ВМКБ: нигине, ки онро таваҷҷуҳу дастгирии Эмомалӣ Раҳмон муҷалло намудааст

№136 (3282) 18.11.2014

Аснои сафари хизматӣ ба ин минтақаи дурдасту кӯҳистони кишвар муътақид гардидам, ки  воқеан ҳам  «дар Бадахшони куҳан бахти навин гул мекунад»

IMG_0244

Сафари ман ба «дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли тирамоҳ иттифоқ афтод. Аз Душанбе тариқи автомобил тасмими сафарро гирифтам.  Ҳамсафаронам, ки ҳама зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буданд, аз оғози сафар то итмоми он ба ман доир ба мавзӯъҳои гуногуни ба ин минтақа рабтдошта маълумоти мухтасар медоданд.

Дар фосилаҳои сукут сафинаи хаёл  маро ба гузаштаи на чандон дур мебурд. Манзури ман сафари аввалинам ба ин минтақа, ки аз он хотироти зиёде бароям боқӣ мондааст, мебошад. Чанд сол муқаддам, бо ибтикори дӯсти қадрдон, яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи роҳу нақлиёт Исмонқул Шоқулов ҳамроҳ бо собиқ муовини якуми Сарвазири кишвар, равоншод Асадулло Ғуломов  ба ин минтақа сафар доштам.  Ҳадафи сафар иштирок дар маросими мавриди истифода қарор  гирифтани роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаихумб  буд. Банда аз ҷумлаи нафароне маҳсуб меёбам, ки шоҳиди ба Гулдара табдил ёфтани  Девдара будам. Аслан ин иқдом табдили афсона ба воқеиятро шабеҳ аст, ки бояд аз  ҷониби аҳли зиё таври доманадор ва дар такя ба далелу арқоми мавҷуда ба риштаи тасвир ва таҳлил кашида шавад.  Эътироф бояд кард, ки ифтитоҳ гардидани роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаихумб яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи вилоят дар замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки ба шарофати ин иқдом рафтуомади мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла робитаи байналмилалии автомобилӣ тавассути қаламрави вилоят дар ҳама фаслҳои сол таъмин гардид. То имрӯз сохтмони марҳилаи якум ва дуюми роҳи мошингарди Шоҳон — Зиғар бомуваффақият анҷом ёфта, татбиқи марҳилаи сеюми он ба масофаи 19 километр бо сарфи 104 миллион сомонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Инчунин таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод- Қалъаихумб ба маблағи умумии 460 миллион сомонӣ ва асосноксозии лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Лаби Ҷар — Тавилдара — Қалъаихумб давом дорад.

Амалӣ гардидани ин ҳадафи стратегӣ ба рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ таъсири зиёд дошта, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад.

Имрӯз, вақте аз ҳудуди навоҳии Ванҷу Дарвоз мегузарӣ, бори дигар муътақид мегардӣ, ки воқеан ҳам таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди ин минтақа афзун асту мунтазам рӯ ба густариш. Барои хулосабарорӣ ва муқоиса дар ин макон «Амрикои навро кушодан шарт нест». Ба гуфти шодравон Асадулло Ғуломов: «танҳо мебояд, ки ба он сӯи соҳил назар афканем».

Шаҳри Хоруғро зебову озода ва комилан амн дарёфтам. Дар чеҳраҳои яко яки сокинони вилоят рӯҳбаландиву  хушнудӣ баръало буд. Зимни суҳбат бо  муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси  ВМКБ  Шодихон Ҷамшед, муовини якуми раиси вилоят Амрихудо Дамдоров, муовини раиси вилоят Қиматгул Алибердиева, раиси шаҳри Хоруғ Фаромуз Имомбердиев, раисони навоҳии Шуғнон Азиз Гиёев, Ишкошим Зикрихудо Самадов, Роштқалъа Юсуф Султонноёбов, сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қиличбек Қиличбеков  ва даҳҳо нафари дигар  ба хулоса омадам, ки  бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят марҳилаи бунёдкориҳо сол то сол вусъат ёфта, ба таъбири шодравон Ширин Бунёд: «Дар Бадахшони куҳан бахти навин гул мекунад». Лаҳзаҳои хотирмону мутаассиркунандаи сафар хеле зиёд буданд. Хоса, суханони раиси вилоят Шодихони Ҷамшед аз ҳамон қабиланд:

- Дар вилоят ҳамагон интизори ташрифи Роҳбари мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буданд. Табиист, ки барои дар сатҳи хуб пешвоз гирифтани Роҳбари хирадманду дурандеши худ мо як силсила омодагиҳо, аз ҷумла бо ҷалби кӯдакону наврасон доштем. Вале Президенти кишвар зимни мулоқоташон бо соҳибкорон ва сармоягузорон иброз доштанд, ки  соли оянда ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар хоҳанд кард. Баъд аз шунидани ин тасмим кулли сокинони вилоят, ки муштоқи дидори Сарвари хирадсолорашон ҳастанд, малӯл шуданд. Хоса наврасон, ки барои пешвози Президенти мамлакат омодагии ҷиддӣ доштанд,  ғамгин гашта, ҳатто  ашк мерехтанд,- иброз дошт раиси вилоят.

Шояд ин навиштаҳои бандаро «баъзе» ба ном «коршиносони мустақил» чандон ҷиддӣ қабул накунанд. Вале воқеият чунин аст ва онро наметавон инкор ва таҳриф кард. Бояд мадди назар дошт, ки ба дидори нафаре муштоқ мешаванду ӯро интизорӣ мекашанд, ки самимона дӯсташ медоранд. Пас бидуни шакку шубҳа ва тамаллуқу муболиға метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҷузъи ҷудонопазири  мамлакат маҳсуб меёбад, ҳамагон дӯст медоранду заҳматашро баҳри ободии ин минтақаи дурдасту кӯҳистон арҷгузорӣ менамоянд. Бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ба як гӯшаи зебову пешрафта табдил додани вилоят асри XXI асри рушду тараққиёти Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишвар, дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон  гардидааст. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо мақсади иҷрои корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва инкишофи бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии он дар даврони истиқлолият тавассути ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷетӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ садҳо миллион сомонӣ сарф шуда, қисми зиёди ин маблағҳо ба соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои сохтмону ободонӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо ва дастгирии буҷети вилоят равона гардидааст.  Бамаврид медонам ин ҷо чанд  рақамро, ки тақвиятбахши суханони банда маҳсуб меёбанд, орам. Барои мисол, тибқи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» татбиқи 121 лоиҳаи сармоягузорӣ бо харҷи беш аз сеюним миллиард сомонӣ ҷараён дорад.  Агар дар давоми солҳои истиқлолият даромадҳои дохилии буҷети вилоят 151 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети вилоят ва пардохти нафақа беш аз 830 миллион сомонӣ субвенсия равона гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо соли гузашта ҷиҳати дастгирии буҷети вилоят дар ҳаҷми 72 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо шудааст, ки он 80 фоизи хароҷоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ташкил медиҳад. Дар ин раванд танҳо дар давоми соли 2012 сохтмону азнавсозии беш аз 200 иншооти хурду бузург бо арзиши умумии 380 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст. Соли 2013 низ корҳои бунёдкориву ободонӣ дар вилоят вусъати тоза гирифта, илова ба оғози корҳо дар як қатор иншооти нав сохтмон ва 185 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 440 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ  гардиданд.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоид барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, воридоти техникаву технологияҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ Минтақаи озоди иқтисодӣ дар ноҳияи Ишкошим таъсис дода шуд. Соли гузашта дар шаҳри Хоруғ санги асоси бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ гузошта шуд, ки сохтмони бинои мазкур бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида мешавад. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки соли 2010-ум дар вилоят ҳамагӣ 32 корхона ва сехҳои хурди саноатӣ фаъолият доштанд. Дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду соли минбаъда, яъне то соли 2012 теъдоди онҳо ба 45 адад расонида шуд. Шоҳиди бевоситаи он гардидам, ки дар натиҷаи азму талошҳои Давлату Ҳукумати кишвар имрӯз аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои вилоят пурра бо неруи барқ таъмин мебошанд. То имрӯз доир ба беҳдошти вазъи таъминот бо барқ ва сарфаи он якчанд барнома амалӣ гардидааст, ки лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои электронӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур танҳо дар шаҳри Хоруғ қариб 13 ҳазор ҳисобкунакҳои электронӣ насб карда шудаанд, ки ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва муназзами шабакаҳои барқӣ мусоидат мекунанд. Ғайр аз ин,  ҳамасола бо мақсади дастгирии  оилаҳои камбизоати вилоят ҷиҳати пардохти истифодаи қувваи барқ миллионҳо  сомонӣ кумак расонида шудааст. Умуман, дар замони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  зиёда аз 50 неругоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода супорида шудааст ва ҳоло бунёди   якчанд неругоҳи барқи обии хурд идома дорад.

Дар доираи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ қариб 12 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Инчунин дар асоси барномаҳои Ҳукумати кишвар давоми солҳои 2006-2012 дар миқёси вилоят беш аз ҳазор гектар замин аз худ карда шудааст, ки ин иқдом низ, бешубҳа, ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Масъулин дар раванди суҳбатҳо аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки  давоми солҳои истиқлолият дар натиҷаи тадбирҳои амаликардаи Ҳукумати кишвар заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимии вилоят хеле мустаҳкам гардида,  139 мактаб бунёду азнавсозӣ ва мактабҳои дар хонаҳои шахсиву вагонҳо фаъолиятдошта ба биноҳои нави замонавӣ бароварда шуданд

Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати инкишофи имкониятҳои зеҳнии кӯдакон 20 муассисаи томактабӣ ва беш аз 100 маркази инкишофи кӯдакон фаъолият дорад. Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ» то имрӯз муассисаҳои таълимии вилоят бо 2270 адад компютер ва 400 адад принтер таъмин карда шудаанд, ки ин рақам 184 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Ин аст, ки сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят мунтазам баланд гардида, айни замон дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 69 фоиз баробар шудааст. Ҳоло, тибқи роҳхатҳои давлатӣ, беш аз 600 нафар ҷавонони вилоят дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустии вилоят низ таҳти таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат қарор дошта, соли ҷорӣ ҷиҳати фаъолияти босамари муассисаҳои тиббии вилоят   маблағҳои зиёд равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки бо дарназардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои осмонбӯс ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад. Сол то сол афзудани теъдоди сайёҳони хориҷӣ нишонаи возеҳи имкониятҳои васеи сайёҳии Бадахшон мебошад. Дар ҳақиқат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кӯҳҳои зебоманзар ва ҷойҳои таърихиву табиати нотакрори худ ҳамчун яке аз мавзеъҳои нодири сайёҳиву кӯҳнавардӣ, шикор ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Бо мақсади кашфу истихроҷ ва коркарду истифодаи маъданҳои кӯҳӣ ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи геология барои солҳои 2012-2020» қабул гардидааст. Дар доираи барномаи мазкур корҳои ҷустуҷӯйӣ ва арзёбии захираҳои зуҳуроти титан дар ноҳияи Мурғоб, мису ашёи хом барои алюминий дар ноҳияи Дарвоз, сангҳои ҷилодори ноҳияи Роштқалъа, иктишофи кони Барфӣ ва зуҳуроти флюорити ноҳияи Мурғоб, инчунин ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ноҳияи Ванҷ идома доранд.

Дар маҷмӯъ, зимни сафар  муътақид гардидам, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нигинест, ки онро маҳз таваҷҷуҳу дастгирии Эмомалӣ Раҳмон муҷалло намудааст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум». Душанбе-ВМКБ — Душанбе