Бародари язгуломӣ, таърих сабақ меомӯзад!

№108 (3093) 29.08.2013

(Сайри такомул ба тафаккури худӣ)

Тавре ки Бадахшонро дар ангуштарии Тоҷикистон меҳрварзон нигин медонанд, водии мардхез, фарҳангшумул ва меҳмоннавози  Язгуломро низ қадршиносон, бахусус  сокинони дигар қисматҳои ноҳияи Ванҷ бо меҳри холисонаи беканор ва меҳру муҳаббати хоса, бародарвор марвориди ягона ва мумтоз унвон мекунанд. Самимият, ҷасурӣ, олиҳимматӣ ва якрӯйӣ ҷанбаҳои ахлоқии ин мардумро ифода мекунанд. Онҳо мисли дигар намояндагони гӯшаҳои Тоҷикистони азиз  майли беандоза ба боғдорӣ, фарҳангдӯстдорӣ ва гӯштигирӣ доранд.

Шошо паҳлавон, устодони варзиш Гундаков, бародарон Шайховҳо, Б.Сабзалиев, Каримов ва дигар паҳлавонони ин диёр ба танҳоӣ ва дар ҳайати хонавода рамзи мағлубнопазирии ҳар як язгуломианд. Сустиву заифӣ ва инфиъолиро дар ин минтақаи кӯҳистони тоҷик намепазиранд.

Олимони зодаи ин водӣ, ба таври интихобӣ Абдулқодир Алиев (Алавӣ)- докторанти Академияи илмҳои Россия, Исмоил Раҳимов номзади илмҳои филологӣ мавқеи хосаи созандаи илмӣ дар дохил ва хориҷи кишвар доранд. Ансамблҳои оилавии Амрихудоевҳо ва Қувватовҳо, ҳунармандони чирадаст Ҷумъа Исоев, Исломиддин Доштов дар гузашта ва имрӯз парчамбардори сазовори санъати ҷумҳурианд.

Таърих гувоҳ аст ва таърихшиносон шоҳид, ки бо истинод ба асарҳои шарқшиносон Андреев, Розенфелд, Семенов, Язгулом маҳди гаҳвораи пайдоиши ориёни асил будааст, ки зодагонаш бо хислатҳои зоҳирӣ (таносуби мусбати андом, чашмони обӣ ва қадду қомати мавзун) ва раҳмдилии бемислу монанди ботинии худ аз дигарон фарқ мекунанд. Забони язгуломӣ танҳо дар водии ҳамном ва дар қарияи Убағни вулусволии Моҳи майи Афғонистон (он ҳам 3-4 хонавода), рӯ ба рӯйи Дашти Язгулом, арзи вуҷуд дорад. Ёдам меояд, ки дар айёми шӯравӣ барои омӯхтани забони язгуломӣ аз Донишгоҳи Ленинград мутахассисон сафарбар карда шуда буданд.

Мақсад аз ин ифтитоҳи сухан, ки шояд андаке ба дарозо кашид, ёдоварӣ аз рӯзгори таърихӣ, заҳмат ва маҳсули намояндагони ин водии зархез мебошад.

Ин ҳама хислатҳои нодир ва мусбат, бо шунидани ахбори таъин шудани Саодатшо Адолатшоев ба ҳайси раиси бахши ҲНИТ дар Бадахшон, ки худро Язгуломӣ медонад, нақшро ба об кард, фикру хаёлотамро ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бурд. Ба замоне, ки муллонамоёни наҳзатӣ аз ғурури кӯҳистонии язгуломиён истифода карда, бисёри ин ҷавонони диёрро бо баҳонаҳои бофтаву сохта таҳрик ва туъмаи оташи ҷанг карданд.

Бо партови шиори «Ҳар ҷо, ки ҷанги номист, бидон, ки язгуломист!», муллоҳои ҳизбгаро чун тарошаи аз бом афтода, аввал дар майдони Шаҳидон ва баъдан дар шароити «ҳукумат дар ғурбат» дар шаҳри Толиқон бо нохун задан ба эҳсосоти мазҳабӣ ва динии ноб баъзе аз намояндагони водии Язгулом ва маҳаллаҳои язгуломнишини Табачка, Комбинати гӯшт, Чортути шаҳри Душанберо айёрона ба хуну хок оғӯшта карданд.

Соли 1997-ум, вақте ки истиқрори сулҳ ба вуқуъ пайваст ва тақсимоти вазифа барои мухолифин оғоз гардид, ба истиснои Мулло Зайниддин дигар язгуломиҳо  ҷою макон пайдо накарданд. Тасаввуре дар зеҳни дигарон пайдо шуд, ки ҲНИТ ва ёрони вафодораш аз язгуломиҳо танҳо ба ҳайси неруи пиёданизом истифода карданду халос. Саодатшо Адолатшоевро банда мешиносам, ин шахси миёнақади кулуфт бо дониши заифи динӣ ва ҳангомапардозиаш ва ҳамчунин бартарӣ додан ба пушидани либосҳои пироҳантунбони афғониаш дар Язгулом ва шаҳри Хоруғ фарқ мекунад. Кӯтоҳназар ва пойбанди таассуби динист, аз пеши биниаш дуртар касеро намебинад. Ҳунари таҳлили амиқи воқеаҳои атрофро надорад, аз усули давлатдорӣ фарсахҳо дур  аст ва ҳатто дарк намекунад, ки ҲНИТ дар арафаи буҳрони даруниҳизбӣ дасту поча мезанад. Дар ин давраи сакароти бехудӣ барои ин ҳизби хилофангез ҳамчун ҳезум барои оташ чунин одамони кӯтоҳандеш мисли Саодатшо Адолатшоев, ки бо амалҳои номатлуб қодиранд ҳам обруйи худ ва ҳам обруйи Ванҷро бирезанд, заруранд. Аз ҷониби дигар, Саодатшо мехоҳад худро фидои наҳзатӣ вонамуд кунад ва ба номи тамоми диёр иснод биёварад.

Дар замони истиқлолият, сарфи назар аз мушкилоти рӯзгор, ванҷиҳо ҳеҷ вақт аз шерозаи ваҳдат канора нарафтаанд ва элитаи маҳаллии ин диёр дар таҳкими таҳкурсии давлатдории муосир дар қатори дигар ватандӯстони диёр саҳмгузор будаанд ва ҳастанд.  Ёдам аст, ки ҳатто дар айёми муноқишаи дохилӣ дар ноҳия намояндагони ҳамаи маҳалҳои Тоҷикистон- соҳибкорон, гӯштигирон ва ҳатто афсарони ҳукуматӣ   бемонеа рафтуомад мекарданд.

Адолатшоев! Бо таъин шуданат ба ин вазифаи ҷанҷолбарангез боз иғвоеро байни Ванҷ ва Язгулом наяндозӣ? Аз тасмими эҳсосиат мардум ба ҳадди аксари оро норозианд ва онро рӯшод маҳкум мекунанд. Мепиндорӣ боз даврае расидааст, ки  язгуломиҳо пиёданизом мешаванду ҳайати роҳбариро наҳзатиҳои муллопараст ба уҳда мегиранд, ба гунаи мақоли «Тентака ҳай бале куштааст?». Як ба атроф ва оламу акноф назар кунӣ, С.Адолатшоев хоҳӣ дид, ки ҳамаи гапу хабар дар ин дунё гирдгардон аст ва бо қотеият ҳукм рондан ҳеҷ гоҳ нашояд. Охир ту Саодатшо Адолатшоев, ҳамон нафаре нестӣ, ки хоҳиши ҳамроҳии Ҷумъбойи Намангонии аҷнабии тоҷиккушро доштӣ. Ба хотири риояи одоб аз фаъолияти ин бегонатабор дар Язгулом иҷтиноб меварзем, вале ту баринҳо чунон нақораи вафодорӣ ба ӯ мезадед, ки гӯё ҳазрати Ҷабраил нозил шуда бошад. Ин «аллома»-и худобехабар на танҳо дар куштани даҳҳо нафар тоҷик дар Тавилдараву Рашт, балки дар Дашти Арчии Афғонистон бар зидди неруҳои А.Масъуд низ саҳмгузор  буд. Чаро ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ, таърихан, бо риояи назокати сухан бигӯем, обру надорад? Ҷавоби ин савол бисёр осон ва барои мардум фаҳмост. Зеро ин ақидаи ҳизбсозӣ ва суханпардозиҳои бефоида  аслан дар мафкураи мардуми ин диёр ангезаи таърихӣ надорад. Парастиши ашхоси руҳонӣ ва дигар «доҳиён»-и дохилӣ аслан хилофи менталитети ин мардум аст. Онҳо агар обру мехоҳанд, баробар ва бо риояи адолати иҷтимоӣ бо мардум  бояд якнаво бошанд.

Дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ, силоҳбадастони марбути ин ҳизб заҷру шиканҷа ва ранҷро нисбати мардум хеле раво диданд. Аз дасти ин силоҳбадастони аз ҳамтоёни афғониашон илҳомгирифта ҳунармандон, фарҳангиёни маҳаллӣ мавриди латукӯб қарор мегирифтанд. Муаллимону духтурон, коммунист ва зиёиёну ҷавононе, ки роҳи онҳоро намепазируфтанд, ҷосусони Ҳукумат эълон гашта буданд. Ҳаминҳо буданд, ки шахсиятҳои баобруйи диёрро, ки гаройиши мазҳабӣ надоштанд ва хусусан мансубияти худро ба ҳизби берешаву бум ҳатмӣ намедонистанд, водор ба фирор аз ноҳия карданд. Ҳамин аст, ки дар вақти ҳукмронии силоҳбадастон дар водии Ванҷ, сарфи назар аз таҳдидҳо ба нишони эътироз шахси  коммунист ва нотарс Раҳмониддин Лоиқов моҳи феврали соли 1995 бо касби орои ҳадди аксар дар интихобот ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баранда шуда буд.

Аз ин лиҳоз, тақозои мо аз Саодатшо Адолатшоев ин аст, ки бо назар ба сабақи таърихӣ ва пойгоҳи қавии иҷтимоии давлатии мардум, ба хотири таҷзия накардани шерозаи ақидатии бошандагони водии Ванҷ аз вазифаи ҳубобӣ ва хасакии раиси бахши ҲНИТ дар ВМКБ даст кашад. Ин беҳтарин туҳфа ба асолати Язгулому язгуломигарӣ дар даҳаи дуюми асри XXI мебошад. Ба назари мо хуб мешуд, муддате чанд ин шахс сар аз гиребони сафсатапардозӣ дигар берун намекард ва хешро такмил медод.

Бо эҳтиром ва орзуи ислоҳи вазъ Р. Мазорбунов

ва имзои боз 120 нафар аз ноҳияи Ванҷи ВМКБ