Ба пешвози Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Суннатҳои мардумӣ эҳё мегарданд

№105 (3090) 22.08.2013

Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ намоиши дастовардҳои моддию зеҳнии навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи омодагӣ ба 22 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома дорад. Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҳунармандони ноҳияи Ванҷ дастовардҳояшонро дар ин ҷо ба маърази тамошо гузоштанд. Сокинони шаҳр ва меҳмонони зиёде аз дигар минтақаҳои вилояту ҷумҳурӣ ва ҳатто хориҷи кишвар дастранҷи ҳунармандони мардумӣ — ашёи рӯзгор, таомҳои миллӣ, асбоб-ҳои мусиқию оҳангариро, ки бо сифати хеле хуб тайёр карда шудаанд, бо мароқи калон  тамошо намуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд. Шоири шинохта Пайшанбе Шоҳзодаев, ки дар ин чорабинӣ ширкат дошт, дар суҳбат ба хабарнигорамон гуфт, ки соҳибистиқлолии кишвар имконият  фароҳам сохт, ки суннату ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гарданд ва  маҳсулоти ҳунармандони Ванҷ имрӯз на фақат дар бозори дохилӣ, балки дар хориҷи кишвар ҳам талабгорони зиёде дорад. Ташкили чунин намоишҳо барои тарғиби суннатҳои миллӣ байни мардум, бахусус ҷавонон мусоидат мекунад. Дар ин рӯз инчунин кишоварзони  ноҳия меваю сабзавот, картошка ва дигар намуди маҳсулоташонро ба харидорон бо нархи арзон пешкаш намуданд. Шоми шанбе бошад, санъаткорони ноҳия барномаи ҷолиби консертиро пешкаши мухлисони созу навоҳои мардумӣ гардонданд.

 Шоҳтолиб  ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»