ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев мулоқоти мураббиёни мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон бо гурӯҳи ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷавонон дар хусуси роҳҳои рушди варзиш андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
-Дар деҳаҳои ноҳияи Шуғнон сол ба сол шумораи толору майдончаҳои варзишӣ рӯ ба афзоиш дорад, аммо бештар маврид ин толору майдончаҳо холианд. Мақсад аз ҷамъ омадани мо дар ин толор пайдо намудани роҳҳои муассири ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш мебошад, — гуфт мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Имомёрбек Имомёрбеков. -Ба роҳ мондани сабқатҳои варзишӣ яке аз роҳҳои бедор намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба варзиш мебошад. Барои ин мо имконияти хуб дорем. Кӯшиш мекунем, ки миёни ҷавонони деҳот аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, шоҳмоту гӯштӣ мусобиқаҳо баргузор намоем.