Шамъи хотира

Ёде аз «даҳои илми таърих»

№142 (3288) 26.11.2014

Донишманди тоҷик, шодравон Маъруф Исоматов, ки яке аз шогирдони маъруфи Аҳрор Мухторов ба ҳисоб мерафт, дар пешгуфтори китоби «Аҳрорнома» ки соли 2001, тавассути Нашриёти «Амри илм» дар пойтахти кишвар ба табъ расидааст, менависад: «Дар бораи академик Аҳрор Мухторов ҳарфи тозае гуфтан мушкил аст. Зеро ҳама паҳлуҳои рӯзгор ва осори илмии ин шахсияти  фарзона тақрибан таҳлилу бозгӯй шудаанд. Шуҳрати илмии ин таърихшиноси тоҷик то ба ҷоест, ки  номи ӯро бузургтарин маркази илмию иттилоотии дунё- Пажӯҳишгоҳи географии ИМА ба нашрҳои муҷаллади китоб-маълумотномаи Президентии «500 нафар олимони маъруфи ҷаҳон» дохил кардааст. Барои саҳми калон гузоштанаш дар ҷодаи илм ва мақоми баланди ҷамъиятӣ пайдо карданаш олими маъруф бо дипломи байналмилалии фарҳангии «Шараф» мушарраф гардидааст».

Дар ҳақиқат, номи мавсуф на танҳо барои хурду калони мардуми кишвари мо, балки берун аз он шинос буда, ба осору рӯзгори наҷиби ин мард академикҳои Академияи илмҳои СССР Александр Семёнов, Бобоҷон Ғафуров, ховаршиносон Грегори Галсон, Мансура Ҳайдар, Г.Пугаченкова, Мешадиханум Нейматова, Аммар Аббосов, Борис Маршак, А.М.Беленитский, Н.Архангелсикй, М.Осимӣ, С.Улуғзода ва бисёр бузургони дигар баҳои баланд додаанд. Абдулаҳад Қаҳҳоров ӯро «Даҳои илми таърих» номидааст.

Чоруми ноябри соли равон, агар номбурда дар қайди ҳаёт мебуд, 90- сола мешуд.

Ба ин муносибат дар шаҳри Истаравшан, ки зодгоҳи ин олими шуҳратёр аст, тибқи қарори раиси шаҳр маҳфили ёдбуд ва конфронси илмию амалӣ доир шуд. Дар он як идда донишмандони кишвар аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, шогирдону мухлисони ин марди фарзона иштирок доштанд.

Меҳмонони чорабинӣ даставвал аз гимназияи №1-и шаҳр, ки ба номи академик Аҳрор Мухторов номгузорӣ шудааст, дидан карда, дар даромадгоҳи он ба пояи нимпайкараи шодравон гулдастаҳо гузоштанд.

Дар даромадгоҳи бинои асосии мактаб намоиши асарҳо, тадқиқот ва маводи дар бораи олим батабърасида доир гашта, хонандагони мактаб дар толори муҳташаму барҳавои дабистон маҳфили ёдбуди хотирмоне доир намуданд. Онҳо роҷеъ ба мақому манзалати Аҳрор Мухторов дар пешрафти илми таъриху адабиётшиносии тоҷик ҳарф заданд.

Сипас, меҳмонон бо осорхона-китобхонае, ки академик Аҳрор Мухторов дар маркази шаҳри Истаравшан бунёд карда буд, шинос шуданд.

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан конфронси илмию амалӣ бахшида ба 90- солагии академик Аҳрор Мухторов доир гардид. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Истаравшан Абдуллозода Иброҳим Ғоибназар меҳмононро хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба осори академик Аҳрор Мухторов ва нақши ӯ дар пешрафти илми тоҷик суханронӣ кард.

Сипас, шогирди Аҳрор Мухторов, дотсенти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарифов дар мавзӯи «Академик Аҳрор Мухторов — бунёдгузори мактаби Ғафуровшиносӣ ва катибашиносии тоҷик» маърӯза кард.

Доктори илми таърих, профессор С.Марофиев, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров М.Файзуллоев, муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Ҷ.Абдукаримов ва дигарон ба сухан баромада, хотироти хешро нақл карданд.

Ҳусейни Назрулло,  «Садои мардум»