

Тибқи Паёми Президент, дар давоми 7 соли оянда пешбинӣ шудааст, ки хароҷоти иҷтимоии Буҷети давлатӣ ба 70 млрд. сомонӣ расонида шавад ва дар самти иҷрои ин иқдомҳо Сарвари давлат аз ҳама мақомоти дахлдори кишвар андешидани тадбирҳои иловагиро баҳри рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат талаб намуд.

Болоравии сатҳи зиндагии мардумро Роҳбари давлат бо пешниҳоди баъзе рақамҳои таҳлилӣ баён намуда, дар баробари он хеле бамаврид маслиҳат дод, ки сокинони кишвар бояд аз ҳама зуҳуроти исрофкориҳои захираҳои моддию молиявӣ худдорӣ намоянд. Масалан, дар Паём омадааст, ки зарфи 10 соли охир сокинони  мамлакат  барои  харидории  мошину яхдонҳои замонавӣ ва дигар ашёҳои қиматноки рӯзгор зиёда аз 15 млрд. сомонӣ харҷ кардаанд.

Ё худ,  аз ҳисоби аҳолӣ танҳо дар соли 2013 барои харидории мошинаҳо 1,4 млрд. сомонӣ ва барои пардохти истифодабарии хизмати операторҳои телефонҳои мобилӣ зиёда аз 1,7 млрд. сомонӣ масраф гардидааст.

Рақамҳои зикргардида, аз як тараф нисбатан баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардумро нишон диҳад, аз тарафи дигар зарурияти ҷилавгирӣ намудани хароҷоти исрофкоронаро пеш меорад. Масалан, солҳои охир барои хурду бузург истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои алоқаи интернетӣ ба ҳукми анъана даромадааст, вале мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мо фарҳанги истифодабарии босамари ин таҷҳизоти иттилоотиро риоя намекунем.

Ҳар рӯз мо шоҳиди он мешавем, ки аксар ҷавонон дар нақлиёти мусофирбар, истгоҳу роҳҳои пиёдагард ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баҳудаю беҳуда телефонҳои мобилиро истифода мебаранд, вале хаёл намекунанд, ки истифодаи бемеъёри он ҳам ба саломатиашон зарар дораду ҳам боиси коҳиш ёфтани буҷети оилавиашон мегардад.

Дастуру пешниҳодҳои Сардори давлат бобати такмилдиҳии сиёсати молиявӣ, маъмурикунонии андоз, банизомдарории санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, андоз аз фурӯши пахтаро ба боҷи содиротӣ иваз намудан, бешубҳа, ба дастгирию рушди соҳибкорӣ дар мамлакат нигаронида шудаанд, ки он дар навбати худ, боиси пурзӯр гардидани асосҳои молиявии Буҷети давлатӣ хоҳад шуд.

Сардори давлат дар Паёми хеш аз соҳибкорону кулли мардуми кишвар даъват ба омал овард, ки сарфи назар аз ҳамасола афзоиш ёфтани маблағгузориҳои Буҷети давлатӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дар ҳалли мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ ва тақвият додани корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар, саҳмгузор бошанд.

Боиси хурсандист, ки чунин иқдомҳои Роҳбари давлатро шаҳрвандони бонангу номуси ватанамон хуб пазироӣ карда истодаанд ва дар амалӣ гардонидани дастурҳои дар Паёми имсола зикргардида низ фаъол хоҳанд буд.

Густариши муносибатҳои тарафайни дӯстона бо дигар давлатҳои дуру наздик, алалхусус бо ҷумҳуриҳои ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, ки дар Паёми Президент самти асосии фаъолияти хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ва дигар марҳилаҳо  ҳисобида шудааст, боиси хушнудӣ гардид. Зеро равобити дӯстии беғаразона ва ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии минтақа, имконият фароҳам меоварад, ки мардумони ин кишварҳо бо истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ба натиҷаҳои беҳтарини рушд ноил гарданд ва дар ин асос сатҳи зиндагии хешро куллан баланд бардоранд.

Паёми навбатии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро барои тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дастурҳои роҳнамо баҳри ҳар чӣ тезтар амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани кишвар, ба даст овардани истиқлолияти энергетикию амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина, муҳайё намудани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар ҳисобидан мумкин аст.

Карамулло ОДИЛОВ, сардори Раёсати молияи ноҳияи Спитамен, Корманди шоистаи Тоҷикистон