Сағирдашт яке аз калонтарин деҳоти на танҳо ноҳияи Дарвоз, балки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Деҳоти мазкур дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардида, сатҳи рӯзгори мардум баланд рафт. Қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Дар бораи нақша-чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2008-2015» дар бунёдкориву ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳи рӯзгори сокинони деҳоти номбурда такони ҷиддӣ гардид. Соҳаи асосии хоҷагии халқи ин минтақа зироаткорию чорводорист. Мардум ба хотири пешбурди рӯзгорашон заҳмат мекашанд ва натиҷаҳои дилхоҳро соҳиб мешаванд.
Соли 2012 дар ҳама категорияҳои хоҷагии деҳот 31045 сентнер ғалла, 26199 сентнер картошка, 1440 сентнер сабзавот ва 1267 сентнер мева истеҳсол шуд. Ҳоло сокинони деҳот 4259 сар гову гӯсола, 16203 сар бузу гӯсфанд, 160 сар асп, 7869 сар парранда, 1858 оилаи занбӯри асал доранд.
Зимистони Сағирдашт хунук бошад ҳам, манзили сокинони деҳот гарм аст, зеро танҳо соли 2012 дар кони ангишти Равноб 1100 тонна ангиштсанг истихроҷ гардида, кулли сокинони деҳот аз ин намуди сӯзишворӣ таъмин буданд.
Бунёдкорӣ дар Сағирдашт ҷараён дорад. Давоми ду соли охир дар ин ҷо сехи коркарди пашм, як дӯкони фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, ду бунгоҳи фурӯши сӯзишворӣ, 15 мағоза, чор ошхона, як бунгоҳи суратгирӣ бунёд гардид. Корхонаи «Таком голд» соли 2012 ба маблағи 5283, 7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки нисбат ба соли 2011-ум 73, 1 фоиз зиёд мебошад. Хати интиқоли барқи 35 кВт «Тавилдара-Сағирдашт-Қалъаихум» таъмир гардида, сутунҳои чӯбин ба сутунҳои оҳанин иваз карда шуданд ва эътимодияти таъмини барқ мустаҳкам гардид.
Солҳои наздик дар деҳоти Сағирдашт бояд 100 гектар замини бекорхобида мавриди истифода қарор гирад. Дар шаш гектар чунин замин аллакай кишти картошка гузарониданд. Барои сехи дӯзандагӣ заминаи устувор гузошта шудааст. Чанд тан аз занони ҳунарманд корро дар хонаҳояшон оғоз намудаанд. Тибқи нақша, дар деҳаи Қалъаи Ҳусейн бояд 30 гектар боғ бунёд шавад. Ҳоло панҷ гектари он бунёд гардидааст. Соли 2012 дар деҳаи Қалъаи Ҳусейн ба хотири пахши барномаҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон» фиристандаи тавонои 20 Вт насб гардид. Солҳои 2009-2012 ба хотири рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ба 89 нафар ба маблағи 657, 4 ҳазор сомонӣ қарзи кӯтоҳмуддат дода шуд ва ин амал натиҷаи дилхоҳ дод. Соли гузашта 34 тонна асали аз лиҳози табиӣ тоза истеҳсол гардид.
Ҳамин тавр, давоми солҳои наздик деҳоти Сағирдашт ба гӯшаи хеле зебо табдил меёбад. То соли 2015 пулҳои Фарқинг ва Лаби ҷар — Тавилдара – Дарвоз барқарор мегарданд. Роҳи Дударгӣ-Сағирдашт васеъ мешавад. Дар маркази деҳот меҳмонхона, сехи коркарди тилло, китобхона, дар деҳаҳои Клумбаи боло бо иқтидори 250 кВт, Таги Сайдон- 250 кВт, Садиқа -400 кВт неругоҳҳои хурди барқӣ, дар деҳаи Қалъаи Ҳусейн сехи коркарди мева, инчунин дар ҳудуди деҳот сехҳои коркарди пӯсту пашм, дӯзандагӣ, бинои маъмурии деҳоти Сағирдашт, ҳаммом, корхонаи коркарди пиёзи анзур бунёд мегардад. Ҳамзамон хоҷагии занбӯриасалпарварӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва моҳидорӣ ташкил карда мешаванд.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»