Аз фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Азиз Гиёев: Шуғнон майдони созандагиву бунёдкорист

№133 (3279) 13.11.2014

Таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овардааст, ки дар ноҳия раванди ободонӣ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гардад

Зимни сафари худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёдтар ҳаваси боздид аз ноҳияи Шуғнонро доштам, зеро шунида будам, ки ин ноҳия  бо вуҷуди сернуфузтарин ноҳияи ВМКБ маҳсуб ёфтан то чанд соли қабл маркази маъмурии ҷавобгӯйи талабот надоштааст. Маркази ноҳия — шаҳраки Ваҳдатро хеле ободу зебо дарёфтам. Раиси ноҳия  Азиз Гиёев, ки сарфи назар аз ҷавон буданаш, мутахассиси варзидаи бахши иқтисоду молияи мамлакат маҳсуб меёбад, хеле болидарӯҳ буд. Дар маҷмӯъ, замони ворид шудан ба ин ноҳия эҳсос мегардад, ки дар ин ҷо ҳаёт ҷӯш мезанад. Суҳбатамон бо раиси  ноҳия Азиз Гиёев хеле самимӣ, ошкоро ва пурмуҳтаво сурат гирифт. Номбурда тамоми пешравиҳои ноҳияро самараи таваҷҷуҳу дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд. Аз марҳилаҳои аввали бунёди шаҳраки Ваҳдат ёдовар шуда, ҳамсуҳбатам минҷумла зикр намуд, ки вақте ба мардум тасмими дар ин макон бунёди чунин шаҳракро ироа намудем, бисёриҳо онро ҷиддӣ қабул накарданд ва бо ҷомаи амал пӯшиданаш эътимод надоштанд. Хушбахтона, чун ният нек буду азм қавӣ тавонистем дар як муддати кӯтоҳ дар моварои кӯҳсор гулшанеро бунёд намоем. Дар посухи саволи мо бобати марҳилаи аввали  бунёди шаҳраки фавқуззикр Азиз Гиёев иброз намуд, ки он асосан аз соли 2010 шурӯъ гардида буд. Соли 2012 бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати маркази ноҳия ба фаъолияти як қатор иншооти маъмурӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд. Давоми соли 2013 дар ноҳия ба бунёду азнавсозии 40 иншоот оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ биноҳои шуъбаи корҳои дохилӣ, прокуратура, амният, комиссариати ҳарбиву  дидбонгоҳи нави сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар деҳаи Пашор мавриди истифода қарор дода шуданд. Азиз Гиёев аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар муддати на чандон тӯлонӣ дар  заминаи  таваҷҷуҳу дастгирии Роҳбари давлат ва заҳмати созандаи мардуми ноҳия симои ноҳия хеле зебову дилкаш гардида, барои фаъолияти пурсамари қариб ҳамаи сохтору мақомоти ноҳия шароити хуби кору фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Раиси ноҳия аз он ёдовар шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои ҳифзи иҷтимоӣ, вусъати сохтмон ва таҷдиду азнавсозии роҳҳои ноҳия зиёда аз 270 миллион сомонӣ, инчунин ҷиҳати дастгирии буҷети ноҳия ва анҷом додани дигар пардохтҳои иҷтимоӣ 115 миллион сомонӣ равона гардидааст.  Барои мисол, танҳо соли гузашта фақат барои сохтмони асосии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 53 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, корҳо дар сатҳи хуб ва сифати баланд  иҷро гардидаанд. Дар натиҷаи чораҳои то имрӯз андешидашуда соҳаҳои иқтисоди ноҳия, яъне саноату кишоварзӣ, мунтазам тараққӣ карда, дар давоми  ёздаҳ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёда  аз 17 баробар афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ноҳия 36 фоизи маҳсулоти саноатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истеҳсол мешавад. Дар маркази нави ноҳия сохтмони биноҳои шуъбаи маориф ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ, нозироти андоз ва молияи ноҳия ба маблағи 2,9 миллион сомонӣ, шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ба маблағи 2,4 миллион сомонӣ, бахши омор ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ, бахши КВД «Тоҷиксуғурта» ба маблағи 0,5 миллион сомонӣ, сохтмони наҳр дар мавзеи Мун-Сижд ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ, сохтмони бинои хонаҳои  истиқоматии панҷошёна ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ, толори варзишии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Боғев ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ, сохтмони бинои намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ, сохтмони бинои бахши кишоварзии ноҳия ба маблағи 2 миллион сомонӣ, сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28 ба маблағи 3,6 миллион сомонӣ босуръат идома доранд. Инчунин сохтмони беморхонаи марказӣ, қасри фарҳанг, хати оби нӯшокӣ барои шаҳраки Ваҳдат, сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 дар назар аст.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ сохтмони кӯпруки деҳаи Барсем, хати оби нӯшокии деҳоти ба номи Мирзоҷон Ширинҷонов, канали деҳаи Гожак, бунгоҳи тиббии деҳаи Возм мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон таъмири роҳҳои мошингарди деҳаҳои Спинз, Бадчор, гузаронидани қубури обгузар дар деҳаҳои Боғев, Деҳбаста ва деҳоти «Вер», толори варзишии деҳаи Кушк ва ғайра идома доранд.

Бино ба гуфти Азиз Гиёев, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ иҷрои нақшаи буҷет ба андозаи 102 фоиз таъмин карда шуд, ки аз нақша 496961 сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои даромади худӣ ба андозаи 121,9 фоиз, ки аз нақша 546470 сомонӣ зиёд аст,  таъмин гардидааст. Мувофиқи нақша давоми соли 2014-ум  14918802 сомонӣ субвенсия дохил шудааст. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли 2014 ба андозаи 106,8 фоиз, баробар ба 3630,7 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ 2807,2 ҳазор сомонӣ, корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 1228,1 ҳазор сомонӣ, андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ ва андози замин мутаносибан ба андозаи 107,1 фоиз ва 113,5 фоиз таъмин шудааст, ки дар ноҳияи дурдасти кӯҳистон  дастоварди саҳлу сода нест. Дар ҳамин радиф,  бахши соҳибкорӣ низ дар ноҳия ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, шумораи соҳибкорон ба 288 нафар расидааст, ки нисбати нишондиҳандаи соли 2013- ум зиёд мебошад.

Дар раванди суҳбат  ҳамчунин иттилоъ гирифтем, ки саҳми кишоварзон барои баланд гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодиёти ноҳия назаррас буда, ҳоло 1600 гектар замини обӣ ва беш аз 28 ҳазор гектар чарогоҳ дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродиву оилавӣ қарор дорад.Дар доираи барномаи қарздиҳӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат дар давоми шаш соли охир ҳаҷми қарзи ба соҳибкорони ноҳия додашуда беш аз шаш баробар афзоиш ёфта, аз соли 2006 инҷониб чанд баробар  афзудааст. Дар натиҷа, давоми  солҳои  охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия беш аз чор баробар афзоиш ёфта, соли  гузашта ба 25 миллион сомонӣ расид. Дар нуҳ моҳи соли  2014 дар ҳамаи шаклҳои  хоҷагидорӣ дар майдони 2150 гектар, ки аз он 1647 гектар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳафт гектар  ба хоҷагии давлатӣ ва 496 гектар ба заминҳои наздиҳавлигӣ тааллуқ дорад, кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 1053 гектар ғалладона, 528 гектар картошка, 142 гектар сабзавот ва 427 гектар алафи бисёрсола кишт карда шуд. Давоми соли 2014-ум 4921 сентнер ғалладона, 44631 сентнер картошка ва 12265 сентнер сабзавот истеҳсол шудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар ғалладона 15 сентнер, картошка 261 сентнер, сабзавот 55 сентнер ва мева 2420 сентнерро ташкил дод. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия  28269 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 9472 сар модагов, 2574 сар қутос, 67374 сар моли майда, 49 сар асп, 6000 сар паранда мавҷуд аст. Соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшт ба 7944 сентнер, шир 31210 сентнер, тухми мурғ 250 ҳазор дона расонида шуда, нисбати соли гузашта хеле зиёд мебошад.

Азиз Гиёев дар идомаи суҳбат таъкид намуд, ки дар ноҳия барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои обӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав тадбирҳои мунтазам андешида  шудаанд.

Ҷиҳати тақвияти суханонаш мавсуф зикр намуд, ки  танҳо соли гузашта 21 гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, тибқи барномаи азхудкунии заминҳои нав то соли 2015 азхудкунии 60 гектар замин дар мавзеи Сижди деҳоти  «Навобод» бомаром идома дорад.  Раиси ноҳия муътақид аст, ки ин иқдом боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бо ҷойи корӣ таъмин шудани аҳолӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мешавад.

Вазъи соҳаи маориф дар ноҳия низ аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбат маҳсуб меёфт. Аз суханони ҳамсуҳбатам маълум гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё сохтани шароити мусоиди таълим дар мамлакат барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015 қабул гардида, давра ба давра амалӣ шуда истодааст. Дар доираи барномаи мазкур давоми солҳои охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар қаламрави ноҳия чандин мактаби нав сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Давоми соли равон баҳри тақвияти заминаи моддӣ- техникӣ, махсусан бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидани мактабҳо, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ корҳои зиёд анҷом пазируфтаанд. Дар шароити кунунӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 369 компютер ва 70 принтер мавриди истифодаи хонандагон қарор доранд, ки ба ҳашт хонанда як компютер рост меояд. Шумораи умумии омӯзгорон 940 нафар аст, ки аз онҳо 649 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон мунтазам дар маркази диққати роҳбарияти ноҳия қарор дошта, дар ин замина давоми даҳ соли охир бо мақсади таъмини аҳолии қобили меҳнати ноҳия бо ҷойи корӣ тавассути барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ қариб 13 ҳазор ва фақат соли ҷорӣ 1500 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.

Бо роҳнамоии раиси ноҳия шоҳиди бевоситаи он гардидам, ки дар раванди амалигардонии ташаббусҳои неки ободкориву созандагӣ дар миқёси ноҳия як қатор иншооти маъмуриву маишӣ, пулҳо ва хатҳои оби нӯшокӣ, муассисаҳои таълимиву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шудаанд. Сохтмони пули деҳаи Барсем ва роҳи мошингарди деҳаи Бадчор, гузаронидани қубури обгузар дар деҳаҳои Боғев, Миёншаҳр, Даштак, Вер, Навобод, Турбат, таъмири канали ҳафткилометраи Сохчарв – Чошкандез, сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Возм ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд. Давоми чанд соли охир иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда эҳёву таҷдид ва якчанд корхонаҳои нави саноатӣ таъсис дода шуда, фаъолияти самараноки Неругоҳи барқи обии «Помир -1», Корхонаи коркарди санги «Лаъл» ва Фабрикаи дӯзандагии «Ҳаёти нав» таъмин гардидааст ва илова бар ин, чандин корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, аз ҷумла сехи дуредгарӣ ва фабрикаи парандапарварӣ бунёд ва ба истифода супорида шудааст. Дар деҳаи Боғев аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди корхонаи коркарди ғалла бо иқтидори 60 тонна ғалла дар як шабонарӯз ва анбори нигоҳдории 6 ҳазор тонна ғалла дар арафаи анҷомёбист. Арзиши лоиҳавии корхона 11,5 миллион сомонӣ буда, баробари мавриди истифода қарор гирифтани он, яъне то охири соли ҷорӣ 70 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи нави корӣ таъмин мешаванд.

Дар маҷмӯъ, муътақид гардидам, ки масъулиятшиносиву кордонӣ ва поквиҷдонии раиси ноҳия Азиз Гиёев ва меҳнати содиқонаи фарзандони заҳматписанди Шуғнон  замина фароҳам овардааст, ки дар ин ноҳияи баландкӯҳи кишварамон бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт тадриҷан рушд ёфта, боиси хеле беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум гардад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Душанбе-ВМКБ-Душанбе