Ранҷ ва ганҷҳои Ванҷ

№95 (3241) 12.08.2014

Ноҳияи Ванҷро пурганҷ мегӯянд, вале мусаллам аст, ки ҳеҷ ганҷе бе ранҷ ба даст намеояд.

Соли равон барои маскунони ноҳияи Ванҷ бобарор омад. Дар ҳудуди он сохтмони чандин иншоот анҷом ёфта, сохтмони боқимонда идома дорад. Аз ин сабаб симои маркази ноҳия ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Бо мақсади ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна дар маркази ноҳия сохтмони сехи дӯзандагӣ ва бозори нав ҷараён дорад. Бозори нав, ки дорои зиёда аз 100 нуқтаи фурӯш мебошад, ба Ҷамъияти матлуботи ноҳия тааллуқ дошта, бо маблағгузории Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бунёд шуда истодааст.

Тавре иттилоъ гирифтем, барои сохтмони бозори нав зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷудо гардидааст.

Он дорои шароитҳои зарурӣ буда, ҳатто дар рӯзҳои боронӣ ҳам савдо қатъ намегардад.

Дар баробари бозори нав, сохтмони корхонаи дӯзандагӣ анҷом ёфта истодааст. Корхонаи мазкур бо супориши бевоситаи Президенти кишвар бунёд мегардад.

Корхонаи фавқуззикр дорои 50 ҷойи корӣ буда, бояд дар арафаи рӯзи Истиқлолият ба истифода дода шавад.

Корҳои созандагию ободонӣ на танҳо дар маркази ноҳияи Ванҷ, балки дар шаш деҳот ҳам ба мушоҳида мерасад. Барои мисол, дар дурдасттарин деҳот-«Рованд» имрӯз сохтмони иншооти муҳими хоҷагии халқ босуръат идома ёфта истодаанд. Дар ин бора раиси Ҷамоати деҳоти «Рованд» Рустам Ёдгоров чунин мегӯяд:

- Дарёи пуртуғёни Ванҷоб ҳамасола дар мавсими тобистон соҳилҳояшро шуста, даҳҳо гектар заминҳои кишт ва боғотро хароб месозад. Ҳамасола барои наҷоти он аз ҳисоби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар манбаъҳо барои пешгирии ин ҳолат маблағҳои муайян ҷудо мегарданд. Имсол дар деҳаҳои Ван-ван, Вишхарвак, Равгада ва Мурғатгаи деҳоти «Рованд» корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз ёфта, дар баъзе мавзеъҳо аллакай ба охир расидааст.

Тавре маълум гардид, дар мавзеи Ван-ван садди обнигаҳдории 75-метра ва Мурғатгаҳ садди обнигаҳдории 150-метра аллакай сохта бунёд гардидааст, ки зиёда аз 25 гектар заминҳои кишт ва боғотро аз хатари обхезӣ эмин нигоҳ медоранд. Як қисми ин техникаҳо аз тарафи соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов ба ихтиёри коргарони Идораи хоҷагии оби ноҳия дода шудаанд, то онҳо тавонанд соҳилҳои харобгаштаро мустаҳкам намоянд. Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти «Рованд» дар ободонии диёрашон ҳиссаи назаррас доранд.

Дар яке аз сафарҳои Президенти кишвар ба ноҳияи Ванҷ соҳибкорзан Васила Ғафурова зарурати дар ин макон ба роҳ мондани коркарди равғани ангатро ба миён гузошт, зеро ангат дар лаби Ванҷоб фаровон мерӯяд. Чунин имконият ба ин бонуи кордон фароҳам оварда шуда, дар деҳаи Ғиҷоваст бинои Корхонаи коркарди ангат бунёд гардид.

Тавре маълум гардид, ду бинои корхона бунёд гардида, дар рӯзҳои наздик таҷҳизоти зарурӣ барои коркарди меваи ангат васл мегарданд. Ба ин васила зиёда аз даҳ нафар деҳотиён соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Соҳибкорони ин диёри дурдаст ният доранд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои зиёда аз 200 нафар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оранд. Айни ҳол 35 нафар ҷавонони маҳаллӣ бо мусоидати соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов ба корҳои ободонӣ машғуланд.

Ба мақсади ободонии замини бекорхобида ва шодоб гардондани он соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов ва бародарону ҳамфикронаш ба қарор омаданд, ки дар сари замин ҳавзи калони обнигаҳдорӣ созанд. Ғунҷоиши он зиёда аз 200 метри мукааб об буда, дар мавсими камобӣ метавонад киштзору боғот ва сокинонро бо об таъмин намояд.

Баъди сохтмони ҳавз Муфарраҳ Муҳаббатов ба бунёди боғ даст зад. Дар муддати кутоҳ дар ду гектар замин 650 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва зиёда аз 1200 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонда шуд.

Бародари соҳибкор, мутасаддии корҳои сохтмонӣ Собит Муҳаббатов арз дошт, ки мақсади ниҳоии онҳо ташкил намудани хоҷагии аз ҳар ҷиҳат худкифо маҳсуб меёбад. Сохтмони бинои ферма барои парвариши 50 сар гови ширдеҳ, 100 сар бузу гӯсфанд, 500 сар мурғ ва ҳавзи парвариши моҳӣ босуръат идома дорад. Дар сохтмони ин иншоот ҷавонони маҳаллӣ, ки бештар дар шаҳрҳои Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, меҳнат намуда истодаанд.

Соҳибкор аллакай бо яке аз хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон оид ба хариди моҳичаҳо шартнома баста, бо сохта гаштани ҳавз онҳоро ба ин макон интиқол медиҳад.

Бино ба гуфти Собит Муҳаббатов бо ба анҷом расидани  корҳои сохтмонӣ хоҷагӣ фаъолияташро шурӯъ намуда, 30 нафар маскунони деҳотро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд.

Азбаски яке аз ҳадафҳои асосӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин макон мебошад, соҳибкор дар як гӯшаи зебоманзари боғ меҳмонхонаи замонавӣ сохт.

Чун Ҷамоати деҳоти «Рованд» дар пояи бузургтарин пиряхи Осиёи Марказӣ — Федченко ҷойгузин аст, таваҷҷуҳи сайёҳони зиёдеро ба худ ҷалб менамояд. Маҳз аз ҳамин сабаб сохтмони меҳмонхонаҳои замонавӣ зарур шумурда шуд. Имрӯз корҳои ороишии он ҷараён доранд.

Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ба як қатор комёбиҳо муваффақ гаштааст. Дар Ҷамоати деҳоти «Рованд» дар баробари ободкориҳои номбаршуда, боз як бозори хусусӣ дар арафаи рӯзи Истиқлолият ба хизматрасонӣ оғоз менамояд. Бозор ба соҳибкор Розиқ Гиёев тааллуқ дорад.

Бозори нав дорои ҳама шароитҳои корӣ буда, дар баробари дӯкон ва мағозаҳо, маркази хизматрасонии маишӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Умуман, на танҳо дар Ҷамоати деҳоти «Рованд», балки дар тамоми минтақаҳои ноҳияи Ванҷ корҳои созандагию ободонӣ вусъат ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум беш аз пеш беҳбудӣ ёфта истодааст.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»