Дар Мурғоб неругоҳи нав бунёд мегардад

№40 (3186) 22.04.2014

Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб, болои рӯдхонаи Оқсу, неругоҳи барқи обӣ бунёд мегардад. Барои ин кор  маблағи 5 млн. евро аз ҷониби Бонки Олмонии Рушд ҷудо гардида,   байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати барқии «Помирэнержӣ» ва Бонки Олмонии Рушд шартномаи сеҷониба ба тасвиб расид. Сокинони Мурғоб, ки дар иқлими сард ва аз сатҳи баҳр хеле баланд зиндагӣ мекунанд, ба ин неругоҳ  ниёзи зиёд доранд.

Солҳои наздик, тибқи нақша, се неругоҳи миёнаҳаҷм дар вилоят бунёд мегардад, ки яке аз онҳо Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, дигарӣ Неругоҳи  барқи обии «Санобод» дар ноҳияи Рӯшон ва саввумӣ Неругоҳи барқи обии «Мурғоб» дар ноҳияи Мурғоб мебошанд.

Айни замон дар қаламрави вилоят Неругоҳи барқи обии «Помир-1» ва Неругоҳи барқи обии «Хоруғ» бо иқтидори пурра фаъолият дошта, 80 фоизи аҳолии қаламрави ВМКБ ба неруи барқ дастрасӣ дорад.

Маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ва навоҳии гирду атрофи он шабонарӯз аз неруи барқ таъмин мебошад. Танҳо 20 деҳаи дурдасти кӯҳистон тариқи реҷа аз барқ таъмин мегарданд, ки бештари ин деҳаҳо дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Мурғоб ҷойгир мебошанд ва солҳои наздик бо бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд норасоии неруи барқ дар ин деҳот ҳал хоҳад гашт.

Айни замон дар ноҳияи Мурғоб  Неругоҳи барқи обии «Оқсу», ки солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст, фаъолият дорад. Дар фасли зимистон, ки ҳарорати ҳаво дар ин ноҳия ҳатто  то ба 45 дараҷа хунукӣ мерасад, оби дарё ях мебандад ва мушкилиҳои зиёдро дар кори неругоҳ ба миён меорад.

Аҳолии ноҳияи Мурғоб имрӯзҳо бештар  аз таҷҳизоти аз гармии офтоб неруи барқҳосилкунанда истифода мебаранд ва бо ба охир расидани корҳои лоиҳакашӣ имсол бунёди Неругоҳи барқи обии «Мурғоб»  дар дарёи Оқсу оғоз меёбад.

Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»