Дар деҳаи Деҳи деҳоти ба номи Муъминшоҳ Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшон Неругоҳи барқи обии 50 -киловатта ба истифода дода шуд. Неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 15 кВт, ки чанд сол пеш бо маблағи ҷамъовардаи сокинон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ёфта буд, танҳо 5-6 моҳ (айёми сероб шудани сойи деҳа) фаъолият мекард. Ҷойи таассуф аст, ки ин неругоҳ ба иллати дастсохт ва фарсуда будани аксари таҷҳизоташ зуд-зуд аз кор мебаромад ва солҳои охир куллан корношоям шуда буд.
Бо супориш ва дастури раиси ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 130 ҳазор сомонӣ барои азнавсозии НБО- и деҳаи Деҳ ҷудо гардид.Ин маблағ барои харидани агрегату қубурҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ самаранок сарф шудааст.
Акнун мардуми деҳаи Деҳ бо қувваи барқ таъмин гардидаанд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»