Ҳангоми аз назар гузаронидани бойгонии доктори илмҳои филология, профессор Маҳрам Файзов дар баробари мактубу мақолаҳои илмии чопнашуда маводе дар бораи «Вижагиҳои Наврӯзи Помир» таваҷҷуҳи бандаро ҷалб намуд. То кунун касе аз муҳаққиқон дар ин бора чунин маълумоти фасеҳ надодааст. Ба ин хотир, зарур шумурдем, онро пешкаши хонандагон гардонем.
Дар тасаввури мардуми Бадахшон рӯзи Наврӯз фариштаҳо аз осмон ба замин фаромада, ба мардум фаровонӣ, некуаҳволӣ ва хушбахтӣ меоранд. Хонаҳое, ки аз хасрӯбаву чирки порсола тоза нашуданд, манзилҳое, ки кинаву буғз ҳукмфармост, фариштаҳо дари онҳоро намекушоянд. Ҳамин ду: рӯбучини дохили хона ва оштишавии онҳое, ки бо сабабе дар миёнашон хусумат пайдо шудааст, вижагии Наврӯз мебошад.
Махсусияти дигар он аст, ки чанд рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз дар кӯчаву майдонҳои шаҳру деҳоти Бадахшон мардони миёнасолу солхӯрда аз омадани Наврӯз ва соату замони ҷашн мужда мерасонанд. Онҳоро Донаврӯз ва Ҳоҷинаврӯз гӯянд. Донаврӯзу Хоҷинаврӯз либосҳои хосаи наврӯзӣ ба бар мекунанд, ки ранги алвон (сурх), доранд. Тоқии бадахшонии шероздор ба сар, рубоби бадахшонӣ ба даст, суруди «Наврӯзи баҳор омад»-ро мехонанд.
Ба бечорагон, ба пирону барҷомондаҳо дасти ёрӣ дароз кардан, ба рӯбучини хона кумак расонидан аз хислатҳои ҳамидаи деҳотиён мебошад. Дар деҳаҳои Бадахшон то ҷашни Наврӯз гӯсфанд ё нарбуз парвариш меёбад ва рӯзи ид дар хонаи озода онро хун мекунанд ва ин суннатро шогунӣ гӯянд.
Барои аз дохил сафед кардани девор ва шифти манзил як ҳафта омодагӣ мегиранд. Соҳибхоназанҳо ва дастёрдухтарони онҳо ба пок кардани хона ва шустушӯи либосу палос мепардозанд. Мардон барои сафед кардани хона, ба овардани сафедхок омодагӣ мегиранд. Овардани хоки сафед маросими аҷоибе мебошад, ки дар Рӯшон «хокдуздӣ» ном дорад. Се рӯз пеш аз ид як нафар мардони хона барои овардани сафедхок сафарбар мешавад. Ӯ белу сабад гирифта ба кони сафедхок меравад. Шарти «хокдуздӣ» ин аст, ки марди хоковардаро бояд касе набинад. Мабодо он мардони ба истилоҳ «хокдузд» якдигарро дучор оянд, нодида вонамуд мекунанд, то ки анъанаи онҳо вайрон нашавад. Марди хоковар вориди хона шуда, нидо мекунад: «Шогун баҳор муборак!». Аз дохили хона ба ӯ: «Ба рӯи шумо муборак!», — ҷавоб мегардонанд. Ин ибораҳои табрикотӣ аз қадимулайём дар Рӯшон ба тоҷикӣ – форсӣ роиҷ будааст. Мардони хона хоки овардаро ба зарфе рехта, бо он деворҳову шифти хонаро сафед мекунанд, занҳо дар девор аз орд гул мепартоянд, дар девори тарафи оташдон ситораҳо ва дар миёни онҳо маҳтоби калон мекашанд. Субҳи рӯзи сеюм кушоиши анъанаи (киши) хонавода ба вуқӯъ мепайвандад ва ба маслиҳати пешакӣ кишшикани хона бо салом меояд. Он мард ба саломҷойи хона расида: «Шогун баҳор муборак!», — мегӯяд ва хонавода: «Ба рӯи шумо муборак!», — гуфта ҷавоб медиҳанд. Ин ибораҳои муборакбодӣ рӯзи ид дар кӯчаву бозору деҳаву шаҳристонҳои Бадахшон шунида мешавад. Мардум бо ҳамин ибораҳо ба якдигар дуруд мефиристанд.
Шахси кишшиканро пешвоз гирифта, суфраашро мегиранд, худашро ба сафи дастархони дар шаҳсуфа ороёфта ба нишастан даъват менамоянд. Баъд аз таом хӯрдан хайра мақдам мегӯянд. Ӯ мегӯяд, ки салом омадааст ба фалон чиз. Шарт ин аст, ки ӯ ҳар чизеро, ки гӯяд, соҳибхона ҳамонро ба пешаш мегузорад. Ин оини куҳан дар Рӯшон то ҳол нигоҳ дошта мешудааст. Яке барзагови корӣ, дигаре асп ё чизи дигареро ном мебарад. Аз ҳамин лаҳза дари хона ба рӯи ҳама боз мешавад. Яъне, киш бардошта мешавад. Дари хонаҳои тамоми деҳа боз мегардад, идгардӣ оғоз меёбад.
Дар Рӯшон гӯштингирӣ, рақсу бозӣ, арғунчакбозии духтарон дар як гӯшаи майдон, бузкашӣ ва пойгаҳ дар майдони дигар барпо мешавад. Тамоми рӯз мардум саргарми тамошои идгоҳ ва бегоҳ дар толори ҷамоатхона базми сурудхониву рақсу бозӣ то бевақтии шаб идома меёбад. Субҳи рӯзи дигар гардиши идонаи бачагон оғоз ёфта, онҳо ба кӯзачаҳои хеш банди думетра баста, аз бом ба равзанаи он кӯзачаро вориди хона сохта, тарона мехонанд:
Куло ғуз-ғуз баҳор омад,
Бо юғу сипор омад, лайлак аз пасор омад!
Чормағз биёр қар-қар бикун,
Равған биёр шар-шар бикун,
Тоқӣ биёр дар сар бикун,
Чизе бидеҳ хурсанд бикун!
Дар кӯзачаҳои онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ мегузоранд. То нисфи рӯз идгардаки кӯдакону наврасон идома меёбад. Ҷавонон бо тору рубобу даф дар гӯшаи бом бо овози баланд суруд мехонанд.
Туҳфаҳои идона қанду қандалот, гӯсфандак, бузак, уштурак, говак, кабкак, хулоса ба сурати ҳамаи чорпоён ва парандагон ҳайкалчаҳои хамирӣ сохта, пешкаш мегардад.
Рӯзи панҷшанбе ба зиёрати рӯҳи поки гузаштагон ба қабристон мераванд. Аз Яздони пок барои рафтагон мағфират ва оромии абадӣ металабанд.
Вижагии дигари Наврӯзи Бадахшон ин аст, ки хешовандон барои наздикони азодорашон либоси нав дӯхта, ба сияҳбардорӣ мераванд ва рӯзи ид ба онҳо мепӯшонанд. Мардум бо ин амалашон ҳам аз марҳум ёд мекунанд ва ҳам ҳадафи дигари ин амал он аст, ки тарс ва марг батадриҷ аз одамон дур раванд. Таъкид ҳам мекунанд, ки ба рағми марг ҳаёт идома дорад.
Фароҳамсоз Тилло НЕКҚАДАМОВ,
«Садои мардум»