Зиндагӣ бидуни зӯроварӣ бояд шакл гирад

№176 (3477) 24.12.2015

Чанде пеш бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  С. Айнӣ  бо иштироки коршиносон, устодон ва доираи васеи донишҷӯён дар доираи маъракаи «16 рӯзи алайҳи хушунат» чорабинии маърифатӣ — равонӣ доир гардид. Ноиби ректори донишгоҳи мазкур  Раъно Бобокалонова  чорабиниро ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки масъалаи зӯроварии хонаводагӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ниҳоят мубрамест, ки дар ҳар чорабинии донишгоҳ мавриди баҳси донишҷӯён қарор мегирад. Сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сабоҳат Мамадалиева оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2023» суханронӣ намуда, гуфт, ки зӯроварӣ ба рӯҳияи равонии инсон таъсири манфӣ мерасонад ва ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа арзёбӣ мегардад. Пешгирӣ кардани он танҳо дар сурати ҳамраъйӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамқадам будани ҷомеа амалӣ карда мешавад.

Равоншинос, устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадулло Давлатов оид ба чор намуди зӯроварӣ — ҷисмонӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва шаҳвонӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки зӯроварӣ ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҷо дорад. Инчунин дар бораи зӯроварии маҷбурӣ (инсест) ба таври мухтасар маълумот дод. Донишҷӯён аз баргузории чунин як чорабинии муфид ва ҷолиб изҳори сипос намуда, ба саволҳои сершумори худ аз ҷониби коршиносон оид ба муносибатҳои оиладорӣ ва зӯроварии хонаводагӣ посух гирифтанд.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»