Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон 4601 хоҷагии деҳқонӣ дар се моҳи аввали соли 2019 дар майдони 8 ҳазору 700 гектар кишти маҳсулоти кишоварзиро анҷом доданд, ки 94 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Нуриддин Азаматов — сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия иттилоъ дод, ки деҳқонон дар 11 662 га ғалладона (104,3 фоиз), 10 596 га гандум (105,6 фоиз), 0, 879 га ҷав (126,6 фоиз), 84 га ҷуворимакка барои дон (84,4 фоиз) кишт кардаанд. Кишти зироатҳои техникӣ 9622 га (91,1 фоиз), аз ҷумла, пахта — 8700 га (85 фоиз), офтобпараст — 22 га (100 фоиз), зағир — 4226 га (100 фоиз) ва маҳсар — 474 (100 фоиз) гектарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар майдони 806 га (80,8 фоиз) сабзавот кишт гардид.
Фаромӯз БОБОЕВ, рӯзноманигор