Барномаи рушди водии Хуф таҳия мегардад

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим бо роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз водии Хуф дидан намуд ва бо сокинони ин водӣ мулоқоти  судманд анҷом дод. Раиси вилоят зимни суханронӣ дар бораи дастовардҳои вилоят тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар, бахусус давоми даҳсолаи охир, бо мисолҳои  мушаххас ҳарф зад. Ӯ аз ҷумла  таъкид дошт, ки шаҳди меваи истиқлолият бештар ба мардуми Бадахшон насиб гардид. Тамоми дастовардҳо ва рушди иқтисодӣ, нигоҳ доштани  равиши муътадили он аз таъсири буҳрони иқтисодии молиявӣ дар натиҷаи оромию субот, ваҳдату якпорчагии миллат, бо роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд ва  тамоми сокинони кишвар бояд  аз ин шукргузор бошанд ва барои ободии кишвар саъю талоши бештар намоянд.

Сипас, бо раиси вилоят суҳбати ошкоро ҷараён гирифт ва ҳозирон оид ба рушди минбаъдаи водӣ, ки дар шароити махсуси иқлимию табиӣ воқест, роҳи ҳалли як қатор мушкилоти иҷтимоӣ, ки ба ин масоил иртибот доранд, таклифҳо пешниҳод намуданд. Раиси вилоят Қодири Қосим ба роҳбарони идораву муассисаҳои дахлдори вилоятӣ супориш дод, ки барои  сари вақт ҳаллу фасл намудани мушкилоти мавҷуда тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд. Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят вазифадор гардид, ки Барномаи рушди иқтисодӣ- иҷтимоии водии Хуфро таҳия намояд.

Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ,  «Садои мардум»