Вохӯрии судманд бо сафир

№151 (3452) 09.11.2015

Раиси ВМБК Шодихон Ҷамшед Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатуло Фағониро, ки бо мақсади расонидани кумакҳои башардӯстона ба сокинони деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ба вилоят сафар намуда буд, ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо зимни суҳбат оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустию маориф ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят аз саҳми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пиёда намудани барномаҳои бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон, ба мисли бунёди нақби «Истиқлол», НБО — и «Сангтӯда», роҳи мошинагарди Кӯлоб — Зиғар -Дарвоз ёдовар шуда, баён дошт, ки мардумони кишварҳои мо муштаракоти зиёди фарҳангӣ доранд. Суҳбати имрӯзаи мо, ки бидуни тарҷумон сурат мегирад, аз ин шаҳодат медиҳад. Шодихон Ҷамшед ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва масъулини Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ барои дастгирӣ ва кумакҳояшон ба осебдидагони деҳаи Барсем миннатдорӣ баён намуда, аз ҳайати меҳмонон даъват намуд, ки минбаъд низ ҳамкории худро дар риштаҳои гуногуни иқтисоду фарҳанг густариш диҳанд. Раиси вилоят гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати сарватҳои табиӣ, аз ҷумла растанию обҳои шифобахш хеле бой аст ва дар ҳамин замина ташкил намудани корхонаҳои хурди муштарак ба мақсад мувофиқ аст. Ҳамчунин дар бахши сайёҳӣ низ ВМКБ имконоту захираҳои зиёд дорад. Инчунин ҳамкориҳоро метавон дар соҳаи кишоварзӣ низ ба роҳ монд.

Шодихон Ҷамшед аз ҳиҷрати неруҳои корию зеҳнии сокинони ВМКБ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуда, баён дошт, ки яке аз роҳҳои асосии ҷилавгирӣ аз ин ҷараён ташкил намудан ва ба кор андохтани корхонаҳои муштарак мебошад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар навбати худ гуфт, ки муддати як сол мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳастам ва ҳоло иттифоқ афтод ба ВМКБ сафар намоям. Ин диёр воқеан зебою диданӣ аст ва барои рушди туризм, бахусус туризми кӯҳнавардӣ, имконоти хуб дорад. Ногуфта намонад, ки як тими эронӣ соли гузашта қуллаи баландтарини Осиёи Марказӣ, яъне қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ намуд ва онҳо хоҳишманданд, ки ин фаъолиятҳояшонро минбаъд низ идома диҳанд.

Суҳбат дар фазои ҳусни тафоҳум гузашт.

 Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»