Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо намояндагони доимии Созмони Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнани, президенти Шӯрои шиаи исмоилии аълоҳазрат Шоҳзода Оғохон Шамш Кассим Лакха дар Тоҷикистон Шарофат Мамадамбарова, директори генералии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Богдан Кравченко ва директори сохтмон ва иншоот Грант Робертсон мулоқот намуд. Дар он ҷонибҳо аз рӯйи масоили густариши дурнамои ҳамкорӣ дар риштаҳои тандурустӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ, таъмини сокинони шаҳр бо манзили истиқоматӣ, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ мубодилаи афкор намуданд.
Яке аз мавзӯъҳои муҳими ин мулоқот татбиқи пурраи лоиҳаи сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ҷамоатхона дар маркази вилоят буд. Зикр шуд, ки то охири соли равон барои корҳои сохтмонӣ наздики 25 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст ва то соли 2017 бо сарфи бештар аз 62 миллион доллари амрикоӣ бинои ин донишгоҳ бояд ба итмом расад. Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва намояндагони ташкилотҳои мазкур оид ба такмили касбу тахассуси кормандони соҳаҳои тандурустӣ ва маориф низ ба мувофиқа омаданд ва дар оянда аз рӯйи ин масъала ҳамкориро идома медиҳанд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»