Вохӯриҳо бахшида ба рӯзи парчам

№159 (3460) 24.11.2015

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва иштироки муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, шоир Лаълҷуба Мирзоҳасанов дар қисмҳои низомии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯрӣ гузаронданд.

Мулоқоти гурӯҳи корӣ асосан ба мавзӯи Ватан ва ватандорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти он, аз ҷумла Парчами давлатӣ бахшида шуд. Шоир Ато Мирхоҷа дар робита ба ин шеърҳои  навэҷодашро қироат намуд.

Зулфия Давлатзода доир ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, гуфт ки давлату миллати соҳибистиқлолро маҳз бо рамзҳои давлатиаш  мешиносанд, ки Парчам яке аз онҳост. Аз ин рӯ, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ барои мо муқаддас аст  ва мо бояд ҳамеша таҳти парафшонии он баҳри пойдории сулҳу субот, пешравии ҷомеа муттаҳид бошем.

Ш. ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»