Ҳамкориҳои дуҷониба вусъат меёбанд

№18 (3164) 21.02.2014

Намояндагони маъмурияти музофоти Бадахшони Афғонистон таи чанд рӯз бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қарор доштанд. Натиҷаи сафари корӣ дар ҷаласаи Комиссияи муштараки миёни ВМКБ ва вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ гашта, мувофиқаномаи ҳамкорӣ аз тарафи раиси ВМКБ-и Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва волии вилояти Бадахшони Афғонистон Шоҳ Валиуллоҳи Адиб ба имзо расид.

Шодихон Ҷамшед — раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои байнимарзӣ, ки аз фаъолияти кории комиссия шаҳодат медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда, хостори дар оянда густариш додани муносибати ду кишвари ҳамҷавор шуд. Ба гуфти мавсуф, аз рӯзи оғози ҳамкориҳои дуҷониба гардиши мол ба якуним миллион евро баробар шудааст, ки ин рақам аз муваффақиятҳои судманди дуҷониба гувоҳӣ медиҳанд. Вай, ҳамчунин аз имкониятҳои фароҳамкардаи Донишкадаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, Донишкадаи такмили маълумоти касбӣ, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, ки дар боло бурдани савияи дониши донишомӯзони минтақаҳои рустонишини наздимарзӣ нақши муҳим доранд, изҳори қаноатмандӣ кард.

Шодихон Ҷамшед гуфт, ки «барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таҳияи тарҳҳои рушди иқтисодӣ дар заминаи ҷалби сармояҳои дохиливу берунии ҳар ду вилоят  тадбирҳои муассир ва мушаххас андешида мешаванд. Барои дар амал татбиқ кардани самтҳои асосии тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҳар ду вилоят ҳамчунин зарур аст, ки барномаҳои рушд ба барномаҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат тақсимбандӣ карда шуда, баҳри амалӣ намудани онҳо ҷонибҳо саъю талош намоянд».

Раиси ВМКБ дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон фаъол кардани минтақаи озоди иқтисодии Ишкошимро заминаи бузурги рушди муносибатҳои дуҷониба хонда, гуфт, ки бояд ба василаи ин минтақа роҳи тиҷоратӣ тариқи марзи Бадахшони Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар кишварҳои муштаракулманофеъ боз шуда, дар баробари ин корхонаҳои муштарак низ дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд гарданд.

Шоҳ Валиуллоҳи Адиб – волии вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҳамкориҳои миёнмарзӣ изҳори хушбинӣ карда, афзуд, ки дар давоми соли 2013-и мелодӣ тариқи шабакаҳои барқи Бадахшони Тоҷикистон сокинони рустонишини наздимарзии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беш аз 2 миллион киловатт/соат неруи барқро ба кор бурданд. Вай ҳамчунин аз ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, хадамоти байторӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, роҳсозӣ ва фаъолияти нуқтаҳои тиҷоратии наздимарзӣ изҳори қаноатмандӣ карда, барои рафъи мушкилоти мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас ироа намуд.

- Дарёфти раводиди дарозмуҳлат, пурзӯр кардани назорат дар гузаргоҳҳои ғайрирасмӣ, бунёди бозорҳои наздимарзӣ дар мавзеи Ганҷибои Помири Хурд ва Лангари ноҳияи Ишкошим, аз миён бурдани мушкилот ҳангоми интиқоли маризон дар ҳолатҳои бемории вазнин ба беморхонаи марказии ВМКБ аз мушкилоти умдаи сокинони Бадахшони Афғонистон аст, — иброз дошт волии Бадахшони Афғонистон.

Дар ҷараёни мулоқот аз тавсеаи ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ дар мисоли Созмони Милали Муттаҳид, Шабакаҳои иҷтимоии Бунёди Оғохон изҳорӣ қаноатмандӣ карда шуд ва барои дар оянда густариш додани ин ҳамкориҳо пешниҳодоти зиёде баррасӣ гардиданд.

Хотирнишон бояд кард, ки кори Комиссияи муштараки байнимарзӣ дар паи тавофуқоти дуҷониба миёни роҳбарони Тоҷикистону Афғонистон моҳи феврали соли 2003 ҳосил шуда буд. Аз фаъолияти чандсолаи ин комиссия аст, ки имрӯз дар бахшҳои гуногуни соҳаи хоҷагидории ҳар ду вилоят пешравиҳои мушаххас ба назар мерасанд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»