Шарҳи ҳуқуқӣ

Заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

№67 (3368) 12.05.2015

Дар ҷаҳони сармоядорӣ ва қонунҳои иқтисоди бозорӣ асоси рушди иқтисодиётро сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, қабл аз ҳама, дар самти фаъолияти иқтисодиёти истеҳсолӣ ташкил медиҳад. Сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ падидаи санҷидашуда ва собитшудаест, ки қарнҳо инҷониб ба инсоният хизмат менамояд. Падидаи мазкур вобаста ба шароит ва талаботи замон дар ҳар ҷомеа шаклҳо ва навъҳои гуногун, омилҳо ва унсурҳои асосии рушди худро дорост.

Яке аз омилҳои муҳиме, ки ба фазои сармоягузорӣ таъсир мерасонад, ин низоми амалкунандаи қонунгузории миллӣ мебошад, ки тартиби ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ ва мураттабсозии принсипу усулҳои муносибатҳои байниҳамдигарии сармоягузорон ва мақомоти давлатиро аз як тараф ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ ва субъектҳои хоҷагидорро аз ҷониби дигар муайян менамояд.

Заминаҳои умумӣ — ҳуқуқии фаъолияти сармоягузориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои зерқонунии амалкунанда, ки ҳудуди муносибатҳои ҳуқуқиро баррасӣ менамояд, дар бар мегирад. Фаъолияти сармоягузорӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, кодексҳо, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва ё шахсони мансабдори ваколатдори давлатӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Аз назари қувваи ҳуқуқӣ ва авлавияти танзими муносибатҳои иқтисодӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сармоягузорӣ ба намудҳои зерин ҷудо мегардад:

1. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил дода, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият бошад ва ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад.

2. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст

Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 25 давлат созишномаҳо оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва бо 18 давлат созишномаҳо оид ба ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо ба тасвиб расидааст, ки мақсади асосии онҳо ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи ин давлатҳо ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Яке аз қадамҳое, ки барои беҳтар шудани  фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуд, ин ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражии хориҷӣ (ё худ Конвенсияи Ню-Йорк) мебошад.

3. Кодексҳо

Кодекси гражданӣ заминаи ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии шаҳрвандонро танзим намуда, ба ҳар инсон имкон фароҳам меорад, ки ба соҳибкорӣ машғул шуда, ба ҷалби сармоя дар фаъолияти инфиродии иқтисодӣ тавассути шартномаҳои шаҳрвандӣ фаъолияти молиявии худро инкишоф диҳад.

Самтҳои муайяни фаъолияти сармоягузорӣ дар кодексҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд. Аз ҷумла дар Кодекси андоз муносибатҳои байни давлат ва сармоягузорон вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андоз, имтиёзҳои андозбандӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот, имтиёзҳо аз намудҳои алоҳидаи андоз ҳангоми фаъолияти муайяни сармоягузорӣ ва ғайраҳо ба танзим дароварда шудааст.

Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои давлат ва сармоягузоронро вобаста ба фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла дар мавриди интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, муқаррар намудан ва татбиқи низоми гумрукӣ, пардохтҳои гумрукӣ, инчунин имтиёзҳои пешниҳодшударо дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти сармоягузорӣ танзим менамояд. Ҳамзамон дар қисме аз кодексҳо фаъолияти сармоягузорон оид ба истифодаи замин, ҷангал, муносибатҳои меҳнатӣ ва будубош ба танзим дароварда мешаванд.

4. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунии алоҳидае амал мекунанд, ки хусусияти умумӣ дошта, муқаррароти умумии танзими ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорони дохилӣ ва хориҷиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ, дар баробари дигар субъектҳои хоҷагидор ва ё дар соҳа ва ё серсоҳаи алоҳидаи иқтисодиёт, муайян менамояд. Дар ин қонунгузориҳо бобҳо ва ё бандҳои алоҳида фаъолияти сармоягузорони хориҷиро ба танзим медароранд.

Ба чунин санадҳои қонунгузорӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ, «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи таърихи қарз» ва ғайраҳо шомил мебошанд.

Дар баробари ин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Дар бораи консессияҳо», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» махсус ва ё асосан барои танзими фазои ҳуқуқии фаъолият, шакли ташкилӣ ва ҳуқуқии сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар аксари давлатҳои мутараққии ҷаҳон фаъолияти сармоягузорони дохилию хориҷӣ тавассути як қонун бо роҳи пешниҳод намудани ҳуқуқу имтиёзҳои баробар ба танзим дароварда мешавад. Бо дарназардошти ин омил, соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» қабул гардид, ки асоси қонунгузории Тоҷикистонро дар самти сармоягузорӣ ба танзим медарорад. Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба сармоягузорӣ, асосҳои ҳуқуқӣ — иқтисодии фаъолгардонӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии одилона, баробар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорони дохиливу хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Мақсад аз қабули қонуни мазкур, ҷалби ҳар чӣ зиёдтари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо роҳи пешниҳод намудани кафолатҳои давлатӣ, имтиёзҳои махсус ба сармоягузорони хориҷӣ буд.

5. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар рушди фаъолияти сармоягузорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шакли фармон ба тасвиб расонида мешаванд, мақоми махсус доранд. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар доираи он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти ҷалби сармоягузориҳо муайян гардид, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2008 № 496 «Дар бораи эълон намудани моратория ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2009 № 633 «Дар бораи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ нақши муҳим бозид.

Дар доираи «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2007 №356  дар ҷумҳурӣ институти нав — Шӯрои машваратии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд. Мақсади асосии Шӯро таҳия ва омода намудани пешниҳоду тавсияҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ роҷеъ ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар доираи рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ мебошад. Ташкил гардидани намояндагии минтақавии Шӯро дар назди раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба беҳтар гаштани фазои сармоягузорӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Вобаста ба фаъолияти сармоягузорӣ инчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2013-2015», «Дар бораи тасдиқи Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба ҷалб ва ҳимояи сармоягузориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо қабул карда шудаанд.

6. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ

Фаъолияти сармоягузорӣ инчунин бо санадҳои зерқонунӣ, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоқикистон ба қайд гирифта шуда, характери умумиҳатмӣ доранд (дар вазоратҳо дар шакли фармоиш, дар кумитаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар шакли қарор), ба танзим дароварда мешаванд.

Аз рӯи хусусияти танзими ҳуқуқии муносибатҳои сармоягузорон қонунгузории соҳаи сармоягузорӣ ба намудҳои зерин ҷудо мегардад:

-санадҳои маъмурӣ — ҳуқуқӣ ва молиявӣ — ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор ба тасвиб расидаанд;

-санадҳои шаҳрвандӣ — ҳуқуқӣ (шартномаҳо ва қарордодҳои сармоягузорӣ, шартномаҳои кафолатӣ, шартномаҳо дар бораи пешниҳоди ҳуқуқ нисбати моликияти давлатӣ, шартномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот ва ғайра), ки дар доираи чунин шартномаҳо ва қарордодҳо давлат дар шахсияти мақоми ваколатдор ва сармоягузорон ҳамчун ҷониби баробарҳуқуқ иштирок менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки аз нигоҳи коршиносон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», инчунин мураттабсозии қонунгузориҳои соҳаи сармоягузорӣ дар шакли Кодекси сармоягузорӣ ба миён омадааст.

Бо дарназардошти аҳамияти махсуси сармоягузориҳо дар рушди бемайлони кишварамон, минбаъд низ санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ вобаста ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукаммал гардонида хоҳанд шуд.

Абдулғаффор РАҲМОНЗОДА, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ