Варзиш — кафили сулҳу иттиҳод

№108 (3254) 17.09.2014

Дар  толори   Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон    вохӯрии  раиси  ноҳия  Худоёр Худоёров бо  варзишгарон  баргузор  гардид.

Раиси  ноҳия  дар  ибтидои  суханронӣ  варзишро  кафили   сулҳу субот,  иттиҳод ва  дӯстӣ маънидод  намуд. Минҷумла зикр гардид, ки    устодони  варзиш  Сангалӣ Наврӯзбеков,  Қурғанқадам  Содатқадамов, Олимхон Руштенов, Хушқадам Мардов, Бадахшон Зарифбеков, Бандишо Назокатов, Сулаймон Пайшаев, Носиршо Тайғуншоев, Олуча Сайдиев, Имомназар Чупонов, Афзалшо Хуҷаазизов, Ҳукуматшо Бандишоев ва дигарон,  имрӯзҳо  низ барои  ҷавонон  намунаи  ибрат  буда,  ба  онҳо  дарси   мардонагиву   ҷасорат  ва  ахлоқу маърифат  меомӯзанд.

Худоёр Худоёров дар суханронии худ  дар бораи дастовардҳои   варзишгарон   дар  мусобиқаҳои  гуногуни   ҷумҳуриявӣ  ва  минтақавӣ,  бунёди  иншооти   варзишӣ, дастгирии  моддии  соҳа  ва  ғайра   изҳори назар намуда, дар  баробари  саҳмгузории   мақомоти  давлатӣ  ҷалби  соҳибкорону   хайрхоҳонро  низ  барои   равнақи   варзиш   зарур  донист.  Мавсуф таъкид  намуд,  ки  дар  ояндаи   наздик  бо  дарёфти   маблағгузории   дохилию берунӣ  дар  баробари  иқтисоду  саноат   ба  масоили  иҷтимоӣ -  фарҳангӣ,  аз  ҷумла ба  рушди  варзиш эътибори ҷиддӣ дода  мешавад .

Дар  назар аст, ки аз  ҳисоби   манбаъҳои  буҷети   дохилӣ   барои  бунёди   варзишгоҳи  марказии   ноҳия   ва   майдончаҳои   варзишии деҳот маблағҳои зарурӣ  ҷудо гардида,  ободонӣ дар ин самт   идома  меёбад. Масъулини мактаби   варзишии   бачагона  бояд   ба  таълиму  тарбия   ва  омода  намудани  варзишгарон,  ба мисли   марҳум Азалшо   Олимов -   нахустин  чемпиони  собиқ  ИҶШС  оид ба  самбо   ва  қаҳрамони  Осиё оид  ба  самбои  муҳорибавӣ Умед  Ҳасанбеков  таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то  ҷавонони  ҷисман  ва  руҳан  солимро  ба  воя  расонанд.

Аз  ҷониби раиси  ноҳия  ба   собиқадорон,  устодони   варзиш ва   ҷавонону  наврасони соҳибистеъдод, ки дар мусобиқаҳои   вилоятиву  ҷумҳуриявӣ    пирӯз  шудаанд, туҳфаҳои   хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим   гардид.

Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»