ВМКБ. ИҶЛОСИЯИ БИСТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ

№ 10.10.2024

ИЧЛОСИЯ МАШХУР 071024Дар шаҳри Хоруғ Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати шашум, таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ Алишер Мирзонабот баргузор гардид.

Дар иҷлосия вакилон нахуст масъалаи рафти иҷрои қарори раиси вилоят оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба он муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева гузориш дод.

Қайд гардид, ки феълан ёдгориҳои таърихии вилоят 647 адад буда, аз ин 200 адад дар ноҳияи Мурғоб, 103-дар ноҳияи Ишкошим, 57-ноҳияи Дарвоз, 28-ноҳияи Ванҷ, 87-ноҳияи Рӯшон, 91-ноҳияи Шуғнон, 67- ноҳияи Роштқалъа ва 14 адад ёдгорӣ дар шаҳри Хоруғ мавҷуданд, ки онҳо ба ҳифзу нигаҳдории ҳамешагӣ ниёз доранд.

Вобаста ба татбиқи минбаъдаи барномаи болозикр раиси ВМКБ ба муовинони худ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулони идораҳои дахлдор дастуру супориш  дод, ки вобаста ба сертификатсияи иловагии ёдгориҳо, банақшагирӣ ва гузоштани нишонаҳо барои ҷойгиршавии онҳо, инчунин, таҳияи шиносномаҳои ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ тибқи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолиятро боз ҳам ҷонноктар намоянд.

Дар Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, инчунин, тасдиқи дигар қарорҳои раиси вилоят ва фармоиши вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ вобаста ба тағйироти кадрӣ, ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби маблағҳои озоди бақияи сарисолии буҷет ва барзиёд иҷрошавии нақшаи қисми даромади буҷети худии вилоят тасдиқ шуда, бо ҳамин иҷлосия ба кораш хотима бахшид.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»