Соли шашум аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҳарбии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дар рӯзи аввали даъват сад дарсад иҷро менамояд.
Ба ифтихори «Рӯзи даъватшаванда» дар маркази маъмурии вилоят, шаҳри Хоруғ, роҳпаймоӣ ва чорабинии ботантанаи идона баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, волидону наздикони даъватшудагон, роҳбарону кормандони идораю муассисаҳои маҳаллӣ, сохтору мақомоти дахлдор, собиқадорони меҳнат ва сокинони вилоят фаъолона иштирок намуданд.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни суханронӣ қайд кард, ки ин иқдоми навбатии ҷавонони ватандӯсти вилоят садоқату вафодории бепоёни онҳоро ба халқу меҳан ва роҳбарияти олии мамлакат баён менамояд.
- Маъракаи имсола низ нишон дод, ки зодагони вилоят, ҳатто, дар кишварҳои хориҷа ҳини қабули даъватнома ба хизмат, бе дудилагӣ озими давлати худ гашта, баҳри ҳифзу ҳимояи Ватани азиз камари ҳиммат бастаанд, — тавзеҳ дод раиси ВМКБ.
Гуфта шуд, ки феълан мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сипари боэътимоди Ватанро дида, Артиши миллиамон дар ҳар лаҳзаву сония омода аст, то аз сарҳаду хоки поки муқаддаси меҳан ҳимоят кунад.
Дар идома таъкид гардид, ки ҳоло ҳазорон нафар зодагони Бадахшон бо дониш, маҳорат, садоқат ва рафтори сазовор дар қатори дигар ҳамватанони худ сарбаландона хизмат карда, дар ҳимояи марзу бум, таъмини суботи сартосарӣ ва волоияти қонун ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»