Марди бунёдкор

№147 (3293) 09.12.2014

MПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон, ки 14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд дода, аз ҷумла чунин зикр намуд: «Шумо — соҳибкорону сармоягузорон, қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва неруи созандаву ободкори Ватанамон мебошед».

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баробари ҶСП «Барқи Помир», ҶСП «Бадахшон ТАДЭС», ҶДММ «Хӯҷаназар», ҶДММ «Панҷ» ва ҶДММ «Назрӣ» ҳамчунин КММ «Бунёд» дар беҳдошти зиндагонии мардум, рушди бунёдкорӣ нақши муассир дорад.

Ба ин корхона марди шарифу хоксор ва босавод Гуламадшо Шоҳсафедов сарвар аст. Бо Гуламадшо охирҳои солҳои ҳафтодуми қарни гузашта шинос гардидам. Он солҳо рӯзномаи «Бадахшони советӣ» ба маҳаллаи Шошхоруғ кӯчида, бинои корӣ надошт. Барои мудирони шуъбаҳо дар матбааи вилоятӣ ҷойи кор муҳайё намуданд, мухбиронро ба сабаби набудани утоқҳои корӣ дар паноҳгоҳи Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят ҷойгир  намуданд.

Роҳбарияти онвақтаи Ҳизби коммунист ва ПМК-148 сохтани бинои редаксияро ба уҳдаи Гуламадшо Шоҳсафедов гузоштанд.Гуламадшо ва коллективаш тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ бинои дуошёнаро сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.

Солҳо пайи ҳам мегузаштанд. Ҳангоми сафарҳои хизматӣ ба ноҳияҳои вилоят, пеш аз ҳама, Гуламадшоро хабар мегирифтам. Заҳматҳои ӯро баҳри ободии диёр дида, шод мегаштам. Чунки ҳадафи ин мард ободонию созандагии диёраш аст.

Гуламадшо Шоҳсафедов зодаи деҳаи Мун аст. Дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Қиблагоҳаш яке аз шахсони фозили деҳа ба ҳисоб мерафт. Ӯ мехост, ки фарзандаш пас аз хатми мактаби деҳа соҳиби касбу ҳунар гардад.

Гуламадшо бо дуои падар роҳи шаҳри Душанберо пеш гирифт. Ҳуҷҷатҳоро ба техникуми бинокорӣ супорида, баъди хатм ба Колоннаи сайёри механиконидашудаи рақами 148-и вилоят ба кор омад. Он солҳо сохтмончиёни касбӣ дар вилоят ангуштшумор буданд. Пӯшида нест, ки калонтарин биноҳои шаҳри Хоруғ, ба мисли матбааи вилоятӣ, редаксияи рӯзномаи «Бадахшон», мактабҳои ба номи Шоҳниёз Меҳтаршоев ва Шоҳҷон Шоҳнаврӯзов бо дасти бинокорони гулдасти прораб Гуламадшо Шоҳсафедов сохта шудаанд.

Кори сохтмон дар муҳити кӯҳистон, хусусан ноҳияи Мурғоб, заҳматталаб аст. Аз ин лиҳоз, ба ин ноҳияи баландкӯҳ сохтмончиёни соҳибтаҷриба фиристонда мешуданд. Гуламадшо дар ноҳияи Мурғоб солҳои тӯлонӣ кор кард. Ҳар як иншоотро сари вақт бунёд мекард. Дар ин мавзеи баландкӯҳ меҳмонхона барои 50 ҷой, хонаҳои истиқоматии ҳашт ва дувоздаҳҳуҷрадор, бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дар маҳаллаҳои Тохтамиш, Шаймоқ, Чичикдеҳ, Рангкӯл бунгоҳҳои тиббиро сохт. Ҳар як иншооти сохтааш аз тарафи коммисияи дахлдор баҳои баланд мегирифт.

Баъди сӣ соли фаъолият дар идораи ПМК -148 соли 2000-ум Гуламадшо Шоҳсафедов Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Бунёд»-ро ташкил кард. Ӯ бинокори асил аст ва хуб дарк кард, ки бе техникаву механизмҳои сохтмонӣ кораш пеш намеравад. Ба ин хотир ба зиёд кардани иқтидори техникии корхона пардохт. Имрӯз корхона соҳиби кранҳо, экскаватор, автомашинаҳои боркаш, узели бетонтайёркунӣ ва автомобилҳои мусофиркаш мебошад.

Бо ин техникаву механизмҳо ӯ солҳои охир як қатор иншоот, аз ҷумла бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, нозироти андоз, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии вилоят, мактабҳои деҳоти Боғев, Барсем, Навобод, хобгоҳи дуюми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев, хобгоҳ барои сарҳадчиёнро сохта, ба истифода додааст. Имрӯз коллективи корхона дар бунёди комплекси варзишии вилоят меҳнат мекунанд.

Гарчанде ки синну соли Гуламадшо аз  шаст гузашта бошад ҳам, хастагиро эҳсос намекунад. Ҳамроҳи фарзандонаш Саломатшо, Саидтайиб кор мекунад, чун мураббӣ ва пири кор ҷавононро ба ободкорӣ ва созандагӣ ҳидоят менамояд.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»