Дастовардҳои Истиқлолият

Як рӯз дар Ворух

№111 (3412) 19.08.2015

ё мустақилият ба деҳқонон чӣ дод?

Ворух деҳаи хушманзарест дар шаҳри бостонии Исфара, ки дар доманаи кӯҳҳои сарбафалаккашида ҷойгир шуда, аз шаҳр дар масофаи 45 километр дур қарор  ва зиёда аз 30 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

Назар ба қавли раиси  Ҷамоати деҳоти «Ворух» Насибиддин Нуриддинов Ворух аз мавзеъҳои қадимтарини шаҳри бостонии Исфара маҳсуб  меёбад, ки зикраш ҳатто дар китоби қадимаи мардуми ориёинажод «Авасто» рафтааст. Ҳанӯз соли 1929, баробари таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсалистии Тоҷикистон, Ворух ҳамчун Шӯрои деҳоти мустақил  таъсис ёфтааст.

Ёд дорам мо ду гурӯҳ донишҷӯёни курсҳои аввалу дувуми факултети филологияи Университети  давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ) моҳҳои июл ва августи соли 1972 дар мактаби миёнаи рақами 25-и деҳаи Чоркӯҳ дар таҷрибаомӯзии фолклориву лаҳҷашиносӣ қарор доштем ва тайи ин муддат бо мақсади ҷамъоварии маводҳо ҳамаи деҳоти «Чоркӯҳ» ва атрофи он, аз ҷумла Ворухро қадам ба қадам гашта будем. Таваҷҷуҳ мекунам, ки ин деҳот аз он замон то имрӯз хеле обод шудааст. Қатор –қатор биноҳои баландошёнаву муҳташами хизматрасонӣ, фарҳангиву тандурустӣ ва истиқоматӣ ба дидаҳо нур ва ба дилҳо  сурур мебахшанд.

- Дар замони шӯравӣ ҳам ободикориҳо буданд, вале бештарашон дар даврони Истиқлолият сохта шудаанд, — мегӯяд  Насибиддин Исломович.

Чун мақсади асосии огоҳӣ ёфтан аз вазъи боғдорӣ, барқароркунии боғҳои куҳна ва ташкил кардани боғҳои нав дар деҳот буд, мо сари ин масъала бо раиси ҷамоат гуфтугӯйи бештар доштем.

- Дар Ворух қариб ҳама хоҷагиҳо боғ доранд. Аз 1289,5 гектар майдони кишт, ки мутаассифона, ҳамааш замини обӣ дониста шудаанд, ҳамагӣ 295,71 гектараш замини корам ва 838,5 гектараш боғ аст. Дар деҳоти мо 2326  хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд мебошад. Заминҳои наздиҳавлигӣ 476 гектарро ташкил медиҳанд.

- Боғдорӣ барои мардуми мо ҳунари меросист,  вале бояд зикр кард, ки ташкили  боғҳои нав дар замони Истиқлолият  равнақи тоза гирифт. Ворухиҳо ба ҷуз бунёди боғҳои зиёди куҳнашудаву азбайнрафта  дар мавзеъҳои Зағирдон, Коҳдон, Ҷӯидам ва Меҳнатобод  боз дар мавзеъҳои Моҳпарӣ, Беди каҷ, Коҳдон, Зағирдон ва Муғокӣ ба масоҳати   зиёда аз 100 гектар боғи нав бунёд намуданд. Аз ин рӯ, ҳамасола тавассути соҳибкорони маҳаллӣ аз Ворух 250-300 тонна зардолуи хушк, 300-500 тонна ноку себ ба хориҷи мамлакат содир карда мешавад. Мо ҳоло аз як боғи тозабунёде дидан хоҳем кард, ки тавассути як пири кор, собиқадори маориф обод карда шудааст,- гуфт раиси ҷамоат ва  ба  мошина нишаста, моро ба самти шарқи Ворух роҳбаладӣ намуд.

Бояд гуфт, ки Ворух асосан ба ду қисм тақсим шудааст. Қисмати ғарбии он Майдон ва қисмати шарқӣ Тидон (Тиҳидон) ном дорад.

Мошини мо тақрибан ду километр роҳро тай карда, ба мавзее расид, ки Хушобод ном дошт. Дар саргаҳи як боғи ободу зебое моро пирамарди миёнақади лоғарандоми 80 — 82-сола гарм истиқбол кард.

- Ин мавзеъро мардум имрӯз Хушобод меноманд, вале дурусташ Хиштровут аст,- мегӯяд бо табассум мӯйсафед, ки Бадалхӯҷа Нуриддинов ном доштааст.

- Ин кас яке аз поягузорони соҳаи маориф мебошанд, ки зиёда аз 40 сол ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуда, даҳҳо шогирдонро тарбият намудаанд, — мӯйсафедро муаррифӣ кард раиси ҷамоат.

- Аз ин ҷо то маркази маҳаллаи Тидон тақрибан се километр роҳ аст. Хонаи устод дар Тидон қарор дорад. Фидокориро бинед, ки ин пири равшанзамир бист сол пеш, баъди ба нафақа баромадан ҳамин замини бекорхобидаи санглохро аз сангҳо тоза ва тахту ҳамвор карда, ҷӯй канда, пойгоҳи обкашӣ васл намуда, бо қубурҳо об оварда, ана ҳамин боғи зеборо бунёд кардаанд, ки 15-16 сол инҷониб ҳосил медиҳад. Тавре мебинед, дар ин майдон, ки 0, 80 гектарро ташкил медиҳад, зиёда аз 300 бех дарахтони боровар нашъунамо доранд,- мегӯяд Насибиддин Нуриддинов.

- Авлоду аҷдоди мо ҳама боғпарвар буданд,- ба сухан даромад Бобои Бадалхӯҷа. — Ёд дорам, ки қиблагоҳӣ ҳамроҳи модарам ба парвариши боғот ва киштукор машғул буданду молдорӣ ҳам мекарданд. Ба ҷуз он ки ҷувол-ҷувол маҳсулот хушк карда мешуду себу нокҳо ба фурӯш мерафт, боз падар ҳар сол садҳо бех ниҳолҳои парваришкардаи худро ба бозорҳои вилояти Фарғонаи давлати ҳамсоя мебароварданд.  Дар заминҳое, ки падарам кор мекарданд, тамоми навъи сабзавоту полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбузаро дидан мумкин буд.  Солҳои 60 — 70-уми асри гузашта дар байни мардум боғи мо бо номи «Боғи Нуриддинхӯҷа» машҳур гашта буд. Аз ин рӯ, мо низ пайрави падар ҳастем ба майдонҳои кишт ва сафедорҳои сарбафалаккашидаи атрофи боғ ишора карда мегӯяд ӯ ва ба суханонаш илова менамояд:

- Раҳмат, ҳазор раҳмат ба Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин шароитро барои мо — деҳқонон фароҳам овардааст. Рости гапро гӯям, дар Тоҷикистон ҳар деҳқоне, ки аз таҳти дил меҳнат мекунад, зиндагии хуб дорад. Ин кор ба шарофати заминҳои тақсимкардаи Президентамон ба даст омад. Он кас аввал 50 ҳазор гектар, баъдтар боз 25 ҳазор гектар заминро ба аҳолӣ тақсим карда доданд. Дар натиҷа, ҳар касе ки дар деҳа зиндагӣ мекард, соҳиби саҳм шуд.

- Ин ҷоро халқ Патар меномад. Дарёе, ки дар пешорӯ аст, Кишамбиш ном дорад. Заминҳои Ворух аз шохобҳои дарёи Исфара, ки яке ҳамин Кишамбиш ва дигарӣ Каравшин номида мешаванд, обёрӣ мегарданд. Ин номҳоро бинед, Кишамбиш ва Каравшин. Чӣ номҳои зебои суғдист,- аз гуфтаи худ завқ мекунад Насибиддин. — Мо ҳозир аз болои ҳамин Кишамбиш гузашта, ба мавзеи Лор дохил мешавем.

- Дар Ворух мисли Бадалхӯҷа Нуриддинов боғдорони номӣ хеле бисёранд. Дар ин радиф метавон номҳои Абдуқаҳҳор Раҳимов, Рафохӯҷа Раҳимов, Абдуфаёз Болтақулов, Сафархӯҷа Сангинов, Файзуллобек Мукаррамовро номбар кард. Мо ҳоло боғи Файзуллобек Мукаррамовро тамошо мекунем,- гуфт Насибиддин Нуриддинов ва мошини мо кӯпрукеро гузашта, вориди маҳаллаи дигар шуд.

- Ин маҳалла Сари Қурум ном дорад. Файзуллобек дар мавзеи Муғокӣ боғи куҳнаеро барқарор карда, дар поёни он майдони зиёди бекорхобидаеро ба гулистони ҳақиқӣ мубаддал сохтааст. Ба ғайр аз ин, дар мавзеи Моҳпарии шаҳр дар даҳ гектар замини санглох боғи олиҷанобе бунёд кардааст. Ӯ аслан иқтисодшинос аст. Чандин сол ба сифати сарвари яке аз муассисаҳои калонтарини сохтмонии шаҳр «СУ-29» кор кардааст. Зиёда аз даҳ сол дар Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ машғул буд. Ба шарофати дастгириҳои ӯ даҳҳо ҷавонони Ворухӣ дар Федератсияи Россия ба қавле «қомати худро рост карданд»,- мегӯяд Насибиддин.

-Файзуллобекро ман ҳам хуб мешиносам. Ӯ дар солҳои шӯравӣ зиёда аз даҳ сол вазифаи сарварии Идораи  молияи ноҳияи Мастчоҳро ба уҳда дошт. Марди донишманду соҳибмаърифат, кордону меҳмоннавоз аст. Ба хонаи ӯ мардони бузургу шинохтаи миллат, мисли Ҷӯрабек Муродов, Ҷумъабой Сангинов, Субҳонидин Ашӯров, Муллошоҳ Давлатов, Саидшоҳи Акрамзод, Муродбек Насриддинов, Қурбон Содиқов, Усто Пиров меҳмон мешаванд, — дар тақвияти суханони раиси ҷамоат илова мекунад, ҳамсуҳбати дигари мо, нависанда Мирзо Шукурзода.

Мошини мо дар назди ҳавлии ободе қарор гирифт. Шояд соҳиби ҳавлиро пештар таъкид кардаанд, ки аз дарвозаи мунаққашу зебое марди зиёинамои чеҳрахандон берун шуду моро оғӯш кушода, истиқбол кард ва мо вориди ҳавлии муназзаму сарсабзе гаштем.

-Мутаассифона, имсол зардолуҳоро хунук зад, вале нашъунамои дарахтони  дигар хуб аст,-мегӯяд ба мо соҳиби хона.

Дар зери дарахтони боровар ҷӯяк кашида, помидору бодиринг  ва намудҳои гуногуни сабзавот кишта, онҳоро бо ҳавсала ба хавозачаҳо бардоштаанд.

Боғи асосии Файзуллобек дар поён ҷойгир будааст. Мо тавассути даричае аз ҳавлӣ берун шудему бо зинаҳо ба поён фаромадем. Тақрибан як осиёб об бо садои ба худ хос ба поён ҷорӣ шуда, замини боғро ба ду қисми баробар тақсим мекард.

-Боғи куҳна бар асари беобӣ хушк шуда буд. Мо аз дарё ба масофаи як километр ҷӯй кашида, об овардем. Ана ин ҳама дарахтоне, ки мебинед, тақрибан бистсолаанд,- ба сафедорони бузургҷусса ишора карда мегӯяд Файзуллобек. — Баъдан, заминҳои бекорхобидаи қисмати поёни боғро ҳам обод кардем. Дар ин ҷо ба ҷуз дарахтони мевадор боз теъдоди зиёди гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабзу сояафкан низ парвариш меёбанд.

Хоҳ кишти зироат бошад, хоҳ боғу роғ, аз кас меҳнат металабад. Дар вақташ нигоҳубин кунед,  обу ғизо диҳед, меҳнататон бор меоварад. Беҳуда заминро ба модар ташбеҳ намедиҳанд, замин неъматест, ки касро ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад,- идома медиҳад Файзуллобек Мукаррамов…

Офтоб оҳиста-оҳиста ғуруб мекард ва шом фаро мерасид. Мо тӯли як рӯз бо боғдорону зироаткорон, аҳли зиёву маърифати  деҳоти зебоманзари Ворух мулоқоти зиёд доштем.

Имрӯз дар ин маскани мардони ободкор 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як литсей фаъолият дорад, ки дар онҳо 379 нафар омӯзгорон ба 5635 нафар хонандагон таълиму тарбия медиҳанд.

Деҳот як хонаи фарҳанг бо 630 ҷойи нишаст, ду китобхона бо дороии 8912 адад китоб, як беморхона иборат аз 50 кат, ду маркази саломатӣ ва 48 нафар духтур дорад.

- Албатта, дар рӯзгори ворухиён камбудиву норасоиҳо низ ҷой доранд,  вале ин ҳама камбудиҳо муваққатӣ ва ислоҳшавандаанд. Муҳимаш ин  аст, ки ворухиҳо ба фардои дурахшони кишвар боварӣ доранд ва ин боварӣ онҳоро ба муваффақиятҳои аз ин ҳам зиёдтар мерасонад,- мегӯяд бо итминон раиси Ҷамоати деҳоти «Ворух» Насибиддин Нуриддинов.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»