Вохӯрӣ бо интихобкунандагон

№ 22.01.2024

Чанде пеш мулоқоти вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Гули сурх” №33, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо интихобкунандагони ҷамоатҳои деҳоти «Гули сурх» ва «Ниҷонӣ»доир гардид.

Адҳам Маъмурзода зимни суханронӣ доир ба самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, аз ҷумла ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ҳосили хуб аз заминҳои корам, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, омода намудани хонандагон ба озмуну мусобиқаҳои фаннӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан, пешгирӣ кардани таҳсилоти ғайрирасмии динии ҷавонону наврасон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаҳояшро баён карда, ба саволҳои  интихобкунандагон ҷавоб дод.

Комрони АСЛОН,

«Садои мардум»