Ӯ як инсони поквиҷдон ва масъулиятшинос буд

№ 21.02.2014

АкрамДаҳ сол пеш сардори шуъбаи вазъияти фавқулодда ва идораҳои махсуси Раёсати муҳофизати тартиботи ҷамъиятии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Васил Чӯпонов дар синни 53-солагӣ вафот кард. Марги бемаҳали корманди мақомоти милитсия роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле мутаассир ва ғамгин сохт, зеро полковник Васил Чӯпонов аз кормандони поквиҷдон, принсипнок, иҷрогар ва масъулиятшинос буд. Бар замми ин, дар ин синну сол, дар авҷи камолот, зимни хизмат ба Ватан ва халқ аз ҳаёт бармаҳал рафтан боиси афсӯс асту бас.

Васил дар фасли баҳор, чаҳор рӯз пеш аз иди Наврӯзи соли 1950, дар деҳаи зебоманзари Баррӯшони ноҳияи Рӯшон, дар оилаи Чӯпон Карамов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Он замон чун анъана тантанаҳои наврӯзии мардуми ВМКБ дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон мегузашт ва муаллими деҳа Чӯпонро он рӯз аввал бо таваллуди нахустфарзандаш, сонӣ бо фарорасии иди Наврӯз табрик карданд.

Тифли навзод аз рӯзҳои нахустини ба дунё омадан хушқадам баромад. Бобои Карам, яке аз човандозҳои шинохтаи Бадахшон,  дар аспдавонии наврӯзӣ пеш аз ҳама ба марра расида, соҳиби туҳфаи ҷашнӣ гардид. Васил дар асл ҳам  бо пою қадам баромад. Баъди ӯ дар хонаводаи Карамовҳо боз ҳафт фарзанд таваллуд ёфта, ба камол расиданд. Муаллим Чӯпон Карамов баъдҳо ба корҳои комсомолӣ ва ҳизбӣ гузашта, дар тарбияи насли наврас ва ободонии ноҳияи Рӯшон саҳм гузошт. Бахусус, фарзандони сазоворро тарбия намуда, соҳибҳунар кард.

Васил дар чунин муҳити хуб ба воя расид. Дар мактаби миёна бо баҳои хубу аъло мехонд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошт.

Махсусан ба варзиши сабук ва волейбол дилбастагии зиёд дошт. Дастаи волейболбозони мактаб, ки Васил Чӯпонов капитани онҳо буд, дар спартакиадаҳои ноҳия ва вилоят ҳамеша ҷойҳои намоёнро ишғол мекард. Ин сифатҳояш баъдҳо ҳам айёми таҳсил дар мактаби олӣ ва ҳам хизмат дар мақомоти милитсияи тоҷик лозим шуда монд.

Ӯ баъди хатми мактаби миёнаи №9-и маркази ноҳияи Рӯшон, солҳои 1968-1972, дар факултети навтаъсиси санъат дар гурӯҳи китобшинос ва китобдории Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко таҳсил кард. Ҳангоми донишҷӯйӣ низ хубу аъло хонда, дар корҳои ҷамъиятии институт фаъол буд. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва кордонияшро ба инобат гирифта, ӯро котиби ташкилоти комсомолии факултет интихоб карданд. Баробари кор дар байни ҷавонон ва хониши хубу аъло бар дӯшаш сексияи волейболбозони факултет низ гузошта шуд.

Яке аз шарикдарсҳои солҳои донишҷӯйиаш — муовини директори Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб –Хонаи китоб Ақдод Файзалиев айёми таҳсил дар институт ва шиносоӣ бо Васил Чӯпоновро ба хотир оварда, чунин мегӯяд:

- Бо Васил аз рӯзҳои аввали донишҷӯйӣ дӯсту бародар шудем ва ин пайвастагӣ то рӯзҳои вопасини умраш давом кард.

Ёд дорам, вақте ки мусобиқаи волейбол дар байни факултетҳо ё миёни мактабҳои олӣ давом мекард, ҳамаи донишҷӯён мухлиси бозии ӯ буданд, зеро Васил бо тӯби волейбол моҳирона бозӣ карда, бо як ҷаҳидан ба майдони ҳарифаш зарбаи сахт мезад. Мо бошем, чун мухлис ба ҳар як зарба ва ҳуҷуми ногаҳонияш қарсак мезадем.

Чун котиби ташкилоти комсомолии факултет серталаб ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буд. Хубу аъло мехондем, аз ин рӯ ҳар дуи мо 35 — сӯм стипендия мегирифтему дигар донишҷӯён 25 — сӯмӣ.

Бахшида ба 100-солагии зодрӯзи В.И.Ленин ректори институт, профессор Қандил Ҷӯраев ба ман чун котиби ташкилоти Иттифоқи касабаи факултет ва ба Васил Чӯпонов барои хониши аъло ва рафтори намунавӣ нишони сарисинагии «Аълочии хониш»-ро дар вазъияти тантанавӣ супорид. Он вақт ҳардуямон дар курси сеюми институт таҳсил мекардем.

Шоҳмотбозиро нағз медид. Дар вақтҳои фориғ аз дарс фақат ба бозии шоҳмот машғул мешудем. Баъдҳо ӯ барои кор ба мақомоти милитсия гузашт ва дар ин роҳ низ бо хизмати намунавияш то дараҷаи сардори шуъбаи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полковники милитсия расид…

Он солҳо расм шуда буд, ки донишҷӯёнро бо роҳхат ба шаҳру навоҳии дурдаст ба кори минбаъда мефиристониданд. Танҳо баъди се соли кор ва пешниҳоди маълумотнома маъмурияти институт ба дастпарваронаш дипломро месупурд. Васил Чӯпонов низ се сол дар ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) мудири  китобхона шуда кор кард. Баробари ташвиқу тарғиби китоб, командаи волейболбозонро низ ташкил карда, машқ медод. Қадду басти расои варзишиаш диққати кормандони сохторҳои қудратиро доимо ба худ ҷалб мекард. Ин буд, ки соли 1976 барои кори минбаъда ба мақомоти милитсия даъват шуд.

Полковник Васил Чӯпонов хизмати хешро дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз милитсионери қаторӣ оғоз намуд. Солҳои аввал ӯ корманди взводи дидбониву пайраҳадории ШКД-и ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе буд. Шабу рӯз тартибу оромии сокинони пойтахтро таъмин менамуд.

Ӯ дар ҳайати взводи дидбониву пайраҳадории ШКД-и ноҳияи Октябр кӯшиш мекард, ки касе тартиботи ҷамъиятии шаҳрвандонро, рӯзона ва бахусус шабона, халалдор насозад. Дар хизмат ҳам аз тарафи роҳбарият ба ӯ ҳамеша «Раҳматнома» эълон мешуд.

Батадриҷ, баъдҳо ӯро ба вазифаҳои ҷонишини Баталиони хадамоти дидбониву пайраҳадории Управленияи корҳои дохилии комиҷроияи шаҳри Душанбе ва саринспектори шуъбаи идораи махсуси ВКД РСС Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Васил Чӯпонов ҳамаи вазифаҳои дар наздаш гузоштаро уҳдабароёна иҷро мекард. Дар ин миён, дар вақтҳои муқарраршуда рутбаҳои навбатӣ гирифта, то дараҷаи полковникӣ расид.

Азбаски сол то сол талабот ба кормандони милитсия зиёд мешуд, Васил Чӯпонов зарур донист, ки дониши касбияшро боз ҳам сайқал диҳад.  Ӯ факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (солҳои 1980-1986) ғоибона хатм кард. Донишҳои андӯхтаи ҳуқуқияш тӯли солҳои хизмат дар милитсия ба ӯ чун обу ҳаво зарур шуданд. Ҳар гуна масъалаи ҳуқуқие, ки пеш меомад, чун ҳуқуқшинос аз пайи ҳалли он мешуд.

Васил Чӯпонов солҳои 2000-2003 вазифаи масъулиятнок-сардори шуъбаи вазъияти фавқулодда ва идораҳои махсуси Раёсати муҳофизати тартиботи ҷамъиятии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Тӯли хизмати наздик ба 30-солааш дар мақомоти корҳои дохилӣ бо медалҳои «Барои хизмати бенуқсон» дараҷаҳои III, II ва I, нишони «Аълочии милитсияи СССР» ва 65 маротиба аз тарафи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ ва хотиравӣ қадр гардидааст.

Албатта, оқибати ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 1992-1993 ба чунин кормандони поквиҷдон ва ҳалолкор таъсири худро расонид. Бар замми ин, соли 1997 духтари нозпарвараш Шаҳло дар синни 16-солагӣ ногаҳон вафот кард. Ин зарбаи дуввуме шуд ба дили бе ин ҳам ранҷураш. Як соли охир вай гирифтори бемории дил буд. Полковники милитсия Васил Чӯпонов 12 майи соли 2003 дар шаҳри Душанбе ногаҳон вафот кард. Дар як лаҳза назди хонаи истиқоматиаш пур аз наздикон ва ҳамкорон шуд. Дар қатори дигарон вазири вақти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Ҳумдин Шарифов ва сардори Раёсати муҳофизати тартиботи ҷамъиятии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Ҳабибулло Маҷидов ва дигарон омада буданд, то ҳамкорашонро ба роҳи охират гусел кунанд.

Инак, аз он айёми ногувор даҳ сол гузашт. Фарзандони кӯчакаш Салор ва Лайло ба камол расида, соҳиби фарзанд ва оилаи обод шуданд. Чун анъана, фарзандону наберагон дар рӯзи касбии милитсияи тоҷик дар хонаи падарӣ, ки модарашон Соро чароғи хонадонро равшан нигоҳ медорад, ҷамъ омада, рӯҳи падарро шод мегардонанд. Рӯҳе, ки ба биҳишти ҷовидонӣ пайвастааст.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»