Заҳмати кормандони коммуналиро бояд қадр кард

№ 18.06.2016

Дар ноҳияи Шаҳринав корҳои ободониву созандагӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Кормандони корхонаву ташкилот, муассисаҳои тиббиву таълимӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар рӯзҳои истироҳат ҳашар ташкил намуда, кӯчаву хиёбон, роҳравҳои назди муассисаҳо, даромадгоҳи маркази ноҳия, гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ ва маъмуриро тозаву озода менамоянд.

Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав имсол маъракаи кабудизоркунию ободониро бомуваффақият анҷом дод. Имрӯз шаҳраки навбунёди Шаҳринав, боғи марказӣ, хиёбон ва кӯчаҳои ноҳия хеле зебо ва гулпӯш гардидааст.

Дар даромадгоҳи ноҳия, атрофи биноҳои маъмуриву истиқоматӣ ва роҳҳои пиёдагарди ду тарафи роҳи мошингард гулҳои ҳархелаи ороишӣ шинонида шудааст, ки ҳамаи ин маҳсули заҳмати кормандони шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории ноҳия мебошад.

Бригадаи махсуси навбатдории корхона ҳар субҳ ду тарафи роҳи марказӣ ва ҷӯйҳои обгузарро аз партов тоза мекунанд. Вале, мутаассифона, аксар вақт дар ин мавзеъҳо партов ба назар мерасад.

Ба гуфтаи роҳбари корхона Раҷабалӣ Норов чунин ҳолат аз беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии баъзе шаҳрвандон ва раисони маҳаллаву кӯчаҳо ба амал меояд, чунки сокинони маҳаллаҳои маркази ноҳия аз рӯи реҷаи муайянгардидаи интиқоли партов амал намекунанд.

Ҳамчунин корхона дар тавозуни худ чор адад техникаи гуногун дорад, ки барои обёрии гулгаштҳои ду тарафи роҳи марказӣ ва шоҳроҳи дар минтақаи Шаҳринавбудаи Душанбе-Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон ва кашондани партовҳо аз кӯчаҳои маркази ноҳия истифода мешаванд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»