Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои замонавии беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шуда, корҳои лоиҳакашӣ пурра ба анҷом расиданд ва сохтмони он соли равон оғоз мегардад.
Бар замми ин, ҳоло сохтмони беморхонаи марказии ноҳияи Роштқалъа ба маблағи 82 млн. сомонӣ бо маром идома дошта, бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беморхонаҳои ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоб низ дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст.
Агар соли 2000-ум ба аҳолии ВМКБ 329 муассисаи табобатию профилактикӣ хизмат расонида бошад, ба ҳолати моҳи августи соли 2024 теъдоди муассисаҳои тиббӣ ба 411 адад расидааст, ки 15 адади онҳо муассисаҳои тиббии хусусӣ мебошанд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»