Баъзе вижагиҳои наврӯзӣ дар водии Шоҳдара

№29 (3175) 21.03.2014

навруз4

Наврӯз идест, ки  вобаста ба шароиту махсусиятҳои ҳар гӯшаву канори кишварҳое, ки ин ҷашнро таҷлил мекунанд, хусусиятҳои фарқкунанда ва  умумии худро пайдо намудааст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вижагиҳои наврӯз  на фақат дар миёни халқиятҳои Помир, балки дар ҳар як водӣ ва баъзан дар як водӣ, як деҳа ва ё ҳатто дар як авлод ҳам хусусияти фарқкунандаи ин ҷашн дида мешавад. Барои мисол, тантанаҳои ҷашни Наврӯзии водии Шоҳдараро мегирем.

Дар водии Шоҳдара нисбат ба ноҳияҳои поёноби Бадахшон дертар баҳор фаро мерасад. Бинобар ин, дар фасли баҳор, агар баъди борони тӯлонии чандрӯза офтоб барояду шуълааш ба дохили хона расад, аз аъзои хона одатан касе, ки аз кӯдакон дар фасли баҳор таваллуд  шудааст, шуълаи он офтобро месӯзонад. Бо ин гӯё, ки ба қувваи гармии офтоб гармӣ зам мекунад. Дар интизори Наврӯз мардум ҳисоб мекарданд, ки кай офтоб ба бадани одам гармӣ медиҳад. Тибқи тақвими аҷдодӣ, ҳар  як фасли сол чил рӯзи айни ба авҷрасии худро дорад, ки онро чиллаи фасл меноманд. Чиллаи фасли зимистон, яъне авҷи он аз 20-уми декабр то 30-юми январ аст. Баъди чилла гармшавӣ сар мешавад, ба гуфти мардум: «хир ҷӯн анҷивд» (офтоб ҷоннок мешавад) ва ҳисоби мардумиро оғоз мекунанд ва онро ҳамчун фарорасии даври якуми Наврӯз бо номи ҷашни «Хир- пи- чор», яъне «Офтоб дар мард»  қайд мекарданд. Бояд зикр кард, ки дар баъзе деҳаҳои Шоҳдара ҷашни «Хир- пи- чор» роиҷ нест, гарчанде ки ҳисоб дар мард дар тамоми ин водӣ дида мешавад. Ҳисобро аз  рӯйи ҳаракати офтоб дар андоми мард -   аз нохуни пойи ӯ сар карда, то мағзи сари ӯ мерасонанд. Офтоб ба андоми мард аз поён аз нохуни пой оҳиста-оҳиста се рӯзи гармӣ бахшида, бо ҳаракат кардан ба узвҳои болоии бадан гармтар шудан мегирад. Вақте ки ҳисоб ба зонуи мард мерасад, он гоҳ даври дуюми Наврӯзро бо номи «Хир–чи-зӯн» ҷашн мегиранд. Қайди ин ҷашн дар баъзе деҳаҳои Шоҳдара дида намешавад. Вақте ки ҳисоб ба «зорд» (дил) мерасад, худи иди Наврӯзро қайд мекунанд, ки онро дар тамоми водии Шоҳдара Хидирайём меноманд ва онро тамоми сокинони водии Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа бо шукӯҳу шаҳомати ба  худ хос қайд мекунанд.

Дар деҳаи Тусиён ва Бодоми водии Шоҳдара шаби пеш аз Наврӯз пеш аз хуфтан ё саҳарӣ, пеш аз ҳама, дар  рӯзи якуми ин иди баҳорӣ кадхудои хона ба порухона рафта, чаҳор пораи  пору  гирифта, ҳангоми дохили хона шудан «Шогун баҳор муборак» мегӯяд. Кадбонуи хона «Ба рӯйи шумо муборак»  гуфта, ба китфи росташ гарди орд мепартояд. Ин поруҳоро дар оташдони хона саҳарӣ ҳар чӣ барвақттар дармегиронанд, то ки дуди хонаи онҳо ҳар чӣ барвақттар барояду ба хонаи онҳо «вийин мафиропт» офат нарасад. Ин русум дар дигар деҳаҳо ба қайд гирифта нашудааст. Дар аксарияти деҳаҳои Шоҳдара (ҳатто дар Тусиён ва Бодом ҳам баъди порударгиронӣ) сараввал марди хона субҳи барвақт (ӯро бояд касе набинад) ягон чизи сурхрангро гирифта (одатан кӯрпача), дар берун овезон ё болои девори ҳавлӣ ё боми хона мегузорад. Ин русумро «сурхбарорӣ» ё «сурхгузорӣ» меноманд. Баъди русуми «сурхбарорӣ» ба тановули хӯроки субҳона шурӯъ мекунанд. Хӯроки субҳона асосан аз шир ва анвои ширӣ, ба монанди «кочи» — атолаи ширдору равғанин, ширрӯған  ва ширчой омода мекунанд. Шир рамзи сафедӣ-рӯшноӣ, покӣ ва беолоиширо аз як тараф ифода кунад, аз тарафи дигар яке аз неъматҳои асосии хӯрока ба шумор меравад. Дар баъзе ҷойҳо қабл аз таоми субҳона фарзанди хурдии хонавода бо кумаки падар ё модар нонрезаро  ба шир тар карда, рӯйи яке аз шаҳсутунҳои хонаи аҷдодӣ,  ки дар тарафи чапи оташдон (кисор) воқеъ аст, бо номи кампирстан (сутун) ёд мешавад, мечаспонад. Баъд аз тановули субҳона ҳамаи аъзои оила тамоми асбобу анҷом, палосу намад, кӯрпаю болишти хонаро берун мебароранд ва русуми дудазанӣ оғоз мегардад. Аз рӯйи анъана дудаи сиёҳи хонаро бо ҷорӯбҳои сурх (руштвидирмак) тоза мекунанд. Руштвидирмакро пешакӣ вақти тобистон ҷамъ карда, махсус барои Наврӯз нигаҳ медоранд. Барои бастани ҷорӯбҳо, ки онро русуми видирмвист (бастани ҷорӯб) меноманд, вақту соати нек (суот) аз халифа мепурсанд. Сурхии ҷорӯб, ки рамзи шодию ҳаёт (хуни бадан) аст, ба муқобили дудаи сиёҳ, ки рамзи бадбахтию марг (хуни лахтшудаи сиёҳ) аст, равона шуда, бо баровардани дуда аз хона нишони ғалабаи ҳаёт бар марг, равшанӣ бар торикӣ, покӣ бар ифлосӣ, гармӣ бар сардӣ аст.

Дар  деҳаҳои Шоҳдара ду ё чорто ҷорӯб мебанданд, ки яке ё як ҷуфт пиёдаҷорӯб ном дораду дигаре савораҷорӯб. Савораҷорӯбро барои тоза кардани шифту ҷойҳои баландии хона, пиёдаҷорӯбро барои пойгаҳу суфаҳо ва ҷойҳои дигари поёнии хона истифода мекунанд.

Дар баъзе деҳаҳои водӣ, вақте ки занон тоза кардани хонаро анҷом медиҳанд, савораҷорӯбро ба воситаи равзани хона (рӯз) ба бом мебароранд. Дар баъзе деҳаҳо бо онҳо  ду кулча ҳамроҳ мекунанд.  Касе, ки ин ҷорӯбҳоро дар болои бом мегирад, соҳиби кулчаҳо мешавад.  Пиёдаҷорӯбро бо партов аз хона ба воситаи дар бароварда, ба ҷойе мепартоянд, ки он ҷо қадами касе нарасад.

Баъд аз дудазании хона русуми ордзанӣ оғоз меёбад. Барои орд задани хона кадбонуи хона пешакӣ тоҷ тайёр мекунад. Тоҷ аз танаи гандум дар шакли доира бофта шуда, дар дохилаш бо шакли сваста-аста (свастика) ё дар шакли кафу панҷ ангушти кушода, рамзҳои қадимтарини ориёиҳо ё нақшҳои ҳархела бофта насб карда мешавад. Ҳангоми нақш мондан дар ҳар як сутуну ҷойҳои хона кадбону номи онҳоро гирифта, бо шогун баҳоронҳоро муборакбод менамояд. Баъди пок сохтани  хона  аҳли хонавода ва баъдтар ҳамсояҳою ҳамдеҳагон касе, ки вориди хона мешаванд, ҳар як касе навдаҳои бед гирифта, ба хона даромада мегӯянд: «Шогун баҳор муборак» кадбонуи хона «Ба рӯйи шумо муборак» гуфта, ба китфи ҳар яки онҳо гарди орд мезанад ва ҳамдигарро муборакбод мекунанд.

Дар русумҳои «хонагаштак», бозиҳои наврӯзӣ (арғунчакбозӣ, аққолбозӣ,  гӯйбозӣ,  гӯштигирӣ, бузкашӣ, тухмҷангандозӣ), «кило-ғуз-ғуз» — гурӯҳ -гурӯҳ ё тамоми сокинони деҳа ширкат меварзанд. Хонагаштак дар баъзе маҳалҳо то дер идома меёбад. Ҳар як деҳа вобаста ба шароиту русуми аҷдодии худ онҳоро анҷом медиҳанд. Бояд қайд кард,  ки дар водии Шоҳдара баъзе авлодҳо ҳангоми пухтани «боҷ» аъзои хонаводаҳояшон бояд аз ҷой  наҷунбанд ва гап назананд, ҳангоми овардани оби боҷ (боҷха) ҳам гап задан мамнӯъ аст. Ҳамчунин русуми маъмули «аловпарак»-ро низ на ҳамаи сокинони водӣ ба ҷо меоранд. Масалан, дар деҳаи Тусиён агар қисмати зиёди авлодҳо ин русумро ба ҷо оранд, дар авлоди баъзеҳо аз замони пеш ин русум роиҷ набудааст. Дар русуми баъзеҳо «фалакзании марди деҳқон» маъмул аст, ки он чунин аст:

Дар шаби якуми наврӯзӣ, вақте ки боҷ мепазанд, аз аъзои хонавода як бача ё ҷавонро ҳамчун одами аз ҳама пок      интихоб карда, дар пеши оташдони хона ба ӯ гилим мепӯшонанд. Ду нонро  дохили рӯймол гузошта, дар миёнаш мебанданд. Дар сараш салла ё тоқӣ мегузоранд. Сипас, ӯ файбел ё белро ба китфаш гузошта, ҳамчун «рамзи деҳқон» аз хона ба берун баромада, аз берун дуртар аз ҳавлии хона фалаксароӣ карда, дохили хона мешавад. Ва кадбонуи хона  ӯро гарди орд мезанад, барояш дастархони наврӯзӣ ороста, аз дохили боҷ гӯшти каллаи гӯсфанди пухтаро ба ӯ медиҳанд.

Дар умум, вижагиҳои Наврӯзи Бадахшон вобаста ба чунин омилҳо: мавқеияти ҷуғрофӣ, табиат ва иқлими маҳал, сатҳи зиндагии мардум, фарҳанги хоси моддию маънавӣ ва ғайра пайдо шуда, дар рафти таърих ба таҳавуллот дучор гашта, то ба имрӯз дар шаклҳои гуногун ба мо мерос мондаанд.

Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»