Соли наку буд

№1 (3302) 01.01.2015

Соли 2014 дар ноҳияи баландкӯҳ ва дурдасти Дарвоз чӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд? Хабарнигорамон бо ин савол ба раиси ноҳияи Дарвоз, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон муроҷиат кард. Посухи раиси ноҳияро пешкаши хонандагон менамоем:

- Бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоят мо тавонистем корҳои зиёди ободониро оғоз карда, якчанд иншооти муҳими ҳозиразамонро дар ноҳия бунёд намоем. Бо бисёр  вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, инчунин сармоягузорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати бунёди ин иншоот ҳамкориҳои муваффақона доштем.

Аз ҳисоби маблағҳои вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ даҳ иншоот, аз ҳисоби маблағҳои сармояи хориҷӣ 12 иншоот, аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ даҳ иншоот, ҷамъ ба маблағи 93 миллиону 39 ҳазор сомонӣ, сохта шуд, ки аксарияташон аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ёдовар бояд шуд, ки то давраи соҳибистиқлол гаштанамон маркази ноҳия ба  як  деҳаи  назарногир монанд буд, вале имрӯз он ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст. Баъди ифтитоҳи шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ маркази ноҳия-Қалъаихум ноҳияи Дарвоз ба таври шинохтанашаванда обод гашт ва дар он барои фаъолияти пурсамари ҳамаи  сохторҳои  ноҳия  шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуд.

Танҳо соли 2014 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмон, таҷдиди роҳҳои ноҳия, инчунин ҷиҳати дастгирии буҷет ва анҷом бахшидани пардохтҳои иҷтимоӣ 17 миллиону 58 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои соҳаи маориф 10 миллиону 332 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 3 млн. 959 ҳазор сомонӣ, фарҳанг 853 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Барои давом бахшидани сохтмони роҳи Шоҳон- Зиғар 12 миллиону 395 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуд. Аз ҳисоби маблағҳои вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ 16 миллиону 3771 сомонӣ равона гардида, аз даҳ иншооти пешбинишуда 7- тоаш пурра мавриди истифода қарор гирифт.

Буҷети ноҳия нисбати соли 2000-ум 39 маротиба афзуд. Яъне, агар соли 2000-ум буҷети ноҳия 450 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, имрӯз он ба 17 млн. 358 ҳазор сомонӣ расидааст.

Дар маркази ноҳия имсол бинои шашошёна иборат аз  меҳмонхона ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин дар маркази ноҳия сохтмони биноҳои мақомоти амният, корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, яслӣ- боғчаи бачагона ба итмом расид.

Солҳо боз мардуми  маркази ноҳия аз нарасидани қувваи барқ танқисӣ мекашиданд. Моҳи ноябри соли равон аз тарафи Ширкати барқии «Помир-Энерҷӣ» дар ноҳия   хатти нави интиқоли барқи 35 кВт- и  «Қалъаихум – дашти Паткуноб»  ба маблағи зиёда аз 500 ҳазор доллари ИМА дар масофаи 19,2 км ба истифода дода шуд. Дар натиҷа, 17 деҳаи ноҳия бо фарогирии 5220 нафар бо қувваи барқи хушсифат ва боэътимод таъмин гардиданд.

Хатти нави интиқоли барқи 35 кВт на фақат таъминоти қувваи барқро барои  26 фоизи аҳолии ноҳия беҳтар менамояд, балки барои ба системаи барқтаъминкунии Ширкати барқии «Помир- Энерҷӣ» пайваст гардидани деҳоти наздисарҳадии ҷанубу шарқи вулусволии Дарвози Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ замина мегузорад.

Натиҷаи меҳнати софдилонаи аҳолӣ буд, ки имсол дар ноҳия иҷрои нақшаи буҷет дар тамоми соҳаҳо ба андозаи 107 фоиз таъмин шуд.

Соҳибкорӣ низ дар ноҳия ба марҳилаи нав ворид гардид.

Муваффақияти соли 2014 боз дар он аст, ки мақомоти маҳаллӣ дар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ кори зиёд ба анҷом расонданд. Дар ҳамкорӣ бо Барномаи инкишофи манотиқи кӯҳистон МСДСП-и Хазинаи Оғохон, ташкилоти башардӯстонаи байналмилалии «Миссияи Шарқ» ба ноҳия ба маблағи 63 млн. 882 ҳазор сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гашт, ки тавассути он панҷ барнома оид ба сохтмони дукер ва хатти оби нӯшокӣ, сохтмони маркази саломатӣ, синфхонаҳо, бунёди хатти баландшиддат ва ғайраҳо амалӣ мегардад.

Таҳияи Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»