Зилзилаи Ҳоит. Бартарафсозии он Сталинро бетараф нагузошт

№83 (4033) 11.07.2019

ХОИТ (1)Тӯли зиёдтар аз сад соли охир дар водии Рашт шаш маротиба — солҳои 1898, 1934, 1939, 1941, 1949, 2007 зилзилаи сахт рух додааст.

Дар байни онҳо зилзилаи Ҳоит, ки 8-10 июли соли 1949 рух дод, дар ҳақиқат фоҷиаи бузург ба шумор  меравад.  Ларзаи яклаҳзаина ва даҳшатбори он на танҳо ба ноҳияи Ҳоит, балки ба ноҳияҳои Ғарм, Ҷиргатол (ҳоло Лахш) ва Қалъаи лаби об (Тоҷикобод) низ зарар расонд. Дар маҷмӯъ, 150 деҳа вайрон шуда, дар Ҳоит 55 деҳа тамоман ба хок яксон гардид. Зиёда аз 32 ҳазор нафар зери хок монданд.

Комиссияи ҳукуматӣ таҳти сарпарастии котиби дуюми ҲК Тоҷикистон Шилкин ба ҷои воқеа омад. Раиси Комиссарони халқи ИҶШС  И. В. Сталин ду маротиба барои воқиф шудан аз асари фоҷиа ва раванди бартараф сохтани оқибатҳои он бо Шилкин алоқаи телефонӣ намуд.

Нависандаи ҷангноманавис, шодравон Раҳмон Сафар гузоришоти комиссияи ҳукуматиро аз бойгонӣ пайдо карда буд, ки аз 13 саҳифаи чопи мошинка  иборат буда, он соатҳои пур аз даҳшат ба тариқи зайл рӯи коғаз омадаанд:

«Аз пагоҳӣ борон меборид, ҳаво ғуборолуд буд. Нохост як такони сахти амудӣ шуд ва ба назар чунин намуд, ки аз садҳо тӯпи дурзан мепаронанд. Одамон мувозинатро гум карда, ба замин меафтиданд, касоне, ки рӯи курсӣ менишастанд, чапагардон шуданд. Онҳо мекӯшиданд, ки хезанд, аммо наметавонистанд. Баъд заминларзаи сахти уфуқӣ ба миён омад. Одамон ин лаҳзаро чунин тасвир мекунанд: гӯё замин қолинест, ки онро аз зери пои онҳо ба ҳар тараф мекашанд…

ХОИТ (2)Дар як мижа задан кулли биноҳои Ҳоит ба замин яксон шуд, чанг ба фазо хест… Дар масофаи бист қадам чизеро дидан имкон надошт. Ҳама ҷо тираву тор шуд. Дар баробари заминларза ва «тирпарронӣ»-и беохир боз як садо пайдо шуд, гӯё, ки сангҳои бузург ба ҳам бармехӯрданд.

Бар асари зарбаҳои сахти таркишҳо ва ларзишҳо дарахтон мекафиданд, решагардон мешуданд, одамон ва ҳайвонот то 100 -150 метр ба ҳаво парида, баъд ба зери хок монданд.

Ҳамин тавр, райони Ҳоит – яке аз марказҳои вилояти Ғарм ҳамчун нуктаи ҷуғрофӣ дигар вуҷуд надошт. Ба болои он сангу хокоба рехт, ки баландии он аз 17 то 70 метр мерасад…»

Заминҷунбии беист, ки як моҳ давом кард, мардумро аз зиндагии оянда дар диёр дилхунук сохт.  Биноан, бо имзои Раиси Президиуми Шӯрои Олии СССР  К. Е. Ворошилов 25 августи соли 1949 ноҳияи Ҳоит барҳам дода шуда, муҳоҷирати  сокинони он ба Вахшонзамин оғоз ёфт.

Далелҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳоит яке аз қадимтарин туманҳои овозадору обод будааст.

Ёди он шаҳидони зилзила, меҳри диёри азиз аз лавҳи ҳоитиҳо зудуда намешавад. Муҳаббати зодгоҳи бобоӣ бархе аз онҳоро дубора ба меҳан овард. Қисме аз деҳаҳо дубора обод шуданд. Соли 1976 дар Ҳоит хоҷагии давлатии чорвопарварии «Ҳоит» ташкил шуд.

Соли 1983 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Ҷамоати деҳоти «Ҳоит» таъсис ёфт. Кони ангишти Назарайлоқ ба истифода дода шуд.

Айни ҳол дар Ҳоит 24 деҳа дубора эҳё гардида, дар онҳо беш аз 13 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дошта, ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, се мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, панҷ мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, китобхона ва дигар муассисаҳои давлатӣ фаъол мебошанд.

Соли 2003 дархости сокинони водии Ясман ба инобат гирифта шуд ва Ҷамоати деҳоти «Ясман» арзи вуҷуд кард.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт тасмим гирифтааст, ки бахшида ба 70- солагии  зилзилаи Ҳоит, ба хотири шод гардонидани рӯҳи қурбониёни  фоҷиа, дар маркази Ҷамоати деҳоти «Ҳоит» маъракаи ёдбудро то нимаи  моҳи августи соли равон  доир намояд. Ин нияти хайр аст, рӯҳи гузаштагонро шод хоҳад кард.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум».

Суратгир Сергей Симонов