Зимистон бо шароити хуб пушти сар мешавад

№117 (4700) 29.09.2023

maxresdefaultҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини фаъолияти бонизоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва зиндагии осудаи аҳолии мамлакат дар фаслҳои тирамоҳу зимис­тон ҳар сол қарори дахлдор қабул намуда, иҷрои онро таҳти назорати ҳамешагӣ дорад. Соли равон низ ин масъала аз мадди назар дур намондааст.

Зимистонгузаронӣ дар водии Рашт яке аз масоили муҳим мебошад. Пӯшида нест, ки дар ин ноҳия нисбат ба дигар манотиқи кишварамон зимистон тӯлонитар аст. Аз рафти омодагӣ дар ноҳияи Рашт маълум мешавад, ки барои сари вақт анҷом додани нақшаҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Бо мақсади таҳлил намудани вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ бо мудири бахши рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Хайриддин Хоҷаев суҳбате доштем.

- Мақомоти иҷроияи ­ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023 таҳти №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» як қатор корҳоро ба анҷом расониданд. Қарори раиси ноҳия аз 6-уми апрели соли 2023 таҳти № 172 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ба тасвиб расида, дар асоси он нақша — чорабиниҳо тасдиқ ва Ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст, — гуфт дар оғози суҳбат Х. Хоҷаев.

Талаботи солонаи аҳолии ноҳия бо маҳсулоти ғизоӣ — 20 ҳазору 977 тонна орд, равғани растанӣ — 2 ҳазору 377, картошка — 12 ҳазору 866, биринҷ — 2 ҳазору 98, шакар — 2 ҳазору 797, гӯшт — 5 ҳазору 34, маҳсулоти ширӣ — 16 ҳазору 83, сабзавот ва полезӣ — 23 ҳазору 215, меваҷот — 17 ҳазору 341, моҳӣ — 1 ҳазору 259, намак — 252 тонна ва 27 миллиону 131 ҳазор дона тухм мебошад.

Дар ноҳия аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани аҳолии ноҳия бо маҳсулоти ғизоӣ то 18-уми сентябри соли 2023-юм 250 тонна орд, шакар — 10, биринҷ — 5, равғани растанӣ — 25 ва 30 тонна сӯзишворӣ захира карда шудааст.

Дар муассисаҳои табобатӣ, таҳсилоти олӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳия барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 талабот ба захираи ангишт 2198 тонна, ҳезум — 1281 м3, орд — 42 тонна, равғани растанӣ — 5,5 , биринҷ — 7, шакар — 6,2, картошка — 27, сабзӣ — 6 ва пиёз 11 тонна ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз қисми зиёди ташкилоту муассисаҳо барои зимистонгузаронӣ маводи заруриро захира кардаанд, — иброз намуд номбурда.

Дар муассисаҳои роҳдории ноҳия 1040 м3 маводи зиддилағжиш ва 8 м3 ҳезум захира карда шуда, инчунин 13 техникаю механизмҳо барои таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 омода мебошанд.

Дар ҳудуди ноҳия Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» ба истихроҷи ангишт машғул буда, ба ҳолати 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳаҷми 24930 тонна ангишти хушсифат истихроҷ намуда, пешкаши аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия намудааст.

Аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои буҷетӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар ҳаҷми 2 миллиону 206 ҳазор сомонӣ барои хариди маводи сӯхт ва 1 миллиону 889 ҳазор сомонӣ барои таъмиру барқарорсозии биноҳо, ҷамъ 4 миллиону 95 ҳазор сомонӣ маблағҳо пешбинӣ шудааст.

Дар давраи гузаронидани санҷишҳои бехатарӣ аз сӯхтор оид ба роҳҳои даромад ва баромади нақлиёти оташнишонӣ, тартиби васлкунӣ ва гузаронидани ноқилҳои барқии ҷавобгӯ ба талаботи сохти дастгоҳи барқӣ, гузаронидани санҷишҳои шиддатнокӣ ва муқовимати ноқилҳои барқӣ, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани манбаъҳои обии оташнишонӣ, таъмини пурра бо асбобҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст.

Дар ҳашт моҳи соли 2023 кишоварзони ноҳия 2806 тонна гӯшт, картошка — 2893, мева — 831, шир — 7599 тонна ва 2 миллиону 863 ҳазор дона тухм истеҳсол намудаанд.

Дар ноҳия 14 анбор бо ғунҷоиши 14710 тонна барои захираи маҳсулотҳо ва тухмиҳо мавҷуд мебошад. Нақшаи захираи хӯроки чорво 93500 тоннаро ташкил медиҳад

Масъулин ва роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои фароҳам овардани шароитҳои хуб ба хотири таъмини зиндагии осудаи аҳолӣ то фаро расидани фасли сармо чораҳои саривақтӣ меандешанд. Итминони комил дорем, ки зимистони дарпешис­тода бо шароити хуб пушти сар мешавад, — гуфт дар анҷоми суҳбат Хайриддин Хоҷаев.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»