ВМКБ. Хоҷагиҳои деҳқонӣ соҳиби 40 техникаи кишоварзӣ шуданд

№ 04.03.2025

481023086_Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби 25 мотоблоку 15 трактори муосир гардиданд.

Дар маросими тақдими техникаҳои кишоварзӣ раиси вилоят Алишер Мирзонабот изҳор намуд, ки давоми чанд сол аст бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонони вилоят бо техникаю олоти кишоварзӣ таъмин гардида, ин иқдом минбаъд низ идома меёбад.

Инчунин, раиси ВМКБ таъкид намуд, ки минбаъд ҳар ваҷаб замини корамро самаранок истифода намуда, маҳсулоти худии аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат бароранд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»