Фоҷиаи дар деҳаҳои Бедаку Ҳалқарфи деҳоти «Навдӣ» — и ноҳияи Рашт рухдода бори дигар исбот менамояд, ки халқи тоҷик дар ҳама давру замон худро чун миллати башардӯст ва ғамхору раҳмдил нишон додааст. Дар рӯзҳои мусибат ҳамеша ба ҷониби мусибатзадагон дасти мадад дароз менамояд ва дар доираи имконот ёрии беғаразона мерасонад.
Ҳанӯз рӯзи аввали баъди рух додани фалокат аз ноҳияҳои ҳамсоя одамони касбу корашон гуногун ба деҳаҳои фалокатзада омада, ба сокинони ин деҳаҳо изҳори ҳамдардӣ менамуданд. Аз ҳама пеш раисони ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод ва Ҷиргатол омаданд ва баъди тасаллият изҳор карданд, ки сокинони навоҳие, ки онҳо сарварӣ менамоянд, омодаанд ба мусибатзадагон дасти мадад дароз намоянд.
Рӯзи дигар аз ноҳияи Ҷиргатол бо сарварии раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, аз шаҳри Ваҳдат бо сарварии муовини якуми раиси шаҳр С. Холов, аз ноҳияи Нуробод бо сарварии муовини якуми раиси ноҳия Давлатзода Мирзоумар, аз ноҳияи Тоҷикобод бо сарварии муовини якуми раиси ноҳия И. Музаффаров намояндагон омаданд ва дар баробари изҳори тасаллият ҳамроҳи худ корвони хайрия оварданд. Корвонҳои ба ноҳияи Рашт воридгардида аз маводи ғизоӣ, сару либос, кӯрпаю кӯрпача, палосу қолӣ ва асбобу анҷоми рӯзгор иборат буд.
Ҳамчунин дар ин рӯз ташкилотҳои ҷамъиятии «Азал» ва «Ҳилоли Аҳмар» ба мусибатзадагон кумаки хайрия расониданд.
-Мо дар ин рӯзҳои барои сокинони ноҳияамон душвор ба ҳамаи онҳое, ки ба мусибатзадагон дасти мадад дароз менамоянд, изҳори миннатдорӣ мекунем, -гуфт дар суҳбат муовини раиси ноҳия Ғайниддин Манонов. — Ин дастгириҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми ноҳияи Рашт танҳо нестанд ва якҷо бо мардуми шарифи кишвар мушкилотро аз байн мебарем ва барои зарардидагон шароитро барои зиндагии шоиста таъмин менамоем.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»