Маҳфили бонувон

№134-135 (3280-3281) 15.11.2014

Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон барои бонувон маҳфили фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ баргузор гардид. Дар маҳфил раиси Суди иқтисодии ВМКБ Давлатмо Додихудоева ва шоира Руқияи Давроншо ширкат варзиданд.

Раиси Суди иқтисодии вилоят оид ба ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон тибқи муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, зикр кард, ки ин  ҳуҷҷати муҳими даврони соҳибистиқлолии кишварамон яке аз беҳтарин санадҳои ҷаҳонӣ эътироф гардида, ҳифзи ҳаёт, шаъну шараф, номус ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳамчун арзиши олӣ кафолат медиҳад. Мавсуф оид ба нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ ибрози андеша карда, гуфт, ки маҳз қабул гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба рушди минбаъдаи босуботи кишвар мусоидат намуд. Ӯ дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии имрӯзаи ҷумҳурӣ, вилоят ва куллан дигар шудани симои шаҳру деҳотро ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу салоҳ дар кишвар марбут дониста, зикр намуд, ки осоиштагӣ худ як неъмати Худодод аст ва онро ҳар яки мо бояд чун гавҳараки чашм ҳимоя кунем. Давлатмо Додихудоева ҳамчунин ба саволҳои зиёди ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ посухҳои мушаххас дод.

Шоира Руқияи  Давроншо ба бонувони маҳфил маҷмӯаи нави ашъорашро бо номи «Гаҳвораи умед» муаррифӣ ва чанд порчаи шеъриро аз он қироат кард. Муовини раиси ноҳия Заррина Абдулмаинова маҳфили ҳуқуқӣ ва фарҳангиро муфид арзёбӣ намуда, гуфт, ки чунин маҳфил бо иштироки занони ноҳия ва вилоят дар оянда бештар баргузор хоҳад шуд.

Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»