Ҳамкориҳо густариш меёбанд

№35 (3181) 09.04.2014

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед намояндаи Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалии «JICA» -ҳамоҳангсози Барномаи рушди деҳот дар марзи Бадахшони Афғонистон ва ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Акийе Умено, ҳамоҳангсози Барномаи мазкур дар ВМКБ Саидазиз Шоламов, менеҷери минтақавии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон дар Бадахшон Бахтиёр Азизмамадовро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Мавзӯи асосии суҳбат рафти амалишавии Барномаи зикршуда буд.

Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки аз тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти Барномаи рушди деҳоти манотиқи Бадахшон, ки он 44 зерлоиҳаро дорост, воқиф буда, оиди он иттилои дақиқ низ дорад. Барномаи мазкур самтҳои муҳими ҳаёти имрӯзаи Бадахшонро фарогир аст ва рушди соҳаҳои иқтисодии вилоят аз он вобастагии калон дорад. Дар иншоотҳо корҳои сохтмонӣ аллакай оғоз гардидаанд.

Аз 2 миллиону 800 ҳазор доллари амрикоие, ки барои амалишавии ин Барнома ҷудо гардидааст, 26 фоизи маблағҳо то ба имрӯз аз худ карда шудаанд.

Дар суҳбат ҳамчунин зикр гардид, ки моҳи майи соли равон ташрифи масъулини лоиҳаҳои дигар низ дар назар дошта шудааст. Айни замон 44 зерлоиҳаи Барнома дар сатҳи баланди ташкилӣ амалӣ гардида истодааст.

Хонум Акийе Умено дар ҷавоб ба суханони раиси вилоят зикр кард, ки ҳамкориҳои судманди тарафайн минбаъд низ густариш меёбанд. -Аз он хурсандам, ки шумо чун собиқ раиси ноҳияи Шуғнон ва имрӯз чун раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оиди ин Барнома ва амалишавии он дар қаламрави вилоят иттилооти дақиқ доред, — гуфт ӯ.

Раиси вилоят гуфт, ки баъди ба анҷом расидани Барномаи мазкур итминон дорам, ки дастгирии соҳибкории хурду миёна низ аз ҷониби шумо мавриди назар қарор мегирад, чунки афзоиши сатҳи бекорӣ, махсусан байни ҷавонон, ки теъдодашон ба 3,5 ҳазор нафар расидааст, аҳли ҷомеаро  ба ташвиш овардааст.  Маҳз бо дастгирӣ ёфтани соҳибкории хурду миёна мо имкон пайдо менамоем, ки сатҳи бекориро дар қаламрави вилоят коҳиш диҳем. Соҳибкорон дар ВМКБ хеле зиёданд, вале заминаи мустаҳкам надоранд. Итминон дорам, ки баъд аз суҳбати имрӯзаи мо натиҷаҳо назаррас мегарданд ва барои амалишавии ҳадафҳои дарпешистода такони ҷиддӣ мебахшанд.

Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»