Иҷрои Қонун

Мавқеи дин дар таҳкиму суботи ҷомеа

№144 (3290) 02.12.2014

Ба қарибӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон  ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим  мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода шуд. Сармутахассиси ин шуъба Сардорбек Азорабеков доир ба вазъи иҷрои қонунҳои зикршуда чунин изҳори назар намуд:

-Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳамеша таҳти назорати роҳбарияти ноҳияҳои номбурда қарор дорад. Баҳри дар амал татбиқ намудани он кори зиёд ба сомон расонда шуд. Ба ин хотир гурӯҳҳои корие, ки дар ҳайати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор таъсис ёфтаанд, дар ҷамоатҳои деҳот суҳбату вохӯриҳо доир намуда, ба мардум моҳият ва мафҳумҳои асосии қонун, аз ҷумла озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, муносибати дину давлат ва ғайраро фаҳмонида истодаанд.

Соли равон рафти иҷрои қонунҳои мазкур дар маҷлиси васеи назди раиси ноҳияи Роштқалъа ва ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳияи Ишкошим муҳокима гардид ва тибқи қарорҳои қабулшуда, роҳбарони идораю муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот вазифадор шуданд, ки ҳар нимсола ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ин хусус маълумот пешниҳод намоянд.

Масъалаи бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои динӣ таҳти назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо қарор дорад. Дар ҳудуди ин ноҳияҳо, ки сокинонашон пайрави тариқаи исмоилияи дини мубини Ислом ҳастанд, то ҳоло ташкилот ва ё иттиҳодияҳои динӣ вуҷуд надоранд. Роҳбарии ҷамоаҳои динӣ дар маҳалҳо ба зиммаи халифаҳо гузошта шудааст, ки фаъолияти онҳо аз ҷониби шуъбаи  оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои вилоят ва бахшҳои он дар ноҳияҳо  назорат карда мешавад. Айни ҳол дар ноҳияҳои Роштқалъа 12 ва Ишкошим 13 халифа фаъолият доранд.

Моҳи майи соли равон дар вилоят маъракаи аттестатсия ё мувофиқаи интихоби халифаҳо гузаронида шуд. Саволномаи аттестатсия дар доираи донишҳои исломӣ, қонунҳои ҷумҳурӣ доир ба дин, анъана ва ҷашну маросимҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин мавқеи халифаҳо дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа, сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеа, созандагию бунёдкорӣ таҳия гардида буд.

Мувофиқи хулосаи комиссияи аттестатсионӣ 11 нафар халифаи ноҳияи Ишкошим ва 11 нафар халифаи ноҳияи Роштқалъа аз аттестатсия гузаштанд. Як нафар халифаи ноҳияи Роштқалъа ва ду нафар халифаи ноҳияи Ишкошим, ки бо сабабҳои узрнок дар аттестатсия иштирок карда натавонистанд, то охири сол аз мувофиқа ё аттестатсия хоҳанд гузашт.

Барои ду халифа аз ноҳияи Ишкошим ва як халифа аз ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маош таъин шудааст ва фаъолияти онҳо тибқи дастурамал ба роҳ монда мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сиёсати давлатиро дар масъалаи муносибат ба дин, ки аз фош намудани равия ва ҷараёнҳои динии ба амнияти ҷомеа ва сохтори конститутсионӣ таҳдидовар иборат мебошад, сармашқи фаъолияти хеш қарор додаанд. Санҷишҳо ва рейдҳои муштараки соли равон гузаронида нишон доданд, ки дар бозорҳо, дӯконҳои китобфурӯшии ҳар ду ноҳия адабиёт ва фиттаҳои дорои хусусияти экстремистӣ, ифротгаройӣ, тарғиби ғояҳои бегонаи динӣ фурӯхта намешаванд. Дар ҳудуди ин ноҳияҳо ягон ҷараёни динии дорои хусусияти радикалӣ ё экстремистӣ пинҳонӣ ё ошкоро фаъолият намебарад.

Дар масъалаи боз доштани ҷавонон аз таҳсил дар мактабҳои динии хориҷӣ дар ноҳияҳои зикршуда корҳои тарғиботию ташвиқотӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, то кунун ягон нафар ба макотиби динии хориҷӣ нарафтааст. Дар ҳудуди ин ноҳияҳо мадраса, гурӯҳҳои таълими динӣ ва таълими ҳуҷрагии динӣ вуҷуд надорад. Ташкил ва сафарбаркунии хоҳишмандон ба ҳаҷҷи фарзӣ дар доираи қонунгузории мавҷуда ба роҳ монда шудааст.

Баробари ин, дар рафти санҷишу омӯзиши иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва  қонунҳои марбута аён гардид, ки сарфи назар аз пешравиҳо, дар ин самт ҳанӯз камбудию норасоиҳо ҷой доранд. Шароити кори аксарияти кормандони бахш оид ба корҳои дин ва сармутахассисони ҷамоатҳо ҷавобгӯйи талабот нест, хусусан набудани утоқи алоҳидаи корӣ, таҷҳизоти компютерӣ фаъолияти онҳоро душвор мегардонад. Дар натиҷаи тез-тез иваз шудани кормандон самараю сифати кор ҳар чӣ бештар коҳиш меёбад. Чунончӣ, дар ноҳияи Роштқалъа дар давоми се соли охир як нафар мутахассис, панҷ нафар сармутахассисони ин бахш дар ҷамоатҳои деҳот иваз шудаанд. Ҷамоати деҳоти «Барвоз» то ҳоло сармутахассис оид ба корҳои дин надорад. Дар ноҳияи Ишкошим бошад, мудири бахш дар тӯли ҳафт соли охир панҷ бор, сармутахассисони аксари ҷамоатҳои деҳот дуборию себорӣ иваз шудаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим баъди санҷиш ва тавсияҳо тасмим гирифтаанд, ки дар роҳи татбиқи қонунҳои зикршуда минбаъд ҳамкории хуби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятию диниро таъмин карда, тарғибу ташвиқи арзишҳои умумибашарӣ, динӣ ва ахлоқиро мувофиқ ба сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самарабахш ба роҳ монанд.

Таҳияи Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»